ТАФАККУРИ ИЛМӢ МОРО МУТТАҲИД МЕСОЗАД

Тоҷикону ӯзбекон як халқеянд, ки бо ду забон ҳарф мезананд.

Халқи Ӯзбекистон ба муносибатҳои дӯстонаи халқи бародари тоҷик, ки такя ба таърих, мероси маданию маънавӣ ва анъанаҳои неки аҷдодамон доранд, арҷ мегузорад. Дар рӯзҳои рӯшан ва имтиҳонҳои ҳаёт мо ҳамеша дар паҳлӯи ҳам будаем, якдигарро дастгирӣ кардаем.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Тоҷикону ӯзбекон як халқеянд, ки  бо ду забон ҳарф мезананд. Аз азал бо якдигар дӯсту бародар ва қудову анда ҳастанд. Урфу одат ва тарзи зиндагии муштарак доранд, ҳамсояҳои хайрхоҳи девордармиёнанд. Аз қадим китф ба китфи ҳам дода, дар соҳилҳои дарёи Сиру Ому ба сар бурдаанд. Инро таърихи куҳан собит менамояд.
Вақте оиди тафаккури ин халқҳои ба ҳам наздик сухан ба миён меояд, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ пеши назар меоянд, аз намояндаи барҷастаи адабиёти муосири тоҷику ӯзбек, алломаи рӯшанфикри зуллисонайн, нахустин академик ва поягузори Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, ки дар таърихи ҷумҳуриамон ҷойгоҳи худро дорад, ёд менамоем. Ё бигирем, дӯстии байни академики Фарҳангистони улуми  Тоҷикистон, шоири маҳбуби халқи тоҷик Мирзо Турсунзода ва академики Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон, шоири маҳбуби халқи ӯзбек Ғафур Ғуломо оё ҳавасангез нест? 

Мегӯянд, ки Ғафур Ғулом рубоиёти Мирзо Бедилро ба он андоза амиқ таҳлил мекардааст, ки аксарияти суханварони тоҷик намедонистаанд, ки ӯ тоҷик аст ё ӯзбек... Хатмкардаи Дорулмуаллимини тоҷики Тошканд дар авохири солҳои 20-уми асри сипаригардида – Мирзо Турсунзода забони ӯзбекиро низ хуб медонистааст. Вожаи зуллисонайн (дузабона) низ хоси халқҳои тоҷику ӯзбек буда, аз замонҳои қадим на танҳо аҳли илму адаб, балки одамони одӣ низ ба ду забон озод ҳарф мезадаанд. Ин гуна мисолҳо дар соҳаи илму фан, адабиёт, таърих ва дигар соҳаҳо хеле фаровонанд.
Бо вуҷуди он ки инқилоби қарни сипаригардида ва ҷангҳо ба сари халқҳои ҷафокаши мо кулфатҳои  зиёде овард, илму фан ва фарҳанги онҳо рушд кард. Канортар аз қалъаи машҳури Хуҷанд, ки ватанпарварон таҳти роҳбарии Темурмалики ҷасур онро аз ҳуҷуми муғулони истилогар ҳимоя карда буданд, хонаи лоине буд, ки дар он яке аз бузургони илми ӯзбек, поягузори мактаби навини ӯзбек, муаллифи якчанд китобҳои дарсӣ, президенти нахустини Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон Тошмуҳаммад Ниёзович Қорӣ-Ниёзӣ соли 1897 ба дунё омадааст.
Дарвоқеъ, аҳамияти илми олиме, ки  метавонад фарзанди як қавм мебошад, дар он аст, ки барои бани башар низ хидмат кунад. Тафаккури илмӣ халқҳоро муттаҳид месозад. Қорӣ-Ниёзӣ аз таърих, урфу одат ва анъанаҳои халқ вуқуфи комил дошт. Вақте дар вилояти Фарғона нахустин мактаби ӯзбекро созмон дод, бист сол дошт. Ӯ омӯзишгоҳи педагогии Қӯқандро ташкил дода, дар ҳаққи хатмкунандагони нахустини он чунин гуфта буд: «Бошад, ки теъдоди сенздаҳ нафар хатмкунандагони он оянда ба сенздаҳ ҳазор нафар расад».
Солҳои охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, дар баробари ба роҳ мондани робитаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар робитаҳо дар байни ду давлати мустақил саъю кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки муносибатҳои қадимии халқҳои мо эҳё гарданд, ки беҳуда нест. Мо дар замони мураккабе ба сар мебарем. Дар харитаи геосиёсии ҷаҳон ҷараёнҳо беш аз пеш муталотум мегарданд. Дар ин ҷараёнҳои муҳлик сатрҳои дар пештоқи Созмони Милали Муттаҳид навишташудаи намояндаи бузурги адабиёти форс-тоҷик Саъдии Шерозӣ, ки бар он аст, ки зоти инсон аз як гавҳар асту рӯзгор як узвро ба дард оварад, дигар узвҳо орому қарори худро аз даст медиҳанд, имрӯз низ пураҳамиятанд:
Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ё  ин байти  шоир ва мутафаккири ӯзбек Алишер Навоиро бигирем:
Олам аҳли билингизким, 
иш эмас душманлиғ,
Ёр ӯлунг бир-бирингизгаким 
эрур ёрлиқ иш.
Тарҷумааш:
Аҳли олам душманӣ асло намеояд ба кор,
Якдигарро дӯст бошед, 
иртифоъ аз дӯстист.
Чунин ба назар мерасад, ки шоири бузург аҳли дунёро ба ҳушёрӣ даъват менамояд. 
«Осиёи Марказӣ – самти устувори асосӣ». Ин суханон, ки аввал дар барномаи пешазинтихоботӣ, сипас дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев омада буд, дилҳои моро аз фараҳ лабрез намуд. Пазироии самимонаи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон низ намоёнгари ҷиҳатҳои муштараки ду халқ мебошад.
Тарзи зиндагӣ, урфу одат ва ҷашнҳои халқҳои мо низ муштараканд. Наврӯзи ба рӯйихати репрезентивии ЮНЕСКО ба сифати мероси фарҳанги ғайримоддии бани башар воридшуда низ, ки аз ҷониби ду халқ чун ҷашни таҳаммулпазирӣ, қадру қимат ва меҳру шафқат ҷашн гирифта мешавад, ин гуфтаро собит  менамояд. Ин гуна мисолҳо дар ҳар қадам рӯ ба рӯ меоянд. Аз дидгоҳи илмӣ қаробат ҷустан ба мушкилоти минтақа ва ҳаллу фасли масоили дар назди бани башар истода низ ҳамкориро тақозо доранд.
Ғояҳои бамиёнгузоштаи роҳбарони ду давлат доир ба он ки Осиёи Марказиро таърихи ягонаю ояндаи муштарак ба ҳам мепайвандад, ба маънои томаш дар рӯзгори аҳолии минтақа гардиши куллӣ буд. Онҳо ҳоло дар дунёи глобалӣ бо назардошти  он, ки мафҳумҳои дӯстӣ ва меҳру оқибат дар давраҳои муайян аз имтиҳон мегузаранд, дар роҳи ҷойгоҳи худро пайдо кардан қадамҳои устувор мегузоранд. Пӯшида нест, ки ба барқарории муҳити  минтақа хидмат карда истодани  ин ҳолатро аҳли ҷомеаи ҷаҳон эътироф менамояд. Шоистаи таҳсин аст, ки риштаҳои пайванди халқҳое, ки дар заминҳои серҳосили байни ду дарё аз замонҳои хеле қадим ҳамзистии осоишта доранд, ба ҳамдигарфаҳмии онҳо хидмат менамояд. Аз он ки дӯстию бародарӣ, сулҳу осоиш, субот  ва эҳсоси боварию эътимод, якпорчагии арзишҳоро таъмин менамоянд, ба роҳбари Ӯзбекистон, дар баробари халқҳои минтақа, аҳолии Тоҷикистон низ арзи сипос менамоянд.
Мутахассисон хуб медонанд, ки дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ аз ҳудуди Шаҳристони Тоҷикистон доир ба таърихи Осиёи Марказӣ маълумотҳои арзишнок  ба даст омадаанд. Баъди аз ағбаи Шаҳристон гузаштан марзҳои ноҳияҳои Айнию Мастчоҳ оғоз меёбанд. Заҳириддин Муҳаммад Бобур вақти аз кишвари ӯзбек баромада, роҳи Афғонистонро пеш гирифтан дар «Бобурнома»-аш доир ба ин мавзеъҳо суханони таърихӣ овардааст: «Кенти поёнии Мастчоҳ Оббурдон аст, – менависад ӯ. – дар поёнтари Оббурдон чашмаест, аз ин чашма болотараш тобеи Мастчоҳ мебошад. Поёнаш ба Палғар тааллуқ дорад. Дар сари ин чашма рӯйи санги  гулӯи он ин се байтро ҳак кардам:
Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар санге навишт:
Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,
Бирафтанд то чашм барҳам заданд,
Гирифтем олам ба мардию зӯр,
Валекин набурдем бо худ ба гӯр».
Дар ин санг абёти Саъдии Шерозӣ ҳак шудаанд. Муаррих Александр Семёнов ба навиштаҷоти ин санг чунин баҳо додааст: «Санги Бобур метавонад зеби музейҳои машҳуртарини ҷаҳон гардад». Дар ҳоли ҳозир дар Институти таърихи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санги дигари  сиёҳи лайсу ҳамворе нигоҳдорӣ   мешавад, ки дар он низ Мирзо Бобур абёти пурмаънои Шайх Саъдиро ҳак кардааст. 
Китоб сарчашмаи илму тафаккур маҳсуб мешавад. Медонем, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар тӯли фаъолияташ ба сифати роҳбари давлат ба китобу китобхонӣ эътибори ҷиддӣ дод. Тоҷикистониён низ хуб медонанд, ки дар бораи ҳар ҷамъият тавассути муносибати он ба китоб метавон тасаввур ҳосил кард. Дар китобхонаҳои Тоҷикистон сарчашмаҳои илму фан – китоб чун гавҳараки чашм ҳифз карда мешаванд. Аз ин рӯ, захираи китобхонаҳои деҳот низ кам нест. Китобхонаҳои марказии  шаҳрҳои мамлакат тавассути технологияҳои ахбори муосир бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар Душанбе, робитаи доимӣ доранд. Санъати меъмории Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бинои муҳташамтарини Осиёи Марказӣ мебошад, худ як муъҷиза аст. Намуди зоҳирии он ҳар бинандаро ба ҳайрат меоварад. Девори хокистарранги он аз дур ба китоби боз шабоҳат дорад. Чунин ба назар мерасад, ки нимпайкараи 22 нафар олиму адибе, ки ба рушди фарҳанги тоҷик саҳми назаррас гузоштаанд, аз саҳифаҳои ин китоб ба бинанда менигаранд.
Дарозии ин бинои нӯҳошёна, ки 20 марти соли 2012 бо иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон кушода шуда буд, 167 метр буда, бараш 52 метрро ташкил медиҳад. Майдони умумии он 45 ҳазор метри мукааб мебошад. Дорои даҳҳо толори хониш, галереяҳо ва толори чорабиниҳост. Барои хидмати замонавӣ расондан ба мизоҷон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо Китобхонаи миллии Ӯзбекистон робитаи мустаҳкам дорад, ки ин робита ба рушди илми ду мамлакат хидмат хоҳад кард.
Шавкат Мирзиёев ба сифати роҳбари давлат аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш ба Фарҳангистони улум рӯйи эътибор гардонд. Соли 2017-ум интихоботи Фарҳангистони улум баргузор шуд. Тибқи  Фармони Президент «Дар бораи тасдиқ намудани  аъзои ҳақиқии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон», баъди 22 соли танаффус, ба академикӣ шахсони сазовор интихоб гардиданд. Олимоне, ки бино ба мизонҳои зиёд аз бисёр зинаҳо аз фанҳои физикаю математика, кимиё, биология, техника, хоҷагии деҳот, таърих, иқтисодиёт, филология, ҳуқуқшиносӣ, педагогика, тиб сарбаландона гузаштаанд, ба сафи академикҳои тасдиқгардида шомил гардиданд. Барилова, Фармони Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба рағбатнок созондани фаъолияти аъзои ҳақиқии Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аъзо-мухбир ва аъзои ҳақиқии Фарҳангистони улуми хоҷагии деҳоти собиқи Ӯзбекистон» ба тасвиб расид.
Пешбинӣ гардид, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2018 маоши камтарини ҳаққи меҳнати ба  аъзои ҳақиқии Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аъзои ҳақиқии Фарҳангистони улуми хоҷагии деҳоти собиқи Ӯзбекистон 12 баробар, ба аъзо-мухбири Фарҳангистони улуми хоҷагии деҳоти собиқи Ӯзбекистон ба миқдори 8 баробар ҳаққи камтарини маош чун моҳона-гонорар пардохта хоҳад шуд. Ба ҷуз ин, моҳона-гонорари академику аъзо-мухбирон аз андозе, ки аз даромади шахсони ҷисмонӣ гирифта мешавад, озод карда шудааст.
Шароити мусоиде, ки ба аҳли илми Ӯзбекистон фароҳам оварда шудааст, беҳ гардидани ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён ва аспиранту олимоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мегиранд, ба ҳалли якҷояи мушкилоти минтақа роҳи васеъ мекушояд. Дар минтақаи мо мушкилоте, ки ҳаллу фасли илмиашонро интизоранд, кам нестанд. Соли сипаригардида васеъ ҷашн гирифта шудани  80-солагии Фарҳангистони улуми  Ӯзбекистон аҳли илми дунё, қабл аз ҳама моро хеле хушнуд кард. Мо хуб медонем, ки ҳамкасбони ӯзбеки мо бо роҳбари давлати худ фахр мекунанд, зеро дар муддати кӯтоҳ ба илму фанни ӯзбек тағйироти зиёд ворид гардид. Соҳиби ҳар гуна иқтидор бояд донишу тафаккури худро ба сарзамини худ сарф намояд. Халқҳоямон аз азал ба олимон арҷ мегузоранд. Барои ба камол расидани иқтидорҳои ҷавоне, ки ҳастии худро ба илму фан бахшидаанд, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистон эътибри ҷиддӣ медиҳад. Фикр мекунам, ин суханони Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки гуфтааст: «Ҳамаамон хуб медонем, ки дар замони мо дар ҳама ҷабҳаҳо илму дониш ва истеъдод чун обу ҳаво зарур аст. Ҳар гуна давлат танҳо дар ҳамин асос рушд мекунад, агар содатар гӯем, инсон назар ба нируи бозу, бо неруи илм бештар даромаду обрӯ пайдо мекунад», сарфи назар аз қавму нажодаш, ба ҳамаи онҳое, ки бо илм сарукор доранд, дахл дорад.
Мақоли халқи тоҷик: «Ангур аз ангур гирад ранг, ҳамсоя аз ҳамсоя гирад панд», ба соҳаи илму фан низ рабт дорад. Роҳбарони давлатҳоямон дар ҳар вохӯрии худ доир ба илму фан, таълиму тарбия ва санъату фарҳанг лоиҳаҳои нав ба навро ба миён мегузоранд, ки ба рӯйи халқҳоямон  уфуқҳои нави пешрафтро мекушоянд. Ӯзбекистон ҳар сол теъдоди грантҳои таълимиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд мекунад. Дар ду кишвар рӯзҳои киною фарҳанг ва ҷашнвораҳои гуногун баргузор мегарданд, ба ҳамкориҳои густурдаи вилоятҳои ҳамсоя эътибор дода мешавад. Татбиқи лоиҳаҳои нав  дар соҳаҳои иқтисодию технологӣ, нақлиёт ва тиб ба қудрати кишварҳоямон афзуд. Халқҳои мо метавонанд робитаҳоро беш аз пеш густариш диҳанд. Бешак, ба туфайли иродаи сиёсии роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дӯстии халқҳоямон рӯз аз рӯз таҳким хоҳад ёфт.

 


Лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда, таърихи нав

17-20 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе нахустин намоиши маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар он 1500 навъи маҳсулоте, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол мешавад, намоиш дода шуд.
 Моҳи майи соли 2017 дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон баргузор шуд.
 Моҳи апрели соли 2017 хатсайри мустақим байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд бо қаноатмандии зиёд роҳандозӣ шуд.
 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9-10 марти соли 2018 бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
 Маросими имзои 27 созишнома, ки самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро фаро мегирад, баргузор шуд.
 Изҳороти муштараки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек эълон гардид. 
 Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи «Made in Uzbekistan» ва ҳамоиши муштараки тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
 Ҷонибҳо мавҷудияти зарфиятҳои назаррасро барои идома ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаи байналмилалӣ қайд намуда, хоҳиши тарафайн барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ изҳор намуданд.
 Ҷониби Тоҷикистон ташаббуси Ӯзбекистонро оид ба таҳия ва пешбурди резолютсияҳои Сарассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди муттасил дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ва «Маърифат ва таҳаммулпазирии динӣ», инчунин конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи ҷавонон дастгирӣ намуд.
 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мардуми Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ, пазироии самимӣ ва дӯстона ба ҳайати Ӯзбекистон изҳори сипос намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон даъват намуд.
 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9-10-уми марти соли 2021 ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд сафар карда, пас аз мулоқот бо зиёиёни Хуҷанд ғояи ба навор гирифтани филми бадеиро дар бораи дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ баён кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: