Бар асари сӯхторҳои ҷангал дар Чили беш аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд

Дар сӯхторҳои ҷангал дар Чилӣ беш аз 100 нафар ба ҳалокат расида, наздик 400 нафар бедарак шудаанд.

Мақомот дар ҷумҳурӣ мотами дурӯза эълон кард.  Сӯхтор майдони беш аз 40 ҳазор гектарро фаро гирифтааст.  Сӯхтор бар асари аз ҳад зиёд боло рафтани ҳарорат рух додааст.  Вазидани шамоли сахт ва намии паст вазъиятро боз ҳам бадтар мекунад.  Дар якчанд минтақаҳо соати комендантӣ ҷорӣ карда шудааст. Ҳукумат барои осон кардани кори наҷотдиҳандагон ҳамаи ҳаракатҳоро дар кӯчаҳо маҳдуд кард.  Дар баробари ҷангалзорҳо минтақаҳои саноатӣ, хонаҳо ва мошинҳо сӯхта истодаанд.  Кӯчаҳоро хокистар фаро гирифтааст гуфта хабар медиҳад mir 24.tv

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: