Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар чорабиниҳои маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Чин иштирок мекунад

Бинобар даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин 4-5 феврали соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавии маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIX зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Пекин ташриф меорад.

Пойтахти Чин бори аввал дар таърихи ҷаҳонии варзиш ба шаҳре табдил меёбад, ки мизбони ҳарду бозиҳои олимпӣ шудааст – дар соли 2008 Пекин низ мизбони Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ шуда буд.

Дар бозиҳои ҷорӣ, ки аз 4 то 20 феврал баргузор мешаванд, бо риояи қатъии чораҳои карантинӣ аз рӯи 15 намуди варзиш 109 маҷмӯи медалҳо бозӣ хоҳанд кард. Барои ин медалҳо беш аз 4 000 варзишгар аз беш аз 90 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон қувва меозмоянд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ 4 феврал дар Варзишгоҳи миллии "Лонаи парранда"-и Пекин бо иштироки сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳайатҳои вакилони расмӣ, роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор мешавад.

Мувофиқи барномаи сафар Президенти Ӯзбекистон як қатор мулоқотҳои дуҷониба низ баргузор хоҳад кард.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: