АЛОҚАҲО МУСТАҲКАМТАР МЕГАРДАНД

Байни Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муносибатҳои қадимии ҳамсоягарӣ, таъриху маданияти муштарак, инчунин тамоюлҳои иззату ҳурмати тарафайн, ҳамҷиҳатию ҳамдигарфаҳмӣ амал мекунад.

Ҳоло робитаҳои дӯстӣ мазмуни нав касб кардааст. Хусусан, солҳои охир байни ду давлат алоқаҳои дипломатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, маданию гуманитарӣ рушд меёбад. Сафари расмии Президент Ш. Мирзиёев бо Эрон 18 июни соли 2023 бобати ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошта шудани ин алоқаҳо имконияти нав фароҳам овард. 
Дар доираи ин сафар таҳия ёфтани ҳуҷҷатҳои ба роҳ мондани алоқаҳои байниҳамдигарии вилоятҳои Бухорою Ҳамадон ба ин мисоли равшан аст. Бо ташаббуси сарвари давлат озод гардонда шудани низоми иқтисодиёт, созмон ёфтани муҳити муносиби сармоягузорӣ ба ҷараёни муҳимтарини ислоҳот табдил ёфт. Дар Бухоро низ даъват гардидани сармоядорони хориҷӣ ва барои онҳо фароҳам оварда шудани имкониятҳои қулай ифодаи он аст. Ба туфайли ҳамкории соҳибкорони вилоят бо ширкатҳои Эрон ҳоло дар ин ҷо 21-то корхона фаъолият дошта, аз ҷумла 5-тои онҳо чун корхонаи хориҷӣ пурра бо сармояи Эрон амал мекунад. Аз ин рӯ Эрон яке аз ҳафт давлатест, ки дар савдои берунии вилояти Бухоро саҳми арзанда доранд.
Ҳафт соли охир ҳаҷми савдои байни ҳамдигар ду баробар афзудааст. Соли гузашта байни вилояти Бухоро ва Эрон мубодилаи савдо ба 51,3 млн.доллар расида, ҳаҷми содирот 13,6 млн. доллар ва воридот 37,7 млн. долларро ташкил кард. 8 январ дар шаҳри Бухоро бо иштироки соҳибкорони вилоятҳои Бухорою Ҳамадон форуми тиҷоратӣ ба амал омад. Дар он ҷонишини якуми ҳокими вилояти Бухоро Б. Аҳмедов дар бораи имкониятҳои фароҳамовардашуда ҳарф зад ва муҳим будани ҳамкориҳо бобати истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ, маводи сохтмон, кимиё, фарматсевтика, электротехника, ҷорӣ намудани манбаъҳои энергияи азнавбарқароршаванда, гузоштани сармоя ба лоиҳаҳои кооператсияи саноат ва соҳаи хоҷагии қишлоқ, сохтмони меҳмонхонаҳои замонавӣ, дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноати хурд истеҳсол намудани маҳсулоте, ки арзиши баланд дорад, ҷогузин кардани технологияи нигаҳдорӣ ва азнавкоркунии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, инчунин истеҳсоли асбобу анҷомҳои соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ кардани технологияи сарфакунии об ва ғайраро таъкид намуд.
Дар он раиси вилояти Ҳамадон Алиризо Фарзод ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Эрон дар Ӯзбекистон Муҳаммадалӣ Искандарӣ барои қабули самимӣ ва меҳмондорӣ арзи сипос намуданд. Онҳо ташаббусҳои рушд додани алоқаҳои тарафайнро оиди савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт ва логистика, илмию технологӣ, инчунин маданию гуманитарӣ ҷонибдорӣ намуданд. Дар охир меморандуми ҳамкорӣ таҳия ёфт. Пас аз тадбир байни соҳибкорони ҳамадонию бухороӣ суҳбати мизи мудаввар ба амал омад. Сипас, корчаллонҳои эронӣ бо фаъолияти корхонаи азнавкоркунии шир ва маҳсулоти шири «Buxoro Agrocluster DZZ» шинос шуданд.
Нимаи дуюми рӯз меҳмонон дар ҳокимияти вилояти Бухоро бо ҳоким, ҷонишини ҳокими вилоят Ботир Шаҳриёров ва ҳокими шаҳри Бухоро Ҷамол Носиров мулоқот карданд. Ҳангоми мулоқоти самимӣ сухан аз хусуси таърихи Бухоро, фарҳанг, объектҳои мероси маданӣ, салоҳияти имрӯзаи вилоят, комёбӣ ва ғайра рафт.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: