Президенти Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Туркманистон меравад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати ҷониби Туркманистон 4 августи соли равон бо сафари корӣ ба шаҳри Ашқобод меравад.

Тибқи барнома мулоқотҳои сатҳи баланд ва ширкат дар нишасти сеҷонибаи Президентҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.

Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ баррасӣ мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: