ВАТАН, ҚИБЛАГОҲИ СУҶУДАМ ТУӢ!

Дар бораи шахсиятҳои маъруф, хосса бузургмардони илму адаб, корномаи дурахшони онон, ҳарфи тозае гуфтан, корест басо масъулиятпазир ва душвор...

Дар бораи  шахсиятҳои маъруф, хосса  бузургмардони илму адаб, корномаи дурахшони онон, ҳарфи тозае гуфтан, корест басо  масъулиятпазир ва душвор... Ғолибан, бузургмардони илму адаби тоҷик, чӣ дирӯзу чӣ имрӯз, дар анвои улум қутби хешро доштаанду доранд. Ҷазбаи дурахши анвори  афкорашон рӯшангари печу хамиҳо буда, онҳоро барои равандагони роҳи илму адаб чароғону ҳамвор месозад.
Сухан дар бораи шахсест, аз табори ситорагони илму адаби тоҷик, чун Суҳайлӣ, Зуфархон Ҷавҳаризода ва даҳҳо нафар шоиру нависандагони Устурушани бостонӣ. Ниҳоди ин мардуми наҷиб бо шеъру сухан, ҳунару халлоқият сиришта аст. Агар ба дастнависҳои куҳан, баёзу сафинаҳои ниёгонамон  бингарем, хоҳем дид, ки танҳо аз нимаи қарни XIX  то ибтидои қарни XX, яъне фақат дар тӯли 70-80 сол, мо беш аз 50  шоиру нависанда, риёзидону мусиқашиноси варзида  доштаем, ки то кунун ношинохта мондаанд ва ному осорашон  дар  китобхонаҳои ин ҷову он ҷо ба зовияи фаромӯшӣ супурда шудаанд... Умедворем бо пайи қадами мубораки сарвари давлати Ӯзбекистон, ҷидду ҷаҳди олимону нусхашиносони ду кишвар ин халои илмию фарҳангӣ пур аз муҳтаво ва ному осори он бузургони  азёдрафта эҳё хоҳад шуд. 
Чунин ба назар мерасад, ки кӯлбори вазини таҳқиқоту пажӯҳишҳои мондагори  устод  Кароматуллоҳ аз ибтидо то имрӯз ҳамеша оканда бо шеър будааст... Чӣ дар сафар ва чӣ дар ҳазар (сукунат), чӣ дар ковишҳои илмӣ ва чӣ дар суҳбату суханрониҳо, яъне ҳамвора шеър дилбардору илҳомбахши  ӯ будааст.  
Устод Кароматуллоҳ Олимзода, академик, узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз суфраи маънавии Абуалӣ ибни  Сино, Ҳаким Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ,  Абусаиди  Абулхайр, Мавлоно Ҷомӣ, Мирзо Бедил, Аҳмади Дониш ва дигар гузаштагони илму адаби тоҷик бархурдор шуда, китобу рисолаҳои арзишманде барои  мардумон  ба армуғон овардааст. Ӯ нахустин бор дар илми таърихи фалсафаи тоҷик  ба таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи осору аҳволи  орифони машҳури қарнҳои IX -XII пардохта, самараи заҳамоташро дар китоби  “Тасаввуфи Хуросон” (1994) гирдоварӣ намудааст. Аксар осори фалсафиву ахлоқии устод чун манобеи дарсӣ дар донишкадаву донишгоҳҳо ва ҷаҳон  тадрис мешаванд. 
Академик Кароматулло Олимов ҳамчун сиёсатмадор низ пешинаи дурахшон дорад, саҳми ӯ дар оромишу шукуфоии Ватан, таҳкими равобити ҳасана бо кишварҳои ҳамсоя, мамолики хориҷа ҳоизи аҳамият аст. Ӯ дар лаҳзаҳои барои Тоҷикистон басо ҳассос  масъулияти раёсати Вазорати фарҳанг, раёсати умури  ЮНЕСКО  оид ба мусолиҳаи миллиро бар ӯҳда дошта, солҳои тӯлонӣ ба ҳайси мушовири давлатии Президенти мамлакат ифои вазифа  намудааст.
Имрӯз низ академик Кароматулло Олимов рукне аз аркони муҳимми илму тамаддуни кишварро ҳидоят мекунад. Ӯ ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,  сарварии шуъбаи байналмилалии илмҳои ҷомеашиносии Академияро низ ба ӯҳда дорад. 
Бояд ёдовар шуд, ки устод Кароматуллоҳ Олимов  аз зумраи шоиронест, ки осори назмии Алишери  Навоиро ба забони тоҷикӣ бармегардонад.  Ба фазли тарҷумаҳои  салису равони ӯ, манзумаю маснавиҳои ин адабмарди бузурги адабиёти классикии ӯзбек дар дилу дидаи хонандаи тоҷик ҷойгоҳи дурахшон касб кардааст. 
Дар поён, ба унвони намуна аз китоби ашъори ба тозагӣ нашршудаи устод чанд чакомаеро ба ҳалқи ташнагони шеъру сухани дӯстӣ  мечаконем ва умед мекунем, ки писанди хотиру дилҳояшон мегардад.

Файзхоҷа МАҲМУДОВ, 
ходими илмӣ ва нусхашиноси  Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Ӯзбекистон.

Кароматуллоҳ ОЛИМ

Бояд омӯзем дарси сулҳи Турсунзодаро!

Бояд омӯзем дарси сулҳи 
Турсунзодаро,
Шоири вассофи ишқу мардуми озодаро.
Орзу мекард сулҳу дӯстӣ ёбад бақо,
То шавад хушбахт халқи Осиёву Африқо.
Сӯфиён з-ин рӯ ба кори Сулҳи кул 
пардохтанд,
Зиндагии хеш вақфи бахти инсон сохтанд.
Хостанд инсон мақоми эзидӣ пайдо 
кунад,
Одами комил шавад, то асли худ эҳё
 кунад.
Бояд омӯзем дарси Ваҳдати халқи Худо,
То шавад хушбахт авлоди башар 
зери само.
Офарин бар ҳар касе, к-ӯ ёри 
ирфонӣ шавад,
Покдил чун сӯфиёну дӯсте ҷонӣ шавад!


Дӯстӣ

Ҳар куҷо ки решаҳо дорад ниҳоли дӯстӣ,
Мешавад сарсабзу зебо аз ҷамоли дӯстӣ.
Борҳо хондем аз таъриху дидем дар ҳаёт,
Инҳидоми қавмҳо аз инфиоли дӯстӣ.
Кохи он давлат бақо дорад, 
агар бигзоштанд
Дар асосаш хиштҳои безаволи дӯстӣ.
Эй ҷавонони Ватан, 
уммеди сабзи тоҷикон,
Парваред андар замири худ 
ҳисоли дӯстӣ.
Мерасад бар авҷи иззат ҳар кӣ парвозе 
кунад,
Дар фазои синаҳои софу боли дӯстӣ.
Боиси бахти сиёҳи мардумон донӣ,
 ки чист?
Дур аз сар кардаанд онҳо хаёли дӯстӣ.
Асрҳо бигзашт андар корзори хоку хун,
Асрҳо минбаъд бодо асру соли дӯстӣ!
То шавад хушбахт насли одамӣ 
андар ҷаҳон,
Дарсҳо бояд паёпай аз ҷалоли дӯстӣ.


Ватан тоҷи сар

Аз Ватан марғубтар ҷое намебошад 
дигар,
Дилнишин дар баҳру бар ҷое намебошад 
дигар.
Гарди он чун сурма равшан кард 
чашмони маро,
Равшанибахши басар ҷое намебошад 
дигар.
Ғунчаи ишқу умедам гул кунад дар 
ин чаман,
Дилкушотар чун саҳар ҷое намебошад 
дигар.
Ғофилон ҷӯянд амни хеш дар 
ғурбатсаро,
Ғайри меҳан бехатар ҷое намебошад 
дигар.
Дар Ватан нозу адои ёр дорад нашъае,
Нозбардоре дигар ҷое намебошад 
дигар.
Ном хоҳӣ, нанг дорӣ, дар миёни халқ бош,
Мардро тоҷе ба сар ҷое намебошад 
дигар.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: