ҲОЛО КАДРҲО ДАР АСОСИ ОЗМУНИ ОШКОРО ИНТИХОБ МЕШАВАНД

Муроҷиатномаи сарвари давлат ба Олий Маҷлис, ба мисли дигар соҳаҳо, оид ба идоракунии давлатӣ ва рушди захираҳои инсонӣ як қатор вазифаҳоро ба миён мегузорад.

Муроҷиатномаи сарвари давлат ба Олий Маҷлис, ба мисли дигар соҳаҳо, оид ба идоракунии давлатӣ ва рушди захираҳои инсонӣ як қатор вазифаҳоро ба миён мегузорад.Дар Муроҷиатнома таъкид гардид, ки яке аз воситаҳои самарабахши мубориза бо коррупсия ба роҳ мондани низоми  кушоди интихоб ва ба кор қабул кардани кадрҳо мебошад.

Дар Ӯзбекистони нав, чун дар тамоми соҳаҳои ҷомеа, ҷараёни ислоҳот дар соҳаи нав кардани низоми роҳбарӣ ва кадрҳои идоракунанда оғоз ёфт ва пайваста амалӣ карда мешавад. Ин ҷараён  бо ташаккул додани низоми тайёркунии кадрҳои нави роҳбарикунанда, ки ба талаботи истиқлолият ҷавобгӯ буда, моҳияти муносибатҳои навтаъсиси иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодиро дарк менамоянд, алоқаманд мебошад. Дар марҳилаҳои аввал дар соҳаи омодасозӣ, бозомӯзӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, низоми  ба тинати миллиамон хос ташаккул ёфт.
Аммо, таҷрибаи миллӣ нишон медиҳад, ки имрӯзҳо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо бо мутахассисони баландихтисос ба қадри кофӣ таъмин нестанд, малакаи кадрҳо ба вазифаҳои гузошташуда, эҳтиёҷоти замонавӣ мувофиқат намекунанд, паст будани сифати қарорҳои қабулшудаистода, ки як қатор мушкилоти сохториро пеш меоранд, дар низоми сиёсати кадрӣ ва хидмати давлатии шаҳрвандӣ гузарондани ислоҳоти навро тақозо мекунанд. Аммо, ягон қонуни дорои қувваи бевоситае, ки танзими ҳамаҷонибаи ҳуқуқии раванди интихоби номзадҳоро, ки мехоҳанд тавассути интихоби кушоди мустақил ба хидмати давлатӣ ворид шаванд, таъмин намояд, вуҷуд надорад. Бо мақсади бартараф намудани ин ва дигар мушкилоти системавии марбут ба сиёсати кадрҳо, фармони Президент аз 3 октябри соли 2019 «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани сиёсати кадрҳо ва низоми хидмати давлатии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва қарор «Дар бораи чорабиниҳо оид ба ташкил кардани фаъолияти Агентии рушди хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон” қабул шуданд.
Тибқи фармон, аз 1 январи соли 2020 ба тариқи таҷриба дар баъзе мақомоти давлатии идоракунӣ, ташкилотҳо ва минтақаҳо ва аз 1 январи соли 2021 дар тамоми мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ қабул ба хидмати давлатӣ кушод дар асоси озмуни мустақил сурат мегирад, дар қабул ба хидмати давлатии шаҳрвандӣ ва дар фаъолияти бинобар хидмат боло рафтани кадрҳо адолатнок баҳо додан ба номзадҳо, истифодаи тамоюли меритократия, ки аз байни онҳо ба интихоб намудани муносибтаринашон нигаронда шудааст, муайян шудааст. 
Яке аз вазифаҳои асосии ҷорӣ намудани низоми замонавии идоракунӣ дар соҳаи хидмати давлатии шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби давлатҳои мутараққӣ ба сифати намуна гирифта шудааст, «интихоби кадрҳо дар асоси интихоби ошкоро ва мустақилона» мебошад. Бо ин кормандони боистеъдод ва салоҳияташон баланд  дар асоси тамоюли меритократия ба ҷойҳои холӣ ба кор қабул карда мешаванд.
Меритократия чист ва кай пайдо шудааст?

Меритократия таҳтуллафз тарҷума кунем, маънои «қудрати шоиста», лотинӣ «меритус» – «шоиста» ва юнонии қадимӣ «ҳокимият, ҳукумат»-ро дорад) тамоюли идоракунӣ мебошад. Бинобар он, онро ба ин маъно ифода кардан мумкин аст, ки одамони боистеъдод, новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ва молиявии худ бояд мақоми пешсафиро ишғол кунанд.
Аввалан ин мафҳумро дар доираи фалсафаи Конфутсий пайдо кардан мумкин аст. Мувофиқи маълумоти як қатор муҳаққиқон, низоми меритократӣ дар баъзе давраҳои таърихи Чин татбиқ шуда, системаи имтиҳони 3 марҳила дар давраи сулолаи Ҳун васеъ истифода мешуд. Бо кӯмаки онҳо одамоне, ки санъат, конфуция ва мушкилоти маъмуриро беҳтар мефаҳманд, ба ҳокимӣ таъин карда шуданд.
Гарчанде ки назарияи баробарии имкониятҳо ба принсипи меритократия мустақиман мухолиф аст, аммо меритократия имкониятҳоро мувофиқи истеъдод ва сифатҳои шахс муайян мекунад ва барои онҳо, новобаста аз мансубияти иҷтимоии онҳо, имкониятҳои баробар фароҳам оварда мешаванд.
Дар давраи баъд аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар Бритониёи Кабир касбҳое, ки аз имтиҳонҳо гузаштанро талаб мекарданд, (ҳуқуқшиносон, табибон) бобати ба синфи миёна гузаштани одамон аз қишри коргарон  кӯмак додааст.
Принсипи меритократия аллакай дар Иёлоти Муттаҳида татбиқ шудааст ва амрикоиҳо боварӣ доранд, ки муваффақияти шахсии ҳар кас танҳо ба қобилият, меҳнатдӯстӣ, муносибат ва ахлоқи ӯ вобаста аст.

Қувва дар озмуни кушод санҷида мешавад

Агентии рушди хидмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо қабули кадрҳоро рӯшоду дар асоси озмуни мустақил ба хидмати шаҳрвандии давлатӣ ба таври доимӣ ташкил менамояд. Бо ин мақсад, агентӣ портали ягонаи кушоди ҷойҳои холии хидматчиёни давлатии шаҳрвандӣ — vacancy.argos.uz-ро таҳия кард. Ин портал барои пур кардани ҷойҳои холии кории мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо бо кадрҳои баландихтисос аз рӯи принсипи «равзанаи ягона» амал мекунад. Яъне, тамоми платформаҳои интернетӣ оид ба меҳнат ва кор бо кадрҳо бо портали мазкур  муттаҳид карда шудааст. Портал дар баробари интерактивӣ шудан, барои номзадҳо як қатор имконият ва қулайиҳоро фароҳам меорад. Масалан, номзадҳое, ки мехоҳанд дар озмун ширкат варзанд, метавонанд дар як вақт барои то се ҷойи холии корӣ дар мақомоти давлатӣ ариза диҳанд. Шумораи ташкилотҳое, ки ба онҳо ариза пешниҳод карда мешавад, бемаҳдуд аст. Талаботи тахассусӣ барои ҷойи холӣ аз ҷониби корфармо дар асоси баробар барои ҳама муайян карда мешавад.
Ин амалия ҳамчун платформаи электронӣ, ки аз ҳуҷҷатгузорӣ ва мукотибаи зиёдатӣ озод аст, амал мекунад. Кормандоне, ки мехоҳанд соҳиби кор шаванд, бо ҳуҷҷатҳои зиёд ташкилот ба ташкилот гашта, овораю сарсон намешаванд. Гирифтани маълумотномаҳои зиёдатӣ аз агентиҳои гуногун талаб карда намешавад. Ҳамаи маълумот дар бораи номзад ба таври автоматӣ тавассути Низоми ягонаи миллии меҳнат дар аризаи ӯ инъикос карда мешавад.
Сарфи назар аз он, ки имсол портал бо 4 вазорату идора дар асоси озмоиш озмунҳои кушод баргузор мекунад, дархостҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои пур кардани ҷойҳои холии мавҷуда тавассути ин платформа мерасанд. Зеро ин система пеш аз ҳама кушод ва муҳимтар аз ҳама шаффоф аст. Вақте номзаде, ки ба портал муроҷиат мекунад, мебинад, ки ҳама чиз рӯшод аст, эътимод ба хидмати давлатии шаҳрвандӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд.
Дар тӯли давраи гузашта ба воситаи тамоюли меритократия дар озмунҳои оид ба ҷамъ қариб 250 ҷойҳои холии аз ҷониби Агентии рушди хидмати давлатӣ, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати молия, Вазорати маорифи халқ, инчунин зиёда аз 50 ҳокимиятҳои ноҳия ва шаҳр эълоншуда барои иштирок беш аз 12 ҳазор номзад ҳуҷҷат супурд, яъне ба ҳисоби миёна 45 нафар дар асоси озмуни кушод барои як ҷой рақобат нишон доданд. То ҳол, тибқи натиҷаҳои озмунҳое, ки тавассути ин платформа ташкил карда шудаанд, 220 нафар номзади мувофиқ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо қабул карда шуданд. Аз байни онҳое, ки дар асоси озмуни кушод ба кор қабул карда шудаанд, 20 нафарашон соли 2019 муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда бошанд, 19 нафарашон соли 2020 хатм намудаанд.
Шӯъбаҳои кадрии ташкилоту идораҳо то кадом андоза ба татбиқи ин система омодаанд, оё онҳо метавонанд драйвери низоми нав бошанд?
Дар моҳҳои сентябр-октябри соли 2020 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон курсҳои таълими фосилавӣ дар мавзӯи «Идоракунии захираҳои инсонӣ» барои роҳбарони вазорату идораҳо, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ноҳияву шаҳрҳо  ташкил карда шуданд. Меъёрҳои интихоби кадрҳо дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои муосири кор бо онҳо, ҷалби кадрҳои боистеъдод ба хизмати давлатӣ бо хурдтарин ҷиҳатҳое, ки дар ин ҷараён бояд эътибор дода шаванд, бо мисолҳои равшан ва намунаҳои амалӣ нишон дода шуданд.
Бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон...

Дар Ӯзбекистон бори аввал тавассути портали ягонаи кушод барои ҷойҳои холии хидматчиёни давлатии шаҳрвандӣ озмунҳои кушод барои ишғоли вазифаи муовинони ҳокими ноҳия ва шаҳр эълон карда шуданд. Ин назар ба чашмдошт ҳам бештар самара дод. Дар натиҷа, аз байни даҳҳо номзадҳои арзанда кадрҳои дорои дониш, малака ва потенсиали баланд ба вазифаҳои муовинони ҳокими ноҳияи Янгиариқ, ноҳияи Бӯка қабул карда шуданд. Ҳамзамон, тибқи фармони Президент шахсоне, ки дар асоси озмуни кушод ва мустақилона ба хидмати давлатии шаҳрвандӣ қабул карда мешаванд, бидуни розигии Агентии рушди хидмати давлатӣ ва филиалҳои он аз вазифа озод карда намешаванд. Ин инчунин нишонаи он аст, ки давлат ба ҳимояи ҳуқуқи хидматчиёни давлатӣ пурра саъй мекунад.

Нақшаи ба натиҷа нигаронидашуда

Дар ҳоли ҳозир Агентии рушди хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба пешбурди феҳристи давлатии мансабҳои хидмати шаҳрвандии давлатӣ, инчунин минбаъд такмил додани портали ягонаи кушод барои ҷойҳои холии хидматчиёни давлатии шаҳрвандӣ фаъолона кор мебарад.
Аз ҷумла, яке аз вазифаҳои асосӣ таъмини саривақтӣ ва босифати ташкили қабул дар хидмати давлатии шаҳрвандӣ дар тамоми мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои кишвар мебошад, ки хидмати давлатиро аз 1 январи соли 2021 дар асоси озмуни кушоди мустақил пешбинӣ мекунад. Масъалаи дуюми калидӣ суръат бахшидан ба кор дар захираи кадрҳои миллӣ мебошад. Баланд бардоштани сифати хидматчиёни давлатӣ, сари вақт қонеъ кардани эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба кадрҳои баландихтисос, татбиқи принсипи меритократия, назорат ва дастгирии боло рафтан дар вазифаҳои хидматӣ – мақсади асосии ташаккули захираи миллии кадрҳо ба ҳисоб мераванд. Ташаккул ва нигоҳдории захира тавассути маҷмӯи таъминотию техникии «Системаи ягонаи электронии иттилоотию таҳлилии хидмати давлатии шаҳрвандӣ» амалӣ карда мешавад.
Гузаронидани озмунҳои кушод ва мустақил имкон медиҳад, ки ҳамаи шаҳрвандон ба хидмати давлатии шаҳрвандӣ дастрасии баробар дошта бошанд ва ҷойҳои холии корӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо бо мутахассисони баландихтисос ба қадри кофӣ таъмин карда шаванд.

Илҳом ҚУРБОНОВ,
мудири департаменти Агентии рушди хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: