ШАҲРАКЕ АНДАР ШАҲРЕ

ё чӣ гуна дар Самарқанд як шаҳраки нави этнографӣ бунёд мегардад

Иттифоқ афтод, ки бо рафти корҳои бозсозӣ дар шаҳри Самарқанд аз наздик ошно шавем. Ин корҳо ба далели он ба вуқӯъ мепайвастанд, ки то 15-16 сентябри соли равон вақти баргузории нишасти навбатии Созмони ҳамкории Шанхай шаҳр намои тозаву зебо ва дилписанд касб намояд.  
Дарҳақиқат, корҳои бозсозӣ ва бунёди нусхаи биноҳои таърихӣ дар як канори Самарқанди куҳан босуръат идома меёфт. Яке аз иншооте, ки ба тозагӣ барои қабули меҳмонҳои нишасти навбатии СҲШ ба истифода супурда шуд, терминали нави майдони байналмилалии ҳавоии Самарқанд мебошад. Бо ба кор даромадани ин терминал, ки бар асоси стандартҳои замонавӣ сохта шудааст ва дорои имкониятҳои фаровон мебошад, дараҷаи хидматрасонӣ ба мусофирон хеле беҳтар хоҳад шуд. Акнун он метавонад дар як соат ба бештар аз ҳазор мусофир хидмат расонад.
Пеш аз фуруд омадани ҳавопаймо бо хатсайри Тошканд – Самарқанд терминали нави майдони ҳавоӣ ба назар намуд. Он шакли китоби бузургеро мемонд, ки саҳифаҳои кушодаи он мунтазири хонандаи худ аст. Ин рамзи маркази илму адаб, фарҳангу маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ будани шаҳри бостонии Самарқандро бозтоб медод.  
Дар баробари он ки кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Самарқанд барои пазироии меҳмонони олиқадр омода мебошад, ҳанӯз дар баъзе минтақаҳои он корҳои бозсозӣ вусъат пайдо намудааст. Яке аз иншооти ҷолиб бо тарҳи наву замонавӣ бунёд гардидани шаҳраки наве дар ин шаҳр мебошад. Он ноҳияи Самарқандро бо ин шаҳри бостонӣ васл хоҳад кард. Шаҳрак моҳи июли соли равон, дар арафаи нишасти навбатии СҲШ анҷом хоҳад пазируфт. 
– Ин шаҳри этнографӣ мебошад, ки “Шаҳри абадӣ” унвон гирифтааст. Масоҳати умумии он 212 гектарро ташкил мекунад, – мегӯяд сармеъмори он Мӯъминҷон Қодиров. – Ба сифати меъмор бунёди чунин шаҳраке дар шаҳрро дар сар доштам. Вақте ки ин ғояро барои ҳокими вилоят ва ҷамъи меъморон дар миён гузоштам, баъди баррасиву муҳокимарониҳо ғояро онҳо пазируфтанд. Дар ин шаҳрак, пеш аз ҳама, беҳтарин намунаи ёдгориҳои таърихӣ ва меъмории Самарқанд акси худро меёбанд, – изҳор намуд сармеъмор.
Тавре ки Қодиров тазаккур дод, Самарқанд ва Бухоро маркази тамаддун ва фарҳанги воло ба шумор мераванд ва инро тамоми мардуми олам эътироф намудааст. Ба гуфтаи ӯ ҷои шубҳа нест, ки баъди анҷоми корҳои сохтмон ҳар фарде, ки ба ин ҷо ташриф меоварад, ҳатман ангушти ҳайрат хоҳад газид. Зеро ҷамъи нусхаи ёдгориҳои  қадимии Самарқанд, инчунин шаҳрҳои Бухоро, Хева ва Шаҳрисабз дар ин ҷо сохта шудаву равшану возеҳ ба чашми меҳмонони он ҷилвагар хоҳанд шуд.
 Ба таъкиди Қодиров бунёди “Шаҳри абадӣ” моҳи декабри соли 2019 оғоз ёфтааст ва ҳоло бештар аз 500 устои чирадаст бо дастони мӯъҷизаофари худ ҳамон намои қаблии ёдгориҳои қадимаи шаҳрҳои таърихиамонро дар тарҳи нав ин ҷо аз нав месозанд.
– Аз ҳисоби кадом маблағ шаҳраке дар шаҳр бунёд мегардад? – пурсидем аз ӯ.
– Як қисми маблағи он аз буҷаи давлат ихтисос дода шудааст. Пардохти қисми дигарро соҳибкорони зиёд ва дасткушод ба дӯш гирифтаанд, – гуфт Қодиров.
Дарвоқеъ, ин шаҳрак дар ҷое бунёд меёбад, ки қаблан замини ҳамвори мавриди кишт қарор доштааст. Аз даромадгоҳ то дохили кӯчаҳову хиёбонҳои хурду калони он, қатор-қатор иморатҳои эъморгардида хеле қобили таваҷҷӯҳ мебошанд. Зимни тамошои кӯчаву хиёбонҳои «Шаҳри абадӣ» мушоҳида гардид, ки корҳои нақшу нигор ва рангубордиҳӣ бо суръати том пеш меравад. 
Кас метавонад ба яке аз кӯчаҳои ин шаҳраки тозабунёд ворид шавад ва ба таври мисол, пеширӯи худ нусхаи ёдгориҳои таърихии шаҳри Хеваи қадимро бубинад. Дар хиёбони дигар  нусхаи нисбатан кӯчактари «Регистони Самарқанд» ва иморатҳои дигари маъруфу машҳури он намудоранд ва гумон мекунӣ, ҳамин лаҳза дар майдони Регистон қарор дорӣ ва минтақаҳои дигари ин шаҳри бостониро гаштугузор менамоӣ.
– Ин кӯча иншоотҳои таърихиву ёдгории шаҳри Бухорои шарифро дар худ акс кунонидааст. Манораи Калон, Чорманор, Арки шоҳ, мадрасаи Мири Араб ва амсоли он ҳатман боиси таваҷҷуҳи ҳар як меҳмон қарор хоҳанд гирифт. Ана, дар ин қисмати шаҳр кӯшиш намудем, ки ёдгориҳои таърихиву меъмории Шаҳрисабзи қадим пеши назар ҷилвагар шаванд, – мегӯяд Қодиров.
Тавре ки сармеъмор тавзеҳ дод, дар ҷараёни бунёди «Шаҳри абадӣ» бо ҳамон шукӯҳ ва шаҳомати хос аз ягон намуди техникаи сақил ё вазнин истифода сурат нагирифтааст, балки тамоми корҳоро устоҳову коргарон дастӣ анҷом медиҳанд. Аксари устоҳое, ки шаҳраке дар шаҳрро бунёд месозанд, ҳунармандони соҳаи санъати тасвирӣ ва чубкорӣ мебошанд. 
Ҷои шубҳа нест, ки ин шаҳрак ҳамчун таърихи зиндаи этнографӣ барои ҷалбу ҷазби сайёҳони зиёд мусоидат хоҳад кард.
Дар як тарафи майдони васеъ чаҳор меҳмонхонаи бошукӯҳ қомат рост кардаанд ва ҳоло он ҷо корҳои зиннатдиҳӣ  ба давраи ниҳоии худ хоҳанд расид. Ҳар кадоми ин меҳмонхона ба номҳои гуногун номгузорӣ шудааст: ба таври мисол меҳмонхонаи Амир Темур, меҳмонхонаи Савитский ва амсоли он. Ин меҳмонхонаҳо аз 11 то 22 ошёнаро ташкил мекунанд. 
Ба гуфтаи мутахассисону коршиносон тибқи анъанаҳои шаҳрсозӣ дар Самарқанд маркази туризм бунёд мегардад. Дар 212 гектар арзи вуҷуд намудани меҳмонхонаҳои се ва чорситораӣ, масканҳои фароғатӣ, корвонсаройи «Шаҳри абадӣ» ва амсоли он аз бунёди чунин марказ далолат медиҳанд.
Гуфта мешавад, дар бунёди «Шаҳри абадӣ» фарзандону наберагони меъмори номӣ, Қаҳрамони Ӯзбекистон Мирумар Асадов, устоҳои халқии Ӯзбекистон Саидалӣ Мирзоев, Насрулло Саҳибназаров, Мирҷалол Асадов ва амсоли онҳо саҳми калон мегузоранд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: