МАЙДОНҲОИ САБЗ ВАСЕЪ МЕГАРДАД

Имрӯзҳо дар тамоми мамлакатамон маъракаи ниҳолшинонӣ дар авҷ аст.

Имрӯзҳо дар тамоми мамлакатамон маъракаи ниҳолшинонӣ дар авҷ аст. Дар доираи лоиҳаи “Макони сабз” дар заминҳои бекорхобида ва дар канори роҳҳои калон ниҳоли дарахтони меванок ва манзаравӣ шинонда мешавад.
Ин ташаббуси Президенти давлатамонро намояндагони муассисаҳои таълимӣ низ пурра дастгирӣ мекунанд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳа дар мактаби рақами 331-уми ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт низ корҳои зиёд ба амал татбиқ мегарданд.
– Бо роҳбарии  директори мактаб ва омӯзгорон ҳар сол ин маъракаи бошукӯҳ дар мактаби мо ба вуқӯъ мепайвандад. Дар 1,2 гектар майдон беш аз 500 бех ниҳоли  бед, бодом, зардолу олуболу ва гелос шинонда шуд. Мо бо шинондани ниҳоли дарахтон ва гулҳо маҳдуд нагардида, дар навбати аввал парвариш ва системаи обёрии онҳоро бояд ташкил намоем, – мегӯяд корманди муассиса Нозима Ваҳҳобова.
Инчунин, ҳокими ноҳия Ҳаёт Инағомов дар мактаби мазкур бо рафти корҳои васеъ намудани майдонҳои сабз ва рушди минбаъдаи инфрасохтори канори роҳ шинос шуд. Ӯ аз маъсулони ноҳия хоҳиш кард, ки дар доираи лоиҳаи “Макони сабз” корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шаванд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: