МАЪРУФТАРИН ПИРИ ОЛАМИ ИСЛОМ

Зиндагинома

Пири ҳафтуми силсилаи хоҷагон, сарвари зинаи дуюми тариқати хоҷагон-нақшбандия – Хоҷа Баҳоуддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Нақшбанд, ки бо номҳои «Хоҷаи бузург», «Баҳоуддини Балогардон», «Шоҳ Нақшбанд» машҳур буд, муҳаррами соли 718-и ҳиҷрии қамарӣ 1-уми марти соли 1318-и милодӣ дар деҳаи Қасри Ҳиндувони атрофи Бухоро дар оилаи ҳунарманд – бофанда ва нақшандози матоъ ба дунё омадааст. 
Дар баъзе манбаъҳо таъкид мешавад, ки насаби падарии Хоҷа Баҳоуддин ба пайғамбар (с.а.в.) мерасад ва шаҷараи аҷдоди ӯ ба тарзи зайл оварда шудааст: Баҳоуддин Нақшбанд ибни Сайид Муҳаммад Бухорӣ ибни Сайид Ҷалолуддин ибни Сайид Бурҳониддин ибни Сайид Абдуллоҳ ибни Сайид Зайнулобиддин ибни Сайид Қосим ибни Сайид Шаъбон ибни Сайид Бурҳониддин ибни Сайид Қилич ибни Сайид Маҳмуд ибни Сайид Булоқ (ё  Исҳоқ, Илоқ) ибни Сайид Тақӣ Сӯфии Хилватӣ ибни Сайид Фахриддин (ё  Муҳиддин) ибни Сайид Алӣ Акбар ибни Имом Ҳасан Асқарӣ ибни Имом Алӣ Тақӣ ибни Имом Муҳаммад Тақӣ ибни Мусо Ризо ибни Имом Мусо Козим ибни Имом Ҷаъфар Содиқ. Муаллифи «Туҳфат-уз-зойирин» менависад, ки модари Баҳоуддин аз авлоди халифаи якум Абубакри Сиддиқ будааст.
Тавре ки дар «Анис-ат-толибин» овардаанд, бобои падарии Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд Ҷалолуддин яке аз муридони вориди роҳи тасаввуф  мебошад, момояш яке аз занҳои тақводор ва илмдӯсти замони худ будааст. Падари Баҳоуддин, ки бо ҳунармандӣ машғул буд, як муддат дар қӯшуни ҳарбии ҳокими Мовароуннаҳр Баёнқулихон (ваф. 1358), ки аз қавми Чиғатой буд, хидмат кардааст ва дар пиронсолӣ ба тариқат даромада, шогирди писараш, ки ба мартабаи устодӣ расида буд, мегардад.
Чуноне ки баъзе аз муаллифони «Насоим-ул-муҳаббат» ва «Сафинат-ул-авлиё» таъкид мекунанд, Хоҷа Баҳоуддин, ба сабаби аз хурдсолӣ бо ҳамроҳии падараш бо нақшбандӣ машғул будан, лақаби «Нақшбанд»-ро гирифтааст. Бино ба маълумоти манбаъҳои давраҳои баъдина, дар натиҷаи пайваста бо зикри Аллоҳ машғул шудан, исми Аллоҳ ба дили ӯ нақш бастааст, барои ҳамин ба ӯ чунин лақабро додаанд. Яке аз бузургони тариқати мазкур дар ин хусус гуфтааст:
Эй бародар, дар тариқи нақшбанд,
Зикри Ҳақро дар дили худ 
нақш банд.
Ғайр аз ин, ба туфайли хидматҳояш дар роҳи дин ӯ унвони «Баҳоуддин»-ро гирифтааст.
Дар манбаъҳои тариқати хоҷагон-нақшбандия омадааст, ки баъзе пирони тариқат, аз ҷумла, Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ ва Сайид Амири Кулол ба дунё омадан, ба воя расидан ва ба яке аз шайхони бузурги тасаввуф табдил ёфтани Баҳоуддинро аз аввал башорат карда будаанд. Назар ба ин манбаъҳо Баҳоуддин ҳанӯз ба дунё наомада, пири силсилаи хоҷагон Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ ба мақсади бо муридони худ вохӯрдан чанд маротиба ба деҳаи Қасри Ҳиндувон омадааст. Ҳангоми яке аз ташрифи худ гуфтааст: «Аз хоки ин манзил (дар ояндаи наздик таваллуд мешавад) бӯйи шахси бузург меояд, ба қарибӣ Қасри Ҳиндувон ба Қасри Орифон табдил меёбад».
 Вақте Баҳоуддин кӯдаки серӯза буд, бобояш ӯро ба назди Бобои Самосӣ, ки ба қасри Ҳиндувон ташриф оварда буд, мебарад ва пири тариқати хоҷагон ӯро ба фарзандӣ қабул карда, башорат мекунад, ки ӯ дар оянда «пешвои замона» хоҳад шуд. Ҳамон вақт Бобои Самосӣ дар роҳи сайру сулук тарбия кардани Баҳоуддинро ба халифаи худ Сайид Амири Кулол месупорад.
Дар баробари ин, дертар дар интихоби роҳи тасаввуф муҳити оилаи ӯ, бахусус бобояш, ки Бобои Самосӣ ба ӯ муридӣ карда буд, мавқеи муҳим дорад. 
Шояд Баҳоуддин бо ҳамин саъю ҳаракати бобояш таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳ гирифта, дар ҳафтсолагӣ Қуръони каримро пурра ҳифз намудааст. 
Чунин ба назар мерасад, ки Баҳоуддин амалан пештар аз ворид шудан ба роҳи тасаввуф, омӯхтани ин илмро то синни ҳаждаҳ давом додааст, ё ҳадди аққал баъди ба синни ҳаждаҳ расидан, бевосита ба роҳи тасаввуф даромадааст. Тавре ки дар «Анис-ут-толибин» (саҳ.81-83), «Мақомоти Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд» (саҳ.24-25)  ёдрас менамоянд, вохӯрии якуми Баҳоуддин бо Бобои Самосӣ баъди кӯдаки серӯза (Баҳоуддин)-ро ба фарзандӣ қабул кардани ӯ, дар синни ҳаждаҳсолагӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Назар ба манбаъҳои мазкур, Баҳоуддини 18-сола пеш аз хонадоршавӣ бо роҳнамоии бобояш ба назди Бобои Самосӣ рафта, дар хонаи ӯ як шаб меҳмон шуда, аз ӯ ба тӯй сарусарвар шуданро дархост менамояд ва ҳамроҳ ба Қасри Орифон бармегардад. Худи Бобои Самосӣ ба хостгорӣ рафта, корро анҷом медиҳад. Дар ҳамин ҷо Баҳоуддин ба кароматҳои Бобои Самосӣ гувоҳ мешавад: Бобои Самосӣ аз ғайб дар масҷид шабона чӣ хел дуо хондан, дар роҳ бо чӣ  фикру хаёл банд будани Баҳоуддинро медонад. Ҳамаи ин дар дили Баҳоуддин шавқи тай намудани роҳи сайру сулукро пурзӯр мегардонад.
Пас аз вафоти Бобои Самосӣ Баҳоуддинро бобояш ба Самарқанд  мебарад, ӯ бо сӯфиёни он ҷо шинос шуда, аз суҳбати онҳо баҳраманд мегардад ва дуояшонро мегирад. Дар манбаъҳо гуфта мешавад, ки Баҳоуддин баъди аз Самарқанд ба Қасри Орифон баргаштан, кулоҳи тасаввуфии пири чоруми силсилаи хоҷагон Хоҷа Рометанӣ, ки бо тахаллуси «Хоҷаи Азизон» машҳур буд, ба дасти ӯ меафтад ва ҳолати ӯро тамоман дигаргун месозад. Дар хусуси он, ки кулоҳ аз ҷониби кӣ ба Баҳоуддин омада расидааст, чизе гуфта нашудааст. Боиси эътибор аст, ки баробари ба даст расидани кулоҳи табаррук, ки дар оянда аз пири силсилаи хоҷагон гардидани Баҳоуддин дарак медод, муршиди ояндаи ӯ Сайид Амири Кулол ҳам бино ба васияти Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ бо мақсади дар роҳи сайру сулук тарбия намудани ӯ ба Қасри Орифон ташриф меоварад.
Чунин ба назар мерасад, ки Баҳоуддини Нақшбанд ҳанӯз ҳангоми ворид шудан ба роҳи тасаввуф ба ислоҳ ва такмил додани тариқати хоҷагон ва ба пурра барқарор намудани тариқати хоҷагон, ки дар аҳди асосгузори тариқат Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ ба баъзе дигаргуниҳо дучор шуда буд, аҳд карда будааст. Зеро тавре ки манбаъҳо ёдрас менамоянд, Баҳоуддин аз як тараф аз рӯҳи Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ таълим гирифта, ба шогирди ҳамешагии ӯ табдил ёфта бошад, аз тарафи дигар аз шайхони тариқати яссавия низ таълим мегирад.
Тавре ки дар «Анис-ут-толибин» (саҳ. 88-90), «Нафаҳот-ул-унс» (саҳ. 390-391) ва «Насоим-ул-муҳаббат» (саҳ. 261-262) оварда шудааст, Баҳоуддин қабл аз он ки бевосита дар назди Сайид Амири Кулол ба гирифтани таълимоти тасаввуф оғоз намояд, дар хоб бо пири тариқати хоҷагон Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ, Хоҷа Муҳаммади Самосӣ ва рӯҳи дигар пирони тариқат вохӯрда, аз онҳо таълим мегирад. Бино ба қиссаҳои Баҳоуддин, ӯ айнан дар ҳамин хоб доир ба корбурди зикри хафӣ дастур мегирад ва Сайид Амири Кулол низ ба ӯ ҳамин навъи зикрро меомӯзад. Аз ин рӯ, ӯ дар фаъолияти худ зикри алонияро ба кор намебарад. Ба ҷуз ин, то ба охир муриди Сайид Амири Кулол мегардад ва дар ниҳояти кор аз худи ӯ ба иршод – тарбияи муридон ва роҳбарии тариқатро ба амал татбиқ намудан рухсат гирифта бошад ҳам, дар давраҳои гуногуни ҳаёт дар ҳузури машоихи турк – шайхони тариқати яссавия Халил Ота (асрҳои VIII-XIV) ва Қусам Шайх (асрҳои VIII-XIV), ҳамчунин, халифаи дигари Сайид Амири Кулол, шайхи тариқати хоҷагон Мавлоно Орифи Деггаронӣ (асрҳои VIII-XIV) низ таълим мегирад.
Дар манбаъҳо аз шайхони мазкур ба кадом усул пайгирона таълим гирифтани Баҳоуддин дақиқ оварда нашудааст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки вохӯрии Баҳоуддин бо Халил Ота хеле пештар, яъне қабл аз чанд муддат дар муршидии Сайид Амири Кулол будан, зинаҳои сайру сулукро пушти сар гузоштан, аз шайхони ба худаш муносиби хоҷагония ё яссавия барои таълим рухсат гирифтан, умуман, пеш аз таълим гирифтан дар ҳузури Сайид Амири Кулол ба вуқӯъ пайвастааст. Дар хоби ӯ рӯҳи шайхи тариқати яссавия Сулаймон Боқирғонӣ, мулаққаб бо Ҳаким Ота (1091-1186), ки хеле пештар кору фаъолият доштааст, ин вохӯриро башорат мекунад. Баъди башорат ӯ ба муддати дувоздаҳ сол дар хидмати вай буда, одоби хидмат ба подшоҳонро меомӯзад. Ҷолиб он аст, тавре ки манбаъҳо аз номи Баҳоуддин нақл менамоянд, ӯ бо номи Халил Султон дар Мовароуннаҳр шаш сол ҳукмронӣ кардааст. Баъзе тадқиқгарон дар манбаъҳои ирфонӣ тахмин мекунанд, ин шахс, ки бо номи Халил Ота ё Халил Султон дар Мовароуннаҳр солҳои 732 (1332) – 747 (1347) ҳукмронӣ кардааст, вакили улуси Чиғатой – Қазонхон ё Қазон Султон (вафоташ соли 747/1347) мебошад.
(Давом дорад).
Абдулғафур Раззоқи 
БУХОР
Ӣ,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони Институти шарқшиносии ба номи
Абурайҳони Берунӣ, доктори улуми таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: