Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Қазон омад, ки барномаи сафари расмӣ ба Федератсияи Русия аз он оғоз мешавад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Габдулло Тукай Сарвари давлатамонро муовини Раиси Ҳукумат – вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров ва Раиси Татористон Рустам Миннихонов пешвоз гирифтанд.
Тибқи барномаи сафар имрӯз дар Қазон як қатор чорабиниҳо баргузор мешаванд.
Фардо, 6 октябр дар Маскав мулоқотҳои сатҳи олӣ баргузор мешаванд, ки дар ҷараёни он раҳбарони ду кишвар масъалаҳои амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Русия ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башардӯстиро баррасӣ мекунанд.