МАВЗЕИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ДАР ҒИЖДУВОН НИЗ БА ИСТИФОДА СУПОРИДА ШУД

Мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав»

Мувофиқи Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чораю тадбирҳои бунёд кардани мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» ва таъмин намудани рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо», аз 9 декабри соли 2021, дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Барака»-и ноҳияи Ғиждувон ҷараёнҳои сохтмону бунёдкориҳо ба мақсади беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ дар ҳудудҳо мувофиқи талабҳои шаҳрсозии муосир вусъат додани сохтмони манзилҳои зебои бисёрошёна, инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ, инчунин шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ, оқилона истифода бурдани захираҳои замин ва рушди ҷараёнҳои урбанизатсияи нуқтаҳои аҳолинишин оғоз ёфта буданд, ба охир расиданд.
Дар ин ҷо маросими ба истифода супурдани мавзеи Ӯзбекистони Нав ба амал омад. Дар он собиқадорони меҳнат, фаъолони маҳалла иштирок карданд. Ҳокими вилоят ва собиқадори меҳнат Шаҳло Хӯҷаева ва дигарон ҷамъомадагонро ба муносибати ба истифода супоридани мавзеи нав муборакбод намуданд. 
Ҳоло дар ин ҷо 24 бинои панҷошёна, ки 468 оилаи ҷавонро дар бар гирифтаанд, қад боло кардааст. Ин иморатҳо ба туфайли меҳнати самараноки пудратчиёни ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Agro Mir Bulding» ва бинокорон бунёд гардид. Бо мақсади таълиму тарбияи наврасон дар ин ҷо мактаби таълими умумии  сеошёна (барои 1056 талаба), муассисаи таълими томактабии давлатӣ (дорои 360 ҷой), дар шафати он бинои дуошёнаи поликлиникаи оилавӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Манзили аввалини мавзеъ ба варзишгари умедбахш, се карат чемпиони Осиё Узукҷамол Юнусова бепул инъом гардид.
Барои иштирокдорони чорабинӣ дасторхони пурфайз оростанд. Консерти устодони санъат ба ҳозирон завқи идона бахшид.

А. АВЕЗОВ,
мухбири  «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: