ДАР ӮЗБЕКИСТОН АНҶУМАНИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ОСИЁ БАРГУЗОР МЕШАВАД

Роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 78-уми Ассамблеяи Генералии СММ ба мақсади истифода бурдан аз салоҳияти бунёдкоронаи бонувон, барои таъмин кардани иштироки фаъолашон дар идораи давлат ва ҷамъият, пешбурди иқтисодиёт, ҳамчунин баҳри мубодилаи таҷриба бо ташаббуси соли 2024-ум дар Ӯзбекистон гузаронидани анҷумани занону духтарони Осиё баромад карда буд.

Анҷумани мазкур якҷо бо сохтори «СММ ва бонувон» 13-14 майи соли равон дар шаҳри Самарқанд гузаронида мешавад. 
Дар доираи анҷуман масъалаҳои иштироки занону духтарони минтақа дар соҳаҳои илм, таълим ва инноватсия, ҳамчунин истифода аз технологияҳои рақамӣ баррасӣ мегарданд. Дар он бо дарназардошти иқтисодиёти кунунии ҷаҳонӣ аз тариқи васеъ сохтани имкониятҳои иқтисодии бонувон ба масоили коҳиш додани нодорӣ, ҷалб намудани занон ба тадбиркорӣ, роҳбарӣ ва инноватсияҳо эътибор дода мешавад. 
Ба мақсади дар савияи баланд гузаронидани анҷуман дар Сенати Олий Маҷлис бобати гузаронидани Анҷумани занону духтарони Осиё Кумитаи ташкилӣ созмон дода шуд. 
Дар ҷамъомаде, ки бинобар тайёрӣ ба анҷуман баргузор гардид, таъкид шуд, давлатҳое, ки ба иқтисодиёти ҷаҳон саҳми аз ҳама бузург мегузоранд, айнан дар минтақаи Осиё ҷойгир мебошанд, комёбиҳо дар соҳаҳои таълим, нигаҳдории тандурустӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисодиёт ва бисёри дигар самтҳо низ дар дӯши онҳост. 
Раиси Сенат Танзила Норбоева изҳор дошт, ки масъалаи иштироки занону духтарон барои муваффақ шудан ба мақсадҳои устувори рушд дар анҷуман аҳамияти махсус касб менамояд. Зеро аз байн бурдани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ, барои занон баробар ва бехатар намудани ҷойҳои корӣ, аз байн бурдани  беэътиборӣ ба бонувон ва зӯроварӣ нисбати онҳо аз ҷумлаи масъалаҳои рӯзмарра маҳсуб мешаванд. 
Иҷрои амалии қарорҳои иҷлосияи 68-уми комиссияи оид ба вазъи занони СММ, васеъ намудани имконияти иқтисодии занону духтарон, мавқеи парлумон бобати рағбатноксозии иштироки онҳо дар тиҷорат ва ҷамъият, ҳамчунин нақши созмонҳои ғайриҳукуматии минтақа барои ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои бонувон низ баррасӣ гардиданд. 
Дар ҷамъомад ҷиҳатҳои ташкилии анҷумани бонуфуз, масъалаҳои рӯзнома, вохӯриҳои дуҷониба бо ҳайати кишварҳои хориҷӣ муҳокима гардиданд. Вазифаҳои зарурии идора ва ташкилоти зарурӣ муайян карда шуданд.

Норгул АБДУРАИМОВА, 
хабарнигори ӮзА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: