ЖОЛА – МАҲБУБИ СЕ МАМЛАКАТ

Дар қисми шимолии Эрон озариҳо хеле зиёд, дар Озарбойҷон, айни замон, миқдори муайяни форсигӯйҳо ба сар мебаранд.

Шоираи номвар Жола Бадеъ, ки дар асл духтари Исфаҳон аст, бо шавҳараш Шамсиддин, ки афсари нерӯи ҳавоӣ буд, чанд сол дар Боку кору зиндагӣ кардааст. Вай аз хурдсолӣ бо туркӣ (озарӣ) то андозае балад буд. Аснои зиндагӣ дар Боку ин забонро ба пуррагӣ омӯхт. Дар факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Озарбойҷон хонд ва соҳиби маълумоти олӣ шуд (вай пештар дар зодгоҳаш коллеҷи англисиро хатм карда буд). Бо озарӣ шеърҳо навишт, аз ашъори суханварони он намунаҳо ба форсӣ тарҷума кард, дар муҳити адабии ин кишвар мавқеъ пайдо намуд. Боку барои шоираи шуҳратманди мо боз барои он азиз аст, ки ӯ ду фарзанди худ Бежан ва Меҳрдодро дар ин шаҳр ба дунё овард.
Жола (номи аслиаш Мастона) ҳанӯз аз ҳафтсолагӣ ба шеъргӯйӣ оғоз намуда буд. Соли 1944 аввалин дафтари шеърҳояш бо унвони «Гулҳои худрӯ» рӯи чоп дид. Нахустшеърҳои ӯ асосан лирикианд, лирикаи фалсафӣ, гражданӣ ва ишқӣ дар онҳо то андозае ҳамоҳанг.  
Вале воқеаҳои сиёсие, ки дар Эрон рӯй дод, водошт  Жола дар ҷавонӣ ҷилои ватан кунад. Навъе таъкид сохтем, чанд сол дар Озарбойҷон умр гузаронид. Дар Боку ду китобаш («Ёдгор» ва «Армуғон») аз чоп баромад.
Тақдир Жола ва хонадони ӯро ба Маскав пайваст. Шоираи хушбаён баробари шеъргӯйӣ ба тадқиқу таҳқиқи масъалаҳои шеъри муосири форсӣ пардохт, дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов низ таҳсил кард, соли 1959 номзадӣ ҳимоя намуд. Китобҳояш «Нимо Юшич — падари шеъри нав» ва «Шеъри нав чист?», тавре аз номашон пайдост, доир ба чӣ тавр бо мушкилӣ роҳёбии «шеъри нав» ба адабиёти ҳазорсолаи форсӣ дар Эрон мебошанд. Бахшида ба фаъолияти илмиву эҷодии Орифи Қазвинӣ ва Маликушшуаро Баҳор низ Жола тадқиқоти пурарзиш анҷом дод ва дар ин боб китобҳои алоҳида чоп кунонд.
Жола Бадеъ забони русиро низ хуб медонист. Дар Маскав чанде китобҳояш бо русӣ ҷомаи табъ ба бар карданд ва писанди русзабонҳо шудаанд. Хусусан «Живая река» («Дарёи зинда») ва «Синий корабл» («Киштии кабуд») ном маҷмӯаҳояш ба шоира бештар шуҳрат оварданд.
Жола Тоҷикистонро ватани дувум меҳисобид, зуд-зуд ба Душанбе меомад, дар чорабиниҳои адабию фарҳангӣ ширкат меҷуст. Айни замон вай ҳамзабонони худ аз Осиёи Марказӣ, алоқамандони илму адаби тоҷикро, ки дар Маскав мешуданд, хуб пазироӣ ва дастгирӣ мекард. Дар баробари Бобоҷон Ғафуров ва Шавкат Ниёзӣ вай дар Маскав ба аҳли илму эҷоди мо ба маънии том пуштбонӣ менамуд, роҳ нишон медод, онҳоро тарбият мекард. Риштаҳои меҳру оқибат ӯву Мавҷуда Ҳакимова, Гулрухсор, Ҳадиса, Зулфия Атоуллоева ва дигар шоираҳои тоҷикро мустаҳкам мепайваст.
Шеъру мақолаи илмӣ-адабиётшиносии Жола дар матбуоти даврии Тоҷикистон, хусусан маҷаллаи «Садои Шарқ» муттасил ба табъ мерасид. Айни замон вай бо ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» аз наздик ҳамкорӣ кардааст.
Нақл мекунанд, ҳатто аз ғурбат (баъде маҷбур шуд Маскавро низ тарк намояд), аз Урупо ашъори худро дар шакли дастнавис ба нашрияҳои адабии Тоҷикистон мефиристод. 
Жола бо забоне таълиф мекард, ки умумифорсист, яъне тоҷики одӣ низ маънии навиштаҳои баланди ӯро равшан дарк менамуд. 
Шоира дар базмҳои шеъру сухан фаъолона иштирок мекард, бо шунидани шеъри шоирони тоҷик (чи аз забони худи онҳо ва чи аз забони дигарон) ҷаҳон-ҷаҳон лаззат мебурд. Айни замон шеърхониҳои Жола ба қалби шоирони тоҷик амиқ таъсир мегузошт, ҳарфу ҳиҷои нишонрас, оҳанги талаффузи марғуладораш торҳои эҳсосро ба ларзиш меовард. Шоири тавонои тоҷик Гулназар ба вай як шеър бахшидааст, ки бо чунин мисраъҳо сар мешавад: 
Шоира шеър ҳамехонаду 
ман масти ваям,
Масти ҳар як суханаш,
Масти дар шеър чу дил 
сӯхтанаш...
«Модарон сулҳ мехоҳанд», «Дастагул», «Зиндарӯд», «Интизор», «Ҳангоми вафо», «Пайванд» барин дафтарҳои шеърии Жола Бадеъ дар Душанбе чоп шудаанд. Дар шеърҳои алоҳидаи ӯ  «Тоҷикистон», «Посух ба шоири ҷавони тоҷик», «Шеър ташнагист», «Хатлонзамин» муҳаббати сӯзони шоира нисбати диёри тоҷикон равшан ифода ёфтааст.
Нооромиҳо дар собиқ иттиҳод (тавре ишора рафт) Жоларо водор сохтанд дигарбора ба муҳоҷират рӯй орад. Вай солҳои охири ҳаёташро дар Лондон гузаронд. 4 декабри соли 2007 аз олам гузашт. 
Дар шеърҳои пургудози солҳои охири ҳаёташ, ки дар «Паррандагони муҳоҷир» (2005) ном маҷмӯааш гирд омадаанд, армони сӯзноки онҳоеро, ки аз ноилоҷӣ аз ҷое ба ҷое кӯч мебанданд, ба қалам додааст. «Албурзи бешикаст», «Эй боди шурта», «Хурӯши хомӯшӣ», «Тараннуми парвоз», «Сояи солҳо» ном китобҳояш, айни замон, асосан аз ашъори дардомез фароҳаманд, хонандаро муассир месозанд.
Тавре ҳис мешавад, дафтарҳои шеърии Жола дар чанд мамлакат ва бо чанд забон ба табъ расидаанд, масалан дар Теҳрон,  Боку, Маскав,  Лондон,  Париж. Ва айни замон дар Тошканд...
Шоира дар пиронсолӣ тавонист рӯйи куллиёт низ бубинад, ки он дар ватани бобоияш Эрон рӯйи дунё дид.   
Жола либреттое низ таълиф намуда, ки дар заминаи он Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи «Парасту»-ро ба саҳна гузошт.
Мегуфтанд Жола ба дардҳои башар беш аз ҳар касе ошност ва ӯ «сарояндаи дардҳо»-ст. Айни замон зиндадилии ӯ ва рӯҳи оптимистии қаламиҳояш ба рӯҳияи китобхон таъсири хуб мегузорад, ки дар ин бобат шоир ва донишманди тоҷик Рустами Ваҳҳоб ин тавр қайд кардааст: «Шеъри Жола шеъри содаву равшан ва саршор аз рӯҳиёти шодзистӣ ва умедворӣ ба ояндаи фарруху фархунда мебошад». 
Тавре дар оғози сухан ишора гашт, Жола баробари Эрону Тоҷикистон ба Озарбойҷон низ то андозае мукаррам мебошад. Хидматаш ба адабиёти ин халқ, хусусан, чун мутарҷим босазост. Вай бештар аз ҳазор байт ашъори шоирони Озарбойҷонро ба форсӣ тарҷума кардааст. 

М. ШОДИЕВ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: