Аслан мо ба ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон ба таъзияи хонадоне омада будем.
Аз рӯйи гуфти одамон, манзили марҳум дуошёна ва дар паси мактаб будааст. Ба манзиле расида, пурсон шудем:
— Ин ҷо истиқоматгоҳ не, корхона, — ҷавобан ба суоли мо гуфт коргаре.
Ҷустуҷӯро давом дода, бо ёрии сокинон хонаи Ҳоҷӣ Иброҳимҷони шодравонро дар маҳаллаи Гулбоғ, воқеан, дар паси мактаб ёфта, тиловатамонро ба рӯҳи пирамарди марҳум бахшидем. Ба аҳли хонавода таъзияю дилосоӣ баён кардем.
Шавқамон афзун гашту ба он корхона дубора баргаштем. Дар суҳбат бо таъсисгару роҳбари он маълум гардид, ки ин ҷо ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кушон текстил гроуп»-и ноҳияи Косонсой будааст. Пурсидем, ки бо кадом мақсад корхонаро ба кор андохтааст. Роҳбари ҷавон Анварҷон Воҳидов нақл кард, ки соли 2005 баъди хатми коллеҷи касбу ҳунари рақами 27-уми ноҳия бо ихтисоси компутер дар пайравӣ ба ҳамшаҳрон ба Русия сафар кардааст. Ба заводи шаҳри Омски он ҷо, ки қуттиҳои ашёю меваҳоро истеҳсол мекард, ба кор дохил шуд. Дар он ҷо 13 сол меҳнат кард. Аз як ҷониб таҳсил дар коллеҷ, мусофирию кори завод чашми онро пазонда буд, аз ҷониби дигар рафтуою даробаро ба мамлакати бегона ӯро мондаю лакот карданд.
Дар он давр хонадору 3 нафар фарзанддор ҳам шуда, бораш боз бисёру вазнинтар гардида буд.
Барои он ки оворагию муҳтоҷии хориҷро набинад, барои пешравии ҳаёти худ, ҷамъият ва бо кор таъмин кардани бекорон 5 сол аввал аз бонки халқии ноҳия 90 миллион сӯм қарз гирифта, дар ҷойи иҷоравӣ бо 4 нафар дӯзандаю мошинҳои дарздӯзӣ кор сар кард. Бо даромади он ҷойи ҳозираро харида, бинои корхонаро сохтааст. Ошёнаи болои бино — сехи дӯзандагӣ ва поёнаш — сехи тарҳи либосҳо.
Сехҳо гарму мӯътадил, бо оби гарму хунук таъминанд. Ғайри рӯзи якшанбе, аз соати 7 то 17.30 вақти кор аст. 2 мошини «Дамас» коргаронро ба хонаашон бурда, пагоҳӣ боз меоранд. Ба кормандон либоси корӣ — бепул.
Дар корхона барои калонсолон, ҷавонон ва бачагон куртка, мактабхонон куртаи сафед, костюму шим, барои коргарони ташкилотҳо либоси корӣ ва пешдоман истеҳсол мекунанд. Ҳар моҳ ба аҳли меҳнат аз 1,2 то 3,5 миллион сӯм маош ва ба зарбдорон аз 100 то 300 ҳазор сӯмӣ мукофотпулӣ дода мешаванд.
Ҳар рӯзи корӣ дар танаффуси нимсоата то соати 12 хӯроки гарму бепул дода мешавад.
Корхона ашёи хомро аз бозори Абӯсахии шаҳри Тошканд меоварад.
Ба вилоятҳои Намангон, Андиҷон, Тошканд, Бухоро ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон маҳсулоти зиёд мебароварад. Содирот ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон беҳисоб аст.
2 сол аввал ба Кувайт 36 ҳазор долларина маҳсулот содир шуд. Порсол содирот ба Русия 120 ҳазор долларро ташкил карда бошад, имсол бо афзоиши баланд ба ин кишвари паҳновар 200 ҳазор долларина маҳсулот ирсол карданианд.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кушон текстил гроуп» нақша дорад, ки бинои кории навро ба кор андохта, боз 40 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин кунад.
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.