ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО – БА НАФЪИ ҲАМА

Дар Тошканд таҳти раёсати Ӯзбекистон Анҷумани роҳбарони воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудии кишварҳои узви СҲШ баргузор шуд.

– Иштироки шумо дар чорабинии имрӯза далели равшани азми устуворатон ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои стратегии бисёрҷанбаи кишварҳои узви СҲШ мебошад, – изҳор намуд ноиби Нахуствазир — вазири инвеститсия ва тиҷорати берунаи Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев.
Ҳаҷми маблағгузориҳое, ки аз мамлакатҳои созмон ба мамлакати мо ҷалб карда шудаанд, 4,6 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки бештар аз нисфи ҳаҷми умумии сармоягузории ба Ӯзбекистон ҷалбшуда мебошад. Ҳамаи ин аз мавҷудияти манфиати азими тарафайн барои барпо намудани шарикии тиҷорати муштарак шаҳодат медиҳад.
Маълум шуд, ки дар шаҳри Самарқанд дар чаҳорчӯби СҲШ платформаи амалӣ намудани лоиҳаи минтақаи саноатии “Ӯзбекистон– СҲШ” ташкил карда мешавад. Таъсиси Маркази рушди лоиҳаҳои сармоягузории СҲШ дар қаламрави минтақаи саноатӣ хеле муҳим аст. Вазифаи асосии он сафарбар намудани иқтидори саноатӣ, инфрасохторӣ, ашёи хом ва имкониятҳои инсонии кишварҳои узви созмон тавассути татбиқи ташаббусҳои муштараки лоиҳавӣ мебошад.
Ба сифати самти дуюм  фаъолсозии ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини хӯрокворӣ ва кишоварзӣ барномарезӣ шудааст. Дар ин замина комплекси агросаноатии тараққикарда яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти озуқавории кишварҳои СҲШ, инчунин таҳкими мавқеи созмон дар бозори ҷаҳонии кишоварзӣ мебошад.
– Самти сеюм туризм аст. Мо дорои имкониятҳои васеъ дар бобати тавсеаи ҳамкориҳо оид ба туризм мебошем. Дар ҳар як кишвари созмон ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ, табиӣ ва меъморӣ мавҷуданд. Мо метавонем туризми экологӣ, саломатӣ ва зиёратиро фаъолона инкишоф диҳем. Дар ин замина маҳз минтақаҳо бояд нақши пешбаранда дошта бошанд ва барои шаҳрвандон шароитҳои замонавӣ пешниҳод кунанд, ки ҷолибу назаррабо мебошанд, – гуфт Ҷ. Хоҷаев.
Намояндаи Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода афзалияти соҳаи амниятро дар фаъолияти СҲШ барои кишвараш ва соири кишварҳои дигар хеле муҳим арзёбӣ кард. Вай илова намуд, ки  дар Тоҷикистон инчунин ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СҲШ аҳамияти махсус медиҳад.
Баъд ҷаласаҳои пленарӣ таҳти унвони “Дурнамои рушди тиҷорати байниминтақавии кишварҳои узви СҲШ» барпо шуданд.
Дар бизнес-форум, ки бо иштироки роҳбарону намояндагони воҳидҳои маъмурӣ – ҳудудии кишварҳои узви СҲШ сурат гирифт, ҳамкориҳои намояндагони доираҳои соҳибкории кишварҳои узви СҲШ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар доираи чорабиниҳои Тошканд намоишгоҳи корхонаҳои вилояти Челябински Русия ба кор cap кард. Ин намоишгоҳ то моҳи ноябри соли равон давом хоҳад кард.
– Вилояти Челябинск бо Ӯзбекистон муносибатҳои тӯлониро барқарор намудааст. Ӯзбекистон яке аз муҳимтарин шарикони стратегӣ барои мо боқӣ мемонад. Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо мо тасмим гирифтем, ки ин намоишгоҳро ифтитоҳ кунем, – иброз дошт губернатори ин вилоят Алексей Текслер.
Вай боз тазаккур дод, ки умедвор аст чунин формати корҳову чорабиниҳо дар таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи субъектҳо хеле мусоидат мекунад.
Ногуфта намонад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 вилояти Челябинск дар байни тамоми минтақаҳои Русия аз рӯи ҳаҷми содирот ба Ӯзбекистон пас аз Маскав дар ҷои дуюм қарор дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: