Интихобот-2023: КМИ сана ва вақти овоздиҳии пеш аз мӯҳлатро дар интихоботи Президенти Ӯзбекистон тасдиқ кард

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботӣ, ки имрӯз баргузор шуд, сана ва вақти овоздиҳии пеш аз мӯҳлат дар интихоботи Президенти Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.

Дар ҷаласа қарор шуд, ки дар қитъаҳои интихоботии Ӯзбекистон барои шаҳрвандоне, ки дар рӯзи интихобот наметавонанд дар маҳалли зисташон бошанд, овоздиҳии пеш аз мӯҳлат баргузор шавад.

Мутобиқи он, овоздиҳии пеш аз мӯҳлат 28 июн оғоз шуда, 5 июли соли 2023 ба охир мерасад ва вақти овоздиҳии пеш аз мӯҳлат дар участкаи интихоботӣ дар рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 то 18:00 ва дар рӯзҳои истироҳат ва ид аз соати 11:00 то 17: 00 аст.

Интихоботи пеш аз мӯҳлат барои мақоми президентӣ 9 июли соли 2023 баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва дигари Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ 56 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: