ДАР ҚАРАВУЛБОЗОР ХАРБУЗА ПУХТ

Ноҳияи Қаравулбозор дар самти шарқӣ-ҷанубии вилояти Бухоро воқеъ гардида, бобати зироатпарварӣ душворӣ, қулаӣ ва иқлими ба худ хос дорад.

Дар ин ҷо деҳқонони асил ва матинирода баҳри ободию фаровонии диёр заҳмат мекашанд. 

Дар вилоят аввалин шуда пухта расидани харбуза инро собит месозад. Имсол деҳқонон дар 1,2 гектар гармхонаи кооператсияи «Қаравулбозор томорқа экспорт» харбузаи навъи пешпази «Дакара» корида парвариш карданд. Истифодабарӣ аз  технологияи «чакраоб» самараи дилхоҳ дод. Деҳқонон ният доранд, ки аз киштзор қариб 30 тонна ҳосил гиранд. 15 май харбузаҳои расида дастраси истеъмолкунандагон гардид. Бояд таъкид намуд, ки дар ноҳия оилаҳое, ки дар қитъаҳои наздиҳавлӣ моҳи феврал харбузаю тарбуз коридаанд, кам нестанд. Рӯзҳои наздик баробари харбузаҳои ширини навъҳои «Дакара»-ю «Аэропорт» тарбузҳои пуршаҳди ин ҷо низ боиси афзудани файзи дасторхон мегардад.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: