ҶОНВАРОН ҲАМ БА ЗИНДАГӢ ҲАҚ ДОРАНД

Бо фарорасии арӯси сол табиат тарки хоб мекунад.

 Сабзаҳо медаманд, рустаниву дарахтон гул мекунанд ва бор меоваранд. Гӯё дар рӯйи замин гилеми сабз густурда мешавад. Аз тамошои ин манзара натанҳо инсон ба ваҷд меояд, балки хазандаву ҷонварон низ ба тамошои ин манзараи дилфиреб мешитобанд. Ин эҳёи табиат дар деҳоти кӯҳистони Нурато ҳам хуб ба мушоҳида мерасад. Кӯҳистон пироҳани сабзи гулдор ба бар мекашад. Аз кӯҳу дараҳо садои форами хониши кабкон ба гӯш мерасад. Майли тамошои олами ҳайвоноти деҳот боз ҳам ҷолибтар аст.  
Дар ин байн мор мавқеи хос дорад. Аз шунидани номаш қариб ҳамагон ба ҳарос меоянд. Зеро он заҳр дораду инсон ва ё ҳайвонҳои дигарро метавонад неш занад.
Дар рӯйи замин тақрибан 3400 намуди мор мавҷуд аст. Онҳо аз 10 сантиметр то 9 метр дарозӣ доранд. Дар деҳоти кӯҳистони Нурато 4-5 намуди мор ба мушоҳида мерасад. Гурза, боҳтур (дар забони маҳаллӣ ранҷид мегӯянд), кӯрмор, мори обӣ (гунҷишкхӯр ҳам мегӯянд) ва тирмор аз ҷумлаи морҳои кӯҳистони Нурато мебошанд.
Кӯрмор хазандаи безаҳр аст. Аз он ҳамчун воситаи табобат васеъ истифода мебаранд. Боҳтур бошад, намегазад. Ҷавонписарҳо онро ба даст гирифта, чун камар дар миён мебанданд. Боҳтур бо инсон зуд унс мегирад. Дарозии боҳтур то 1,5 метр мерасад. Ғизои боҳтур асосан муш, мор ва ҳашароти зараррасони кишоварзист.
Гурза мори заҳрдор ва хавфнок аст. Дарозии модинаи он то 1,3, наринааш то 1,7 метр мерасад, рангаш сурхтоб ё хокистарӣ буда, холҳои сиёҳ дорад, танаш ғафс, думаш кӯтоҳ, сараш калони секунҷа аст. Ғизои гурза мушу калламуш  ва паррандаву тухми онҳост, баъзан харгӯш ва дигар ҳайвонҳои хурдро низ мехӯрад.
Гурза ҳеҷ гоҳ худ аз худ ба одам неш намезанад. Ҳангоми таҳдиди хатар  зери буттаҳо, кафидагии шах, даруни сангтӯдаву лонаи ҷонварон панаҳ мебарад. Агар хатар пеш омад, садо бароварда аз мавҷудияти худ хабар медиҳад. Дар сурати ба он таҳдид ва ё зер кардан неш мезанад. Заҳри мори афъӣ барои одам марговар аст. Дар деҳоти кӯҳистони Нурато чунин ҳодисаҳо зиёд рух додаанд. Заҳри гурзаро дар тиббиёт васеъ истифода мебаранд. Аз он доруи «Випросал» тайёр мекунанд.
– Аз ин воқеа 40 сол гузаштааст. Дар боғ машғули кор будам, – мегӯяд Воҳиди  деҳқон. – Ӯрунбой Раҳимови ҳамсоя ҷеғ зад. Рафтам. Дар назди ҷӯйбор чун ҳайкал шах шуда буду дар даст каланд дошт. Бо даст ишора намуд. Нигоҳ кардам ва ду мори калони афъии ба ҳам печидаро дидам. Каландро аз дасти акаи Ӯрунбой гирифта, ба морҳо наздик шудам ва бо зарб ба морҳо каланд задам. Ду мор чорто шуд ва ҷунбон-ҷунбон ҷон доданд.
Ин саҳна то ҳол аз пеши назарам дур намешавад. Ҳар бор, ки ба боғ равам ҳатман он манзара пеши назарам падид меояд. Ба худ меандешам, шояд иштибоҳ кардам. Ба ҳар ҳол то ҳанӯз аз он кори худ хиҷил ҳастам. Зеро ҷонварон ҳам мавҷудоти табиатанд ва ба зиндагӣ кардан ҳақ доранд...
40-50 сол муқаддам табиати кӯҳистони Нурато дорои олами ғании ҳайвонот буд. Мегӯянд, ки дашти Қизилқум, ки дар самти шимолии кӯҳпоя воқеъ аст, аз оҳу пур буд. Замоне буд, ки дар як шабонарӯз то 50 сар оҳуро шикор мекарданд. Ҷавон будем, харсавор ба кӯҳ мерафтем. Аз зери буттаҳо хукҳои ёбоӣ фирор мекарданд. Дар ҳар сари қадам ба селаи кабкон дучор меомадем. Баъзан сари қуллаҳо ба бузҳои кӯҳӣ (ғурм) дучор меомадем. Имрӯз ин ҳама афсона аст. Ҳоло садои хониши кабк ҳам аз дури дурҳо ба гӯш мерасад.
Дӯстдорони табиат санаи 3 марти ҳар солро бо шодию хурсандӣ истиқбол мегиранд. Зеро ин сана ҳамчун Рӯзи байналхалқии табиати ёбоӣ ҷашн гирифта мешавад. Қарори таҷлили он 20 декабри соли 2013 дар ҷаласаи 68-и Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст.  Дар кишвари мо низ ба ҳифзи табиат эътибори зиёд дода мешавад. Ба нобуд нашудани ҳар як мавҷудоти табиат тамоми шаҳрвандон масъуланд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: