ҚАДАМИ ИСЛОҲОТ БА ГӮШАҲОИ ДУРДАСТ НИЗ МЕРАСАД

Ободу ба талаби замона мувофиқ гардондани рӯзгори мардум аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ислоҳоти иқтисодӣ мебошад, ки кунун ҳукумати ҷумҳурӣ дар саросари мамлакатамон роҳандозӣ кардааст.

Ислоҳот тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифта, мурод аз он сохтани коргоҳҳои замонавӣ, суръат бахшидан ба ҳаҷми истеҳсоли маводи мавриди ниёзи мардум, зиёд кардани ҳосилнокии меҳнат, таъмини қишри ҳанӯз бекори аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ, беҳбуд бахшидани некуаҳволии мардум ва баланд бардоштани қадри инсон дар ҷомеа аст. Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми ҷумҳурӣ изҳор дошта буд, ки дар ҷомеа бояд инсон мақоми баланд дошта бошад. Дар ҷомеае, ки ба қадри инсон мерасанд, ба ҳама гуна пешрафтҳо ноил метавон шуд. 
Қадами ислоҳоти густурдаи иқтисодӣ кайҳост, ки ба шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё низ расида, даҳҳо коргоҳҳои ҷавобгӯи талаботи замон бунёд меёбанд. Хусусан барои беҳбудии некуаҳволии бошандагони маҳаллаҳои дур аз маркази ноҳияҳо корҳои шоёне иҷро мешаванд, ки боиси хушҳолии мардуми таҳҷоӣ мегардад. Ноҳияи Шаҳрисабз аз гӯшаҳои зебои ватанамон аст, ки имрӯз ба туфайли иҷро гардидани лоиҳаҳо дар робита ба ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ хеле пешрафт кардааст. Ҳукумати маҳаллӣ диққати худро ба ободонӣ ва некуаҳволии мардуми он маҳаллаҳо равона сохтааст, ки дур аз ободиҳо зиндагӣ мекунанд ва тӯли даҳсолаҳо аз назарҳо афтода буданд. Ҳокими ноҳия Самад Ҳасанов бо зиндагии сокинони маҳаллаи «Биғми» шинос шуда, барои ҳалли муаммоҳо азм намуд. Барои беҳбудии зисти онҳо бунёд кардани нуқтаҳои замонавии хидматгузории маишӣ, маркази тафреҳӣ барои куҳансолон ва марказҳои ҳунармандиро зарур шуморид. Идораи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Биғми» то кунун дар бинои кӯҳнаи мактаби рақами 46 ҷой гирифта буд. Ҳоло бо ташаббуси ҳокими ноҳия бо роҳи ҳашар бунёд кардани як бинои нави замонавӣ оғоз гардид.
Деҳаи Кӯли ноҳияи Шаҳрисабз зиёда аз 100 километр дуртар аз марказ ҷой гирифта, яке аз баландтарин нуқтаҳои кишварамон аст. Қадами ислоҳот ба ҳамин гӯшаи дурдаст низ расидааст. Ҳоло барои бошандагони ин маҳал як бинои замонавии муассисаи томактабӣ ва нуқтаи тиббии оилавӣ бунёд мешавад. То ин дам аҳолии деҳаи Кӯл орзу дошт, ки соҳиби як нуқтаи хидматрасонии тиббӣ бошад. Роҳи дур аз ободиҳо ҳамеша боиси сарсониҳо мешуд. Барои сохта ба истифода додани бинои нуқтаи тиббии оилавии мазкур, ки 50 ҷойи қабул дорад, 1,870 миллион сӯм маблағ ҷудо шудааст. Алҳол корҳои рангубори бино идома доранд.
Ҳамчунин дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Полмон» бар ивази 1,849 миллион сӯм бинои нави поликлиникаи оилавии №39 барпо меёбад, ки дар сурати ба истифода дода шудани он бошандагони маҳаллаҳои «Улоч» ва «Шакартери» ҳам аз хидмати босифати тиббӣ баҳраманд мешаванд. Дар ин се маҳаллаи ноҳияи Шаҳрисабз 12 ҳазору 614 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.
Бояд таъкид кард, ки дар ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаи «Танхоз» ва «Тепар»сохтмони биноҳои муассисаҳои томактабӣ идома доранд.
Ба роҳ монда шудани ин лоиҳаҳо боиси беҳбуд ёфтани ҳаёти мардум хоҳанд гашт.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: