МЕҲРИ МОДАР

Модар – пайванди риштаи меҳру муҳаббат, боғбони ниҳолакони худ, ки оғӯшаш мисли канори офтоби гарм аст, мушкилкушои фарзандон мебошад.

Модар ба мо дарси ҳаёт меомӯзад, мо аввалин каломи бадеъро аз аллаи модар мешунавем ва он дар тамоми гардишҳои ҳаётамон ба кор меояд. Агар модар намебуд, пас мо ҳам оламро намедидем, мисли он ки боғ бе боғбон сабз намешавад. 
Шаб буд, ҳамаҷо торик. Посбон омаду чароғро даргиронд ва тамоми кӯчаҳои шаҳр нурафшон шуд, вале ба дили ман нури чароғ равшанӣ намебахшид. Бо ёру ҷӯраҳоям суҳбаткунон ба хона омада расидам, вале дилам ҳеч рӯшан намешуд. Гиря гулӯгирам мекард, аммо чашмонам хушк... Чӣ кор кунам? Илоҷе наёфтам ва баъд ба хона даромадам. Медонистам, ки модарам дар хона нест, зеро барои ризқу рӯзии фарзандонаш ба замини кишт рафта, бо офтоби сӯзон ҷангида, арақи ҷабин резад ҳам, танҳо барои сиёҳчашмонаш то фурӯ рафтани офтоб меҳнат мекард, ҳамин ки ба хона омад, боз машғули кор мешуд... Имрӯз ҳам хона даромада бинам, модарам машғули нонпазист. Медонед, чеҳраи фарзанд кай рӯшан мешавад? Албатта, вақте ки ӯ модари дилсӯзашро мебинад. Агар посбон чароғро даргиронда оламро мунаввар созад, дили фарзандро чеҳраи кушоди модар ва сухани ширини ӯ нурафшон мекунад. Тасаввур кунед, тасвири боғи орзуи фарзандро. Дар яксолагӣ кӯдак забон мебарорад ва рӯзе бевосита ҳарфи «модар»-ро ҳам ба забон мегирад ва дар дили ӯ ҳамон дам ғунчаи меҳр мешукуфад. Кӯдак аз шири поки модар баҳра мебарад ва дар оғӯши ӯ аввалин гулҳои орзуяш мешукуфад. Ӯ боғи худро «Шукуфаҳои меҳру муҳаббат» номид! Имрӯз кӯдак аз пагоҳ гиря кард, ки модарҷон нон бидеҳ, то аз гуруснагӣ раҳоӣ ёбам ва назди боғам равам ба гулҳои коштаам об диҳам, онҳо ташна монданд. Модар бо фарзандаш хӯроки пагоҳиро хӯрд. Баъд кӯдак давиду ба кӯча баромад, то бо ҷӯраҳояш бозӣ кунад. Ба боғ рафтанашро фаромӯш кард. Аз байн чанд вақт гузашт. Он ду гуле, ки бача дар боғаш шинонда буд, шукуфтанд. Писар дар боғи «Шукуфаҳои меҳри модар» даромада дид, ки дар боғаш гулҳои ҳарранга шукуфта, боғро оро додаанд. Имрӯз зодрӯзи модарам, бояд ман туҳфае барам. Пас, ман аз ин гулҳо чида ба модарам мебарам. Аҷабо, ман то имрӯз ба ин боғ наомада будам! Кӣ ба ин ниҳолҳо об дода бошад? Оҳо, ин ҷӯякҳоро кӣ кашида бошад? Донистам. Ин модари меҳрубони ман аст. 
Ҷавон дастаи гулро тайёр карда сӯйи модар шитофт. Модарҷон, модари меҳрубонам! Зодрӯзат муборак бошад!

Зебо САМИЕВА,
донишҷӯйи курси дуюми бахши тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: