ТАРТИБИ ГУЗОШТАНИ МАҲСУЛОТИ МАҲАЛЛӢ БА БИРЖА СОДА КАРДА МЕШАВАД

Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 17 май ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба масъалаҳои афзоиши ҳаҷми савдо дар биржаи молу ашё ва вусъат додани иштироки корхонаҳои маҳаллӣ дар он баргузор гардид.

Биржа пойгоҳи иқтисодиёти бозаргонӣ аст. Савдо дар биржа рақобати озодро ба вуҷуд оварда, бозорҳои навро барои соҳибкорон мекушояд, ба коҳиш ёфтани «иқтисодиёти соя» ва коррупсия мусоидат менамояд.
Дар натиҷаи ислоҳот табодули амвол дар бозори молу ашёи мамлакат дар се соли  охир ду маротиба афзуда, ба 90 триллион сӯм расид, ҳаҷми амволи фурӯхта 3 баробар зиёд гардид.
Ғайр аз ин дар мамлакатҳои хориҷӣ 20 майдони савдои Биржаи молу ашёи ҷумҳурӣ ба вуҷуд оварда шуда, аз тариқи онҳо дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ ба миқдори 170 миллион доллар маҳсулот ба фурӯш расид. Ҳамзамон беш аз 1,2 ҳазор ширкати хориҷӣ гузоштани ҳаҷми зиёди маҳсулотро ба Биржаи Ӯзбекистон оғоз намуд.
Дар гузашта дар савдо теъдоди зиёди миёнаравҳо иштирок кардаанд. Соли гузашта корхонаҳои калон барилова 8 триллион сӯм ба туфайли савдои шаффоф дар биржа даромад намуд.
Аммо ҳанӯз дар ташкили савдои биржа, васеъ намудани иштироки соҳибкорони маҳаллӣ камбудиҳо вуҷуд доранд.
Барои мисол, 85 фоизи савдои биржа ба ҳиссаи 45 намуди амволи кифояташ баланд рост меояд. Саҳми маҳсулоти бофандагӣ, шоҳӣ, чарм ва кабел, корхонаҳои вилоятҳои Сирдарё, Андиҷон ва Сурхондарё дар савдои биржа ҳанӯз кам аст.
Бинобар ин роҳбари давлат ба ногузирии фаъолсозии иштироки ноҳияҳо дар гузоштани маҳсулоти маҳаллӣ ба биржа ишора намуд.
Барои мисол, аз 1 июл гузоштани 500 ҳазор тонна ғалладона ба биржа оғоз меёбад. Дар ҷамъомад бобати ташкили ин ҷараён, сабти ном намудани фермерон ва боркашҳо, ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои онҳо супоришҳо дода шуд.
Аз он ҷумла, ҳангоми ба биржа гузоштани ғалладона аз фермерон гарав тақозо намегардад. Пардохти моли фурӯхташуда аз ҷониби биржа худи ҳамон рӯз ба амал оварда мешавад. Биржа барои сари вақт ва пурра ворид гардидани пардохт барои фермер замонат медиҳад.
– Ин барои вусъат додани иштироки ноҳияҳо дар биржа имконоти хуб аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Имрӯз беш аз 45 ҳазор корхонаи саноатии маҳаллӣ фақат 3,6 ҳазораш маҳсулоти худро дар биржа мегузорад. Ин албатта хеле кам аст.
Бинобар ин тартиби гузоштани маҳсулоти маҳаллӣ ба биржа сода гардонда мешавад.
Аз ҷумла, аз 1 июл дар биржа шуъбаи алоҳидаи амволи истиқболнок ташкил карда мешавад, ки дар он соҳибкорони маҳаллӣ маҳсулоти худро бидуни ҳуҷҷатҳои иловагӣ метавонанд ба фурӯш расонанд. Пас аз он молҳои харидоргир дар майдонҳои асосии савдои биржа ҷойгир карда мешаванд. Тартиби сабти номи соҳибкорон ҳамзамон бо сабти номи давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.
Боз як муносибии ин кор – ба ду баробар кам намудани комиссияҳои биржа барои маҳсулоти соҳибкорони маҳаллӣ мебошад. Зимни назорати андоз санҷиши иловагӣ дар бобати амволе, ки аз тариқи биржа аз ҷониби соҳибкорон фурӯхта ва ё харида мешаванд, баргузор намегардад.
Таъкид шуд, ки аз чунин имконот истифода намуда, гардишро дар биржа ду баробар афзудан мумкин аст. Аз ҷумла, ба захираҳои зиёд дар саноати кимё, нафту газ, металлургия, бофандагӣ ва хӯрокворӣ ишора гардид.
Ба афзоиши ҳаҷми савдои содироту воридот дар биржа эътибори алоҳида нигаронда шуд. Чораҳо доир ба сода намудани тартиби мазкур муайян гардиданд.
Дар ҷамъомад чандин вазифа доири мадад ба соҳибкороне, ки дар савдои биржа иштирок кардан мехоҳанд, инчунин ба тарбияи мутахассисон дар ин соҳа гузошта шуд. Роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳо дар бораи нақшаи вусъат додани савдои биржа гузориш доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: