Подшоҳи Яман бо караму саховат ва хислати эҳсону мурувват худро ғолиб ҳисобида, барои хосу ом дастархон кушода ва икром ба мӯҳтоҷону дармондагон намуда буд.
Мехост, ки ҷуз номи карами ӯ бар забонҳо мазкур нашавад ва ғайр аз сифату сахои ӯ дар атрофи олами машҳур нигарад. Агар касе дар пеши ӯ сифати Ҳотам ба забон биёрад, оташи ғазабаш шӯълавар мегашт ва мегуфт: «Ҳотам марде саҳронишин аст. На ӯро рутбаи мамлакатдорӣ ва на мансаби фармонравоӣ, на қуввати ҷаҳонгирӣ ва на бозӯи кишвар. Пайдост, ки аз дасти ӯ чӣ карам ояд, ман он чи дар соле Ҳотам ҳосил ба даст орад, дар як рӯз ба соил (гадо) медиҳам ва сад баробари хони ӯ дар як чошт ба меҳмон мениҳам».
Рӯзе подшоҳи Яман ҷашни азим сохта буд. Ногоҳ касе ба ҳамду санои Ҳотам оғоз намуд.
Малик аз он биранҷид ва ирқи ҳасадаш ба ҳаракат омад ва ба худ андешид, ки забони аҳли замон дар ситоиши Ҳотам аст. Сифати накӯкориву меҳмондории ӯ бар дили мардумон фаромӯш не. Пас, беҳтар, ки киштии умри ӯро дар ғарқоби фано афганам ва рақами номи ӯро аз лавҳи зиндагонӣ мавҳ кунам.
Байт:
Ки то ҳаст Ҳотам дар айёми ман,
Ба некӣ нахоҳад шудан номи ман.
Дар пойтахти ӯ айёрпешае буд, ки барои як дирам сад хунро миён мебаст ва бо умеди андак фоида шишаи дили бисёр касонро ба санги ҷафо мешикаст.
Алқисса, шоҳи Яман ӯро талабид ва бо ваъдаҳо ӯро умедвор сохта фармуд, ки бо ҳазор найрангу ҳила Ҳотамро несту нобуд кунад.
Айёр ӯҳдадори қатли Ҳотам шуда, аз пайи қабилаи Тай гашт ва баъд аз муддате бад-он сарзамин расид. Бо ҷавони хушхӯи накӯрӯе, ки симои бузургӣ ва хирадмандӣ аз ӯ ҳувайдо буд, мулоқот кард. Ҷавон аз рӯи меҳрубонӣ ва ширинзабонӣ ӯро пурсиши гарм намуд ва пурсид, ки аз куҷо меоӣ ва ба куҷо меравӣ?
Айёрпеша ҷавоб дод, ки аз Яман меоям, азимати Шом дорам. Ҷавон илтимос кард, ки имшаб ба хонаи ман меҳмон шав ва кулбаи маро бо нури ҳузури худ биёрой. Он айёр бо хушхӯйӣ ва дилҷӯӣ таклифи ҷавонро қабул кард ва рӯй бар манзили вай ниҳод. Ҷавон айёрро зиёфат кард ва ҳар лаҳза барои меҳмон такаллуфи зиёде менамуд ва таомҳову машруботи рангоранг тартиб мефармуд.
Меҳмон соат ба соат он ҷавонро таҳсин мекард ва ба забон санову офарини ӯ мегуфт. Байт:
Таборакаллоҳ, аз ин мардумиву хушхӯӣ,
Гузаштаӣ зи ҳама некӯвон ба некӯӣ.
Бад-ин минвол шаби тира ба поён расид ва субҳи равшан рӯй аз уфуқи Машриқ оғози тулӯъ кард. Меҳмон бо дидаи гирён бо мизбон хайрухуш намуд. Ҷавон дархост мекард, ки ду-се рӯзе ин ҷо истиқомат намоӣ.
Айёр гуфт, ки коре муҳим маро дар пеш аст.
Ҷавон гуфт, маро ташрифи марҳамият арзонӣ дор ва муҳиме, ки ҳаст бо ман дар миён ор. Шояд мададе расонам.
Меҳмон чун дилнавозӣ ва ҷавонмардӣ аз вай мушоҳида карда буд, ба худ тааммул намуд, ки кори муҳиме, ки маро дар пеш аст, бе имдод ва дастёрии чунин ёр саранҷом нахоҳад ёфт, ки мардест муруввату корсоз ва дилҷӯю ғарибнавоз. Ва беҳ аст, ки парда аз рӯй бардорам ва ӯро маҳрами худ созам.
Пас, ҷавонро савганд хӯронд ва бо таъкиди бешумор сирри худро ба ӯ дар миён ниҳоду гуфт:
«Шунидаам, ки дар ин навоҳӣ Ҳотам ном касе ҳаст, ки лофи ҷавонмардӣ мезанад ва даъвои эҳсону мардумнавозӣ мекунад. Шоҳи Яманро зоҳир аз ӯ дағдағае дар дил ва малоле дар хотир падид омада. Ва ман марди парешонрӯзгорам ва маоши ман аз дуздиву айёрӣ мегузарад ва султони вилояти Яман маро талабиду ваъдаи молу матои фаровон намуд, ба шарти он ки Ҳотамро пайдо кунам ва ба қатл орам ва сари ӯро туҳфа пеши малик барам. Ман на Ҳотамро мешиносам, на роҳи манзилашро. Аз дарвешпарварӣ ва ғарибнавозии ту аҷибу ғариб набошад, ки Ҳотамро ба ман намоӣ ва дар қатли ӯ мададгорӣ кунӣ ва бо мадади ту аз давлати шоҳ баҳраманд гардам».
Ҷавон гуфт: «Эй меҳмон, бархезу пеш аз он ки мутааллиқони ман хабардор гарданд, сари ман бардору сари худ гир, то мақсуди шоҳи Яман ҳосил ва муроди ту низ муяссар гардад».
Байт:
Бихандиду гуфто, ки Ҳотам манам,
Сар, инак, ҷудо кун ба теғ аз танам.
Айёр филҳол пеши Ҳотам бар замин афтод ва бӯса бар дасту пои вай бидод ва мегуфт:
Байт:
Агар ман гуле бар вуҷудат занам,
На мардам, ки дар пеши мардон занам.
Ҳотам асбоби роҳи ӯ аз тӯшаву маркаб таҳия намуда, ӯро гусел кард. Ва айёрпеша баъд аз қатъи роҳ чун пеши подшоҳ омад, суратҳое ба арз расонид. Малики Яман аз рӯйи карамтабъӣ боинсоф шуд ва эътироф гашт, ки кариме дар ин мартабаи ҳад ҳеҷ кас аз оламиён нест ва саховат бад-ин андоза ҳеҷ кас аз одамиён не!
Аз «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
таҳияи Б.САОДАТ.