КОМЁБИИ ҒАЛЛАПАРВАРОН

ВОБКАНД.

ВОБКАНД. Ғаллакорони диловари ноҳия дирӯз дар қатори аввалинҳо ба марраи мурод расиданд. Фасли тирамоҳ 341 хоҷагии фермерии ба гандумпарварӣ ихтисосонидашудаи ноҳия дар 6 ҳазору 210 гектар майдон тухми барака кошта, ба таҷрибаи бисёрсола ва қоидаҳои зироатпарварӣ амал карда, баъди меҳнати суботкорона ҳосили дилхоҳ рӯёнданд. Дар натиҷа мавсими дарав хирмани 12 ҳазору 700 тоннагии ноҳия дастрас ва нақшаи шартномавии ба давлат супоридани ғалла бомуваффақият иҷро шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки мавсими дарав дар ноҳия 7 июн оғоз ёфта, дар ҷараёни ҳосилғундорӣ 21 комбайн ва техникаи ба онҳо вобастагардида иштирок кард. Аз ҷониби ҳар як оператор рӯзе ҳосили 12 гектар майдон ҷамъоварӣ мегардад. Бо мақсади пешгирии тороҷёбии ҳосил мақомоти корҳои дохилӣ, гвардияи миллӣ, вазъиятҳои фавқулодда, хидмати бехатарии сӯхтор низ мадад мерасонанд. Деҳқонон гандуми навъҳои «Старшина» ва «Алексеевич» корида ба мақсад расиданд. Ҳосилнокии майдонҳо ба 60-70 сентнерӣ мерасад. Ба комёбии имрӯзаи ғаллапарварони  ноҳия саҳми 37 хоҷагии фермерии иттиҳодияи истеъмолкунандагони оби «Янги ҳаёт» низ, ки дар ҳудуди Қаровулбозор фаъолият доранд, арзанда гардид. Ҳамин тариқ, меҳнатдӯстони ҳудуди «Хайробод», хусусан хоҷагиҳои фермерии «Маъруф Амин», «Иззат Илёс замини», «Нодир, Бобур, Шукур» саҳми муносиб гузоштанд. Ғаллакорон баҳри ба 37,5 ҳазор тонна расондани хирмани ғалла ором намегиранд. Заминҳои аз дону коҳ холишуда бо мақсади кишти такрорӣ ба ҷавонони лаёқатноки оилаҳои камдаромад дода мешавад.
***
РОМИТАН. Деҳқонони асили ин ноҳия низ ҳоло лаззати комёбии меҳнатӣ мечашанд. 269 хоҷагии фермерии ба ғаллапарварӣ ихтисосонидашудаи ноҳия мавсими киштукор дар 5 ҳазору 980 гектар майдон гандуми навъҳои «Старшина», «Алексеевич», «Гром», «Краснодарская 99»-ро корида ба парвариши онҳо пардохта буданд. Баъди меҳнати оқилона мувофиқи талаби агротехникӣ ниҳоят ҳосили фаровон – 14 ҳазору 963 тонна гандум фароҳам омад. Мувофиқи шартнома 12 ҳазору 210 тоннаи он ба давлат супорида шуд. Ба ин комёбӣ ҳиссаи деҳқонони хоҷагиҳои фермерии ҳудудҳои «Файзӣ Қурбон», «Янгиобод», «Халқобод», «Зарафшон» назаррас шуд. Ҳосилнокии  қитъаҳо дар ин хоҷагиҳо ба ҳисоби миёна ба 70 сентнерӣ расид. Хусусан ҷараёни корҳо дар хоҷагиҳои фермерии «Зафар», «Суннат», «Асад Полвон», «Элмуродбек Элтинч замини», «Алиёр», «Аҳтам Ҷӯра замини» аз сафи пешқадамон ҷо гирифтанд. Ҳоло дар ноҳия ҷараёни корҳо бо мақсади ба 36 ҳазор тонна расондани хирмани ғалла вусъат меёбад. Ин имкон медиҳад, ки даромади ғаллапарварон ба 84 миллиард сӯм расад.
***
ҚАРОКӮЛ. Деҳқонони меҳнатдӯсти ин ноҳия низ ба комёбии меҳнатӣ ноил шуданд. Ба ин комёбӣ  ҳамаи 214 хоҷагии фермерии ба истеҳсоли ғалла ихтисосонидашудаи ноҳия саҳми арзанда гузоштанд. Онҳо дар 5 ҳазору 626 гектар майдон гандум корида, ҳосили табъи дил рӯёнданд. То 24 июн онҳо ба давлат 11 ҳазору 12 тонна дон супорида нақшаи шартномавии солонаро барзиёд иҷро карданд. Ба ин комёбӣ ғаллапарварони ҳудудҳои «Қазон», «Сайёт», «Қаракӯл», «Зиёрат», «Човлӣ», «Қораун», «Қараҳоҷӣ», «Янгибозор», «Қуввача», «Ҷиғачӣ», «Чандиробод», «Дарғалӣ», «Маҳаллишайх» ҳиссаи муносиб гузоштанд. Бояд таъкид намуд, ки нисфи ҳосили истеҳсолгардида ҳамчун натура ба кормандони соҳа дода шуда, як қисми он бо мақсади мустаҳкамтар намудани иқтидори пойгоҳи моддии хоҷагиҳо сарф мегардад.
Дар 3 ҳазору 540 гектар қитъаҳои аз ҳосил тозакардашуда кишти такрорӣ ба амал омада, он баҳри кӯмакрасонӣ ба оилаҳои камдаромад хидмат мекунад.

А. АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: