«ОВОЗИ ТОҶИК»– 100 СОЛИ ПУРШАРАФ

ё худ ёди рӯзҳои гузашта дар партави «Бухорои Шариф» ва «Овози тоҷик»

Он чароғи маърифате, ки дар нимаи дуюми садаи ХIХ Аҳмади Дониш фурӯзон  карда буд, ба дасти Айнӣ гузашта то нимаи аввали асри ХХ, раҳнамои мунавварфикрону ислоҳотҷӯёни навхоҳ (ҷадидон) шуд, ба таъсиси адабиёти маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна, ба пойдор мондани забони қавми тоҷик дар Мовароуннаҳр мусоидат кард, «Овози тоҷики камбағал»-ро ба майдон овард, роҳи ташаккули журналистикаи тоҷикро равшанӣ бахшид.  
Рӯзномаи марказии тоҷикони Ӯзбекистон – «Овози тоҷик» соли 2024 садсола шуд. Ин ҷамоаи эҷодӣ ва дигар нашрияҳои тоҷикии кишвар  ҳар сол 25-уми августро чун санаи таърихӣ, ки он рӯз шумораи аввалинаш ба табъ расидааст, таҷлил менамоянд. Зеро «Овози тоҷик» фаротар аз номи як рӯзнома буда, моҳиятан порае аз таърихи кишвари мост. Ҳамзамон ба ин, чун оинаи таърих ифодакунандаи дӯстии беҳамтои халқҳои тоҷик ва ӯзбек буда, алҳол нафақат аз ҳастии миллат дар Ӯзбекистон, балки аз нашъунамои забон, адабиёт, умуман фарҳанги тоҷикон дар сарзамини «Ӯзбекистони Нав» худнамоӣ мекунад, то ки муштариёнаш ҳамқадам ва ҳамнафаси замон бошанд.   
Чуноне ки академик Муҳаммадҷон Шакурӣ фармудааст: «Мардуми тоҷик, дар айёми мо, ба худшиносии тозае мерасанд ва ё бояд бирасанд. Зиёда зарур аст, худшиносии миллии навбунёде сурат бигирад, ки дар асоси шинохти таърихӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ ва мазҳабӣ, дар асоси муҳимтарин хусусиятҳои миллии худ моҳияти марҳилаи имрӯзаи таърих амиқан дарк шавад, ҳадафҳои миллӣ ва роҳи расидан ба онҳо дуруст таъин гардад. Як худшиносии пургустаришу амиқрави маънавӣ қобил аст, ки миллатро аз вартаи худгумкардагӣ берун кашида, ба шоҳроҳи ҳастии таърихӣ бароварад. Расидан ба худшиносии амиқи маънавиасос фармудаи таърих аст, ки тоҷикон бояд иҷро кунанд». 
Дар нимаи дуюми қарни нуздаҳ дар осмони тираю пурабри Бухоро ситораи нав падид омад. Ӯро ном Аҳмад Махдуми Дониш буд, ки Амир Музаффар ӯро ба дарбор дар вазифаи мунаҷҷим ба кор гирифта, аз камоли илму донишаш ба кору бори сиёсати аморат масъул сохт ва дар ҳайати сафорати Бухоро се бор озими Петербург сохт, ки  ҷаҳонбинии ӯро куллан тағйир дод.   
Устод Cадриддин Айнӣ, зимни хотираҳои худ дар бораи  Аҳмади Дониш (вафоташ соли 1889) навишта буданд, ки яке аз мухлисон ва пайравони афкори Аҳмад-махдум, Қозӣ Мирзо Муҳаммадшарифи Садр (Садри Зиё – қиблагоҳи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ) асари «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмадмахдумро китобат кунонда, тасҳеҳ ва муқобалаи онро аз рӯйи дастхат ба Айнӣ ва шарикдарси ӯ Абдулвоҳиди Мунзим пешниҳод мекунад.  Баъди мутолиаи дақиқи китоб Айнӣ сабабҳои чаро кофир ном гирифтани устоди худ Донишро, нуқсонҳои  таълиму тарбия дар мадорис ва дигар камбудиҳои муҳити ҳамонвақтаи Бухороро ба тарзи бояду шояд идрок карда гуфтаанд, ки баъди ин «дар фикри ман тағйирот пайдо шуд».
Ҳамин тавр, нигоҳи Айнӣ нисбати ҳамфикрони Аҳмади Дониш – Шарифмахдум, Исомахдум, Иноятмахдум, Яҳёхоҷа, Қорӣ Абдулмаҷиди Зуфунун, Мулло Шарифи Соат ва Мирзо Сомӣ наздик мешавад. Зеро инҳо ҳама ба авзои сиёсии Бухоро назари танқидӣ доштанд ва ба ин асос  ҷабру ситам медиданд. Чунончӣ, Исомахдум ва Иноятмахдум дар аҳди амир Музаффар иҷборан аз Бухоро гурехта ба Истанбул паноҳ ёфта бошанд, Яҳёхоҷа ва Қорӣ Абдулмаҷиди Зуфунун маҷбур шудаанд, ки худашонро ба девонагӣ зада, умр гузаронанд. 
Сиёсатмадорони аморат ҳама одамони рӯшанфикрро таҳқир карда, бад медиданд.  Аз рӯйи нақли  устод Айнӣ, иддае Аҳмад Махдумро дар бадӣ шогирди шайтон шуморад, қисми дигар ӯро дар некӣ ба дараҷаи фаришта мебаровард. Чунки Аҳмади Дониш асарҳое навиштааст, ки барои маорифпарварон ба сифати чароғи илму маърифат хидмат мекард. Ва ин раванди тафаккур ба аҳли дарбор, ки аксарияти онҳо мутаассибу ҷоҳил буданд, ҳаргиз намефорид.
Аҳли дарбор Аҳмади Донишро ба хубӣ мешинохтанд, аз хушнавис будани вай, аз таърихшиносӣ, мунаҷҷим будани ӯ, аз ашъори ӯ бохабар буданд. Лекин баъди бозгашт аз сафарҳои Петербург нигоҳи Аҳмади Дониш тағйир ёфта, дар аввалин сафи тарғибгарони «мактаби ҷадид» (амсоли макотиби Русия) қарор мегирад. Чунин навгароӣ ба он овард, ки минбаъд аз дарбор дур шуда, ҳатто вазифаҳои мударрисию қозигиро ҳам рад карда буд. 
Тарҷумаи ҳолаш гувоҳ аст, ки Аҳмади Дониш тақрибан 25 соли охирҳои умри худро дар бознишастагӣ, дар хонаи худ гузаронда, маоши худро бо касби китобат таъмин кардааст. Бар иловаи ин, ки мавсуф чун муаррихи ҳақгӯ шуҳрат дошт, хаттоти хушнавис, лаввоҳи бемисл, мусиқинавозу рассоми мониқалам, ҳакиму мунаҷҷими маъруфи замон, шеърҳояш шаҳрошӯб низ буд. Ба ин нисбат алоқамандони зиёде тез-тез  дар хонаи вай ҷамъ шуда, суҳбатҳои адабӣ-сиёсӣ  барпо мекарданд. 
Тавре ки муҳаққиқи соҳа профессор Зариф Раҷабов хулоса менамояд: «ин ҷамъомад ва суҳбатҳо дар Бухоро то як андоза ба ҳаракати маорифпарварӣ асос гардидаанд». 
Падид омадани мактабҳои ҷадидӣ, интишори нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф»-ро, агар гӯем, ки аз сафарҳои Аҳмади Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, домулло Икром (мулаққаб ба «Икромчаи ҳақгӯ»), Ивазмахдум ба кишварҳои хориҷа маншаъ мегирад, хато нахоҳем кард. 
Зеро тавассути тоҷирон рӯзномаю маҷаллаҳо низ вориди Бухоро мешуд, ки домулло Икром ва Ивазмахдум аз сафари Ҳиҷоз ҳатман китобу рӯзномаҳо бо худ меовардаанд. Бо ҳамин роҳҳо рӯзномаи «Тарҷумон», маҷаллаи «Ҷабл-ул-матин», китоби «Саёҳатномаи Иброҳимбек»-и Зайнулобидини Мароғаӣ (ваф.1910), ки ба танқиди тарзи идораи давлатӣ дар Эрон бахшида шудааст, аз даҳон ба даҳон гузашта, ғояҳои Аҳмади Донишро ҷоннок намудаанд. 
Дар натиҷаи ин «Тарбияи атфол» ном ташкилоте ба фаъолият медарояд, ки муассисаш аҳли ҷадидия буд. Ин ташкилот ба мақсади дар оянда баланд бардоштани савияи дониши мардум ҷавонони болаёқатро интихоб карда, ба мамлакатҳои Аврупо ба таҳсил мефиристод. Ба иқрори Айнӣ, ин ташкилот куллан аз ҳукумат махфӣ амал мекард ва ҷавонони боистеъдодро ёфта, худашон ҷиддан имтиҳон карда, ба хориҷа барои таҳсил роҳӣ мекарданд.
Абдурауф Фитрат ҳам бо кумак ва дастгирии ҳамин ташкилот махфиёна аз тариқи Эрон ба Истанбул рафта, баробари таҳсил, бо фаъолияти эҷодӣ низ бо дилу ҷон машғул шудааст. Асарҳои машҳури тоҷикии ӯ: «Мунозира», «Сайёҳи ҳинд», «Сайҳа» (маҷмӯаи шеърҳо), «Мусулмонони Дор-ур-роҳат» (тарҷумаи асари ҳамноми Исмоилбеки Ғаспиралӣ аз туркӣ) дар Туркия навишта шуда, бо роҳҳои мухталиф махфиёна ба Бухоро оваронида, онҳоро тавзеҳ кунонидаанд. Минҷумла, достони публитсистии Фитрат: «Мунозираи мударриси бухороӣ бо як нафар фарҳангӣ дар Ҳиндустон» дар бораи мактаби ҷадид, ки сараввал (с.1910) дар Истанбул нашр шудааст, тавассути Маҳмудхоҷаи Самарқандӣ ба русӣ тарҷума ва нашр гардид.
Албатта, то ба майдон омадани ҳаракати «Ҷавонбухориён» ҳам озодандешони  ислоҳотҷӯ, ба монанди Мирзо Муҳиддини тоҷиру Мирзо Сироҷи Ҳаким  ёфт мешуданд, ки баъди бозгашт ба ватан тарғибу ташвиқи маориф, илмомӯзии ҷавонон, ислоҳи ҷомеаро ба худ пеша карда, аз пайи дарёфти роҳи таъсиси матбуоти тоҷикӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Мирзо Сироҷ баъди ҷаҳонгардии чандинсола аз Швейтсария ба ватан бозгашт карда, бо усули аврупоӣ ба кори табобат мепардозад, баъдтар  шифохонаи замонавӣ барпо мекунад.
Назар ба қавли устод Айнӣ, Мирзо Сироҷи Ҳаким бар замми табобат «ба беморони ҷисмонӣ давоҳои рӯҳонӣ низ медод». Дар ҳақиқат, фаъолияти Мирзо Сироҷ ба ҷоннок шудани афкори омма таъсири файзбахш расонда, алалоқибат, нигоҳи мардум ба мактабу маориф, ислоҳи ҷомеа тағйир меёбад. Ва ногузирии  ислоҳи ҷомеа эҳсос мешавад, ки қадами аввал дар ин роҳ равона кардани ҷавонон ба мамлакатҳои хориҷа барои таҳсил буд.   
Фитрат дар Туркия бо Ҳамза ва Сӯфизода  шинос шуда, дар солҳои мусофираташ бо Айнӣ, Беҳбудӣ, Мунзим алоқаю мукотибаро наканда, баҳри таъсиси мактабҳои замонавӣ, матбуоти тоҷик саъй кардааст.
Дар санаи 11 марти соли 1912 интишор ёфтани «Бухорои шариф» аслан самараи заҳмату кӯшиши Мирзо Сироҷи Ҳаким ва Мирзо Муҳиддин аст. Агарчанде ки то рӯзи баста шуданаш (2.01.1913) ба нашри ҳамагӣ 153 шумора муваффақ шуда бошад ҳам, нусхаҳои он то ба қораи Ҳинду Арабистон ва Эрону Афғонистон расида, шуҳрати тоҷикони Тӯронро афзудааст. 
Як нуктаи қобили таваҷҷуҳ зимни нашрияи «Бухорои Шариф» ин аст, ки аҳли қалами ин нашрия бо назардошти эҳтиёҷи «ӯзбекзабон будани аҳолии баъзе қишлоқҳои атрофи Бухоро ва вилоятҳои он» (иқтибос аз китоби Айнӣ: «Таърихи инқилоби Бухоро», саҳ.106) дар машварат бо ҷавонон қарор қабул менамояд, ки дар идораи «Бухорои Шариф» ҳафтае ду бор нашри «Тӯрон» ном газета ба забони туркӣ ба роҳ монда шавад, ки чопи шумораи якумаш ба 14 июни соли 1912 рост омадааст. 
Бешак, интишори «Тӯрон»  –  замимаи «Бухорои Шариф» барои Айнӣ, Ҳамза,  Фитрат, Қодирӣ, Авлонӣ, Чӯлпон, Сӯфизода, Садри Зиё, Файзулло Хоҷаев, Муҳиддин Мансуров, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Мунзим (Абдулвоҳид Муҳиддинов), Қорӣ Йӯлдош Пӯлодов, ки баъзе аз онҳо дур аз Бухоро, ҳатто дар мамлакатҳои хориҷа мезистанд, боиси хушнудӣ шудааст. 
Минҷумла, Абдурауфи Фитрат ҳам  «Бухорои Шариф»-ро бо дилгармӣ истиқбол кардааст, ки шеъру достон ва ахбори илмиаш зеби саҳифаҳои «Бухорои Шариф» шуда, аз самароти кори эҷодиаш соҳиби маъруфият мешавад. Қобили қайд аст, ки Фитрат ҳамчун аввалин муҳаққиқи Навоӣ ва кашфкунандаи «Девони Фонӣ» эътироф шудааст. Баъдтар ӯро барои дарсгӯӣ ба Донишгоҳи давлатии Маскав даъват карда, бо унвони профессорӣ  (соли 1924) сарфарозаш кардаанд.
Аз ин руҷӯъ баргашта, асноди таърихии баста шудани нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» ва замимаи ӯзбекиаш «Тӯрон»-ро хотиррасон мекунем, ки дар саҳифаи 108-уми китоби мазкури Айнӣ ин тавр мӯҳри таърих гаштааст: «12 январи соли 1913 ба идораи «Бухорои Шариф» аз номи элчихонаи рус бо имзои Петроф ба ин мазмун як мактуб омад: «Бо хоҳиши ҷаноби олӣ, амири Бухоро, аз ҳамин рӯз эътиборан газетаҳои «Бухорои Шариф» ва «Тӯрон» аз нашр боздошта мешаванд».  
Устод Айнӣ таассуроти худро дар риштаи назм ин тавр изҳор кардаанд:
Эй тарҷумаи ҳоли дил, эй сафҳаи «Тӯрон»,
Ту маҳв шудӣ, монд ба дил доғи
 фаровон.

(Давом дорад).
Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти 
хидматнишондодаи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: