Олимони Мактаби тиббии Перелмани Донишгоҳи Пенсилвания пластиреро барои муолиҷаи чурра байни сутунмуҳраҳо муаррифӣ карданд, ки ҳангоми ҳаракати бемор фаъол мешавад. Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи Science Translational Medicine нашр шудаанд.
Дар айни замон, усули мукаммали табобати чурраи дискҳои байни сутунмӯҳра вуҷуд надорад, табибон танҳо метавонанд ба беморон чораҳои муваққатии дастгирӣ пешниҳод кунанд, менависад lenta.ru.
Коркарди нав бо номи TARPS метавонад тарқиш ё сӯрохиро дар диски байни сутунмӯҳраҳо пур кунад ва кори дурусти онҳоро барқарор созад. Илова бар ин, TARPS пайдарпай доруи зидди илтиҳобиро дар асоси сафедаи анакинра аз микрокапсулаҳо мебарорад. Аз ҳисоби пур кардани холигоҳҳои зарардида, пластир афзоиши дарди марбут ба таназзули дискҳои байни сутунмӯҳраҳоро пешгирӣ мекунад.
То ҳол ин технология дар давоми як моҳ дар ҳайвонот озмуда шудааст. Дар оянда, онҳо ният доранд, ки озмоишро дар моделҳои калонтари ҳайвонот идома диҳанд.