Дасторхони солинавӣ:

ОН ЧӢ ГУНА БОЯД БОШАД

Маълум аст, ки Соли навро ҳар як оила дар гирди дасторхони пурнозу неъмат бо хурсандӣ пешвоз мегирад. Баъзеҳо хӯроки одатии худро фаромӯш карда, аз меъёр зиёд тановул мекунанд ва ин ҳолат ба вайроншавии фаъолияти меъда сабаб мегардад. Агар шахс идро бо кайфияти хуш пешвоз гирифтан хоҳад, бояд ба қоидаи тановул риоя кунад. 
Баъд аз истеъмоли хӯрок ва гузарондани тантанаҳои идона рӯй додани ҳодисаҳои нохушро бисёр мушоҳида кардаем.
Биёед, ба дасторхони солинавӣ андак дигаргунӣ дохил кунем. Салатҳои меваҳои экзотикӣ ва ситрус, қайлаҳои аз сабзавот ва гӯшти парранда, ки ҳазми онҳо сабук аст, дасторхони идонаи моро ғарибона нишон намедиҳанд. Ба ҷойи нӯшокиҳои газдор шарбатҳои табииро интихоб кунед. Ҳастанд шахсоне, ки тамоми рӯз хӯрок нахӯрда, худро ба таомҳои идона ё меҳмонравӣ омода мекунанд ва якбора бо иштиҳои қозгир ба дастархон руҷӯъ мекунанд. Чун одат пагоҳӣ ва нисфирӯзӣ таоми тезҳазмшавандаро истеъмол кунед.
Табиист, ки барои дасторхони солинавӣ ҳама лаган-лаган хӯриш, дег-дег таом, коса-коса ғизоҳои дигарро тайёр мекунанд. Аз ҳад зиёд ширинӣ ва торт харид мекунанд. Оқибат, то ки хӯрокиҳо исроф нашаванд, онҳоро паси ҳам истеъмол мекунанд.
Биёед, ба чунин исрофкорӣ роҳ надиҳем. Агар мувофиқи таоми якрӯза маҳсулот харид кунем, ҳам меъда ва ҳам ҳамён зарар намебинад. Истеъмоли хӯроки зиёди якрӯза ба саломатӣ зарари зиёд мерасонад.
Пеш аз ба меҳмонӣ рафтан, ягон хӯрдании тезҳазмро бояд истеъмол кард, ба монанди панир, творог, ҷурғот, сабзавот ё меваи мухталиф.
Ҳастанд шахсоне, ки худро идора карда наметавонанд ва аз ҳад зиёд хӯрок мехӯранд. Дар натиҷа дар онҳо дард ва дам шудани шикам, беҳузуршавии дил, сафро ва дарунравӣ зоҳир мегардад. Дар ин ҳолат зуд ба шифокор муроҷиат карда, истеъмоли хӯрокҳои парҳезӣ – шӯрбои беравғани сабзавотдор, нони хушк ва оби бегазро тавсия медиҳем.
Хӯрданро аз таомҳои сабзавотдор  ва салат бояд оғоз намуд. Чунки дар таркиби сабзавот ва мева озуқа ва об бисёр буда, ба ҳазми таом кӯмак мерасонанд.
Дар гирди дасторхон баъзеҳо аз машрубот худдорӣ карда наметавонанд. Фаромӯш набояд кард, ки сабабгори асосии вайроншавии меъда истеъмоли машрубот мебошад. Ҳангоми тановул худро аз ҳолати асабишавӣ нигоҳ доштан лозим аст. Истироҳат ва кайфияти хуб, хушҳолӣ, хушчақчақӣ ба ҳазми таом мусоидат мекунад. Агар пеш аз хӯрокхӯрӣ 1 истакон об нӯшед, ҳисси гуруснагӣ камтар мешавад, аз нозу неъмат саросема нашуда истеъмол мекунед. Агар ба ин ҳама риоя кунед, шуморо кайфияти идона тарк намекунад.

Хонзода АЛИЕВА,
шифокори тоифаи олӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: