Мо омӯзгорон мисли ходимони соҳаҳои дигар ба ҳар як маҷлису машварате, ки бо иштироки Сарвари давлат сурат мегирад, бо диққат гӯш менамоем.
Ҳар як маърӯзаи ӯ касро ба ояндаи нек ҳидоят менамояд.
Хусусан, ҷамъомаде, ки 20 январи соли равон бахшида ба масъалаҳои рушди низоми таҳсили забонҳои хориҷӣ ва таълими касбӣ дар мактабҳо доир гардид, моро хеле мутаассир кард.
Низоми таълими ҳамагонӣ пойдевори рушди захираҳои ахбор буда, мактаб маскани асоси ташаккул додани дониш, ҷаҳонбинӣ ва асоси маънавияти ҷавонон мебошад.
Мактаб маконест, ки мардум илму дониш андӯхта, соҳиби фазилатҳои нек мешаванд. Аз ин рӯ, саҳми омӯзгор дар роҳи ба камол расондани шогирдони асиле, ки ба халқу Ватан хидмати арзанда мекунанд, хеле назаррас аст. Шогирдон донишҳои аз ин макони муқаддас гирифтаашонро барои равнақ ёфтани ҷамъият равона месозанд. Пинҳон нест, ки як андоза қадру манзалати омӯзгор коҳиш ёфта буд. Дар ҷомеа омӯзгор ба дастгириву ёрӣ эҳтиёҷ дошт.
Дар ҷумҳурӣ мувофиқи барномаи таҷдиди мактабҳо биноҳои зиёд таъмир гардиданд. Қисми зиёдашон аз сари нав бунёд ёфтанд.
Имрӯз вақти он расид, ки мавқеъ ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Даромади моҳонаи омӯзгор, ки нисбат ба ҳамкасбони худ дар кишварҳои Куриё, Ҷопон ва Олмон кам буд, ҳоло қариб баробар мешавад.
Ташкил намудани хидматҳои ҳуқуқӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, ки ба ҳимояи ҳуқуқи омӯзгорон равона карда мешавад, талаби давр аст. Баъди маърӯзаи Президент дар соҳаи мактабу маориф такони нав ба вуҷуд омад.
Гулгун АЗИЗОВА,
муаллимаи мактаби рақами 34-уми
ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё.