Дар ҳудуди вилояти Фарғона заминларза ба амал омад

Имрӯз, 1 март, соати 05:22 ба вақти маҳаллӣ дар Ӯзбекистон заминларза рух дод.

Маркази заминларза дар ноҳияи Қуваи вилояти Фарғона воқеъ будааст.

Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулода шиддати он 3,5 баллро ташкил додааст. Чуқурӣ 11 км. Масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу шарқӣ 257 км.

Қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон:

Нохияи Қува: 3 балл, 9 км;

Ноҳияи Марҳамат: 2 балл, 20 км;

Шаҳри Қувасой: 2 балл, 20 км;

Ноҳияи Тошлоқ: 2 балл, 23 км;

Ноҳияи Асака: 2 балл, 27 км;

Ноҳияи Шаҳрихон: 2 балл, 27 км;

Шаҳри Фарғона: 2 балл, 27 км.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: