САРФАИ ОБ БА НАФЪИ МОСТ!

Пӯшида нест, ки қисме аз аҳолии мамлакатамон ба оби ошомиданӣ эҳтиёҷ дорад.

 Ҳоло дар кишварамон норасоии об то дараҷае эҳсос мегардад. Натиҷа гирифта шудааст, ки захираҳои об, бахусус, захираи оби ошомиданӣ хеле кам мегардад. 
Чаҳоряк қисми оби мамлакатамонро обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳад, ки дар як сол ба миқдори 7 млрд. м3 гирифта мешавад. Аммо дар амал ин нишондод мумкин аст то 1,5 баробар зиёд бошад, чунки дар назди биноҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои таълимӣ чоҳҳое канда мешаванд, ки доир ба миқдори оби истифодаи онҳо маълумот на ҳамеша дастрас мешаванд.
Назорати об дар кишварамон ба зиммаи Кумитаи экология ва ҳифзи гирду атроф, инспексияҳои об ва геологияи ҷумҳурӣ гузошта шудааст. Ҳамаи ин ташкилотҳо тартибу қоидаи хоси назорати худро дошта бошанд ҳам, ҳоло наметавон гуфт, ки соҳа аз камбудиву мушкилот холӣ аст. Масалан, обе, ки барои кишту кор, покиву тозагӣ ва ё шустушӯ истифода мешаванд, аз ҳисоби обе мебошад, ки барои ошомидан пешниҳод шудааст.
Бесабаб, бузургонамон калимаи «об»-ро қатори калимаҳои ҳаёт ва ҳаво истифода набурдаанд. Азбаски танаи инсон асосан аз об таркиб ёфтааст, ҳар лаҳза ба ин неъмати бебаҳо эҳтиёҷ пайдо мешавад. Ин маъниро дар назар дошта, намояндаи Кумитаи давлатии геологияи ҷумҳурӣ И. Пӯлотов дар чорабинии матбутие, ки бахшида ба мушкилоти об дар ҷумҳурӣ баргузор шуд, гуфт, ки аксарияти аҳолӣ маданияти истифодаи сарфакоронаи обро азхуд накардаанд. Дар рӯзҳои гармои тобистон  ба миқдори зиёд пошидани об, барои салқиншавии замин, ё ки насби қубури об то ҳисобкунаки он ба ин мисол шуда метавонад. Вазъи имрӯза тақозо менамояд, ки ба чунин беаҳамиятӣ бояд нуқта гузошта шавад.
– Мушкилоти вобаста ба энергияи электрикӣ, ки рӯзҳои охири моҳи январи соли ҷорӣ рӯйи кор омад, барои ҳамаи мо бояд дарси ибрат шавад, – гуфт ба суҳбаташ идома бахшида И. Пӯлотов. – Агар чунин ҳолат вобаста бо танзим ва манбаи об ба вуқӯъ ояд, аҳвол тамоман ранги дигар мегирад...  
Ғайр аз ин, дар чорабинӣ таъкид гардид, ки роҳбари давлат низ ба масъалаи об ва оби ошомиданӣ ҳамеша эътибори ҷиддӣ медиҳад. Аз ҷумла, ҷамъомади видеоселекторие, ки ба наздикӣ таҳти сарварии роҳбари давлат ба вуқӯъ омад, масъалаҳои беҳсозии низоми оби ошомиданӣ таҳти муҳокима қарор гирифт. Дар он эътибори асосӣ ба ноҳияҳое нигаронда шуд, ки дараҷа ва сифати таъминоти об дар онҳо паст аст, масалан, таъминот бо оби ошомиданӣ дар вилоятҳои Қашқадарё, Сурхондарё ва Ҷиззах беш аз 60 фоизро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои Ғузор, Деҳқонобод, Косон, Шеробод, Ангор ва Хатирчӣ ин нишондод аз 30 фоиз кам аст.  
Яке аз мушкилоте, ки мутахассисони соҳаро ба ташвиш овардааст, паст шудани сатҳи оби зеризаминии якчанд навоҳии вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанд, Қашқадарё, Фарғона ва Намангон мебошад. Маълум, ки барои ҷамъ шудани об дар зери замин солҳои зиёд лозим мешавад. Интизорӣ меравад, ки мутахассисон чораҳои пешгирии чунин камбудиро меандешанд ва саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки оби зери замин дар ин мавзеъҳо то ҳадди имкон дар он сатҳе, ки вуҷуд дорад, нигоҳ дошта шавад.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: