Дар Ўзбекистон қабул ба синфи 1 барои соли таҳсили 2023-2024 20 июн оғоз мешавад

Мувофиқи тартиби муқарраршуда раванди қабул ба синфи 1 дар 2 марҳила сурат мегирад.

Марҳилаи 1: дар ҳудуди микро-минтақаҳо - 20 июн - 31 июл; Марҳилаи 1: берун аз микро-минтақао — аз 1 то 15 август. 
Дар 43 ноҳия (шаҳр)  раванди қабул ба синфи 1 тавассусти хидматҳои давлатӣ дар шакли электронӣ анҷом дода мешавад. 
Дар ин ҳолатҳо, аз соати 12:00-и 20 июн волидон бояд ба қайд гирифта шаванд ва ба воситаи платформаи электронии my.maktab.uz. ариза диҳанд.
Дар ҳудудҳои дигар қабул ба синфи 1 бевосита дар мактабҳо дар шакли анъанавӣ ба воситаи низоми электронии вазорат  (adm.maktab.uz) анҷом дода мешавад. 
Барои маълумот: дар соли таҳсили 2023-2024 ба синфи 1 дар саросари кишвар қабули беш аз 730 ҳазор бача ба нақша гирифта шудааст.  
Қайдҳои муҳим!
Мувофиқи қонун “Дар бораи таълим” (моддаи 9) кӯдакон дар ҳамон соле, ки ба синни 7 пур мешаванд, ба мактаб кабул карда мешаванд. Яъне имсол ба синфи 1 кӯдаконе, ки аз 1 январ то 31 декабри соли 2016 таваллуд шудаанд, қабул карда мешаванд. 
Чӣ хеле ки хидмати матбуоти Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ хабар медиҳад, оид ба раванди қабули электронӣ  маълумоти иловагиро метавон аз рӯи телефони Маркази тамоси вазорат 71-203-07-04  ё ки ба воситаи канали расмии  @Mymaktab_uz дар Telegram’ ба даст овард.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: