ҚАҲРАМОНОНИ МО: АЗИЯТИ БЕМОРОНРО ҲАНГОМИ НАФАСКАШӢ ДИДА, ҚАЛБРО ИЗТИРОБ ФАРО МЕГИРАД ...

Бачагӣ давраи хушбахтӣ ва беғамӣ аст.

Бачагӣ давраи хушбахтӣ ва беғамӣ аст. Дар ёд дорам, боре духтурон ба мактаби мо барои эмкунӣ омада буданд. Одамони дар бар хилъати сафеддоштаро дида, мо худамонро аз тиреза ба кӯча ҳаво додем. Аммо духтурон, моро гӯё сеҳр (гипноз) намуда, водоштанд, ки боз ба синф баргардем. Аз суханони сеҳрангези онҳо ҳамаи мо чӣ хел ба эмкунӣ розӣ шуданамонро надониста мондем ...
То ки бо мудири кафедраи анестезиология ва реаниматологияи Академияи тиббии Тошканд Неъматҷон Иброҳимов суҳбат карда, ба саволҳо посух гирам, лозим омад як ҳафта интизор шавам. Ман ба вай якчанд маротиба занг задам. Ба дархости мо дар бораи ҳамагӣ панҷ дақиқа ҷудо кардани ӯ, вай ҷавоб дод: «Дар тӯли панҷ дақиқа метавонам муолиҷаи як нафар беморро ба анҷом расонам».
Вай бо телефон бо шитоб ва ҳаяҷон гап мезад.  Ман дарк кардам, ки ӯ бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳад. Ҳолати қаҳрамони худ – духтуреро, ки дар гармои тобистон комбинезон (корҷома)-и синтетикӣ ва мӯзаҳои резинӣ  пӯшидааст, хаёлан  тасаввур кардам.
— Ман сию панҷ сол дар соҳаи тиб кор мекунам. Аммо маҳз дар ин рӯзҳо эҳсос мекунам, ки то чӣ андоза касбам масъулиятнок ва душвор аст, — гуфт Неъматҷон ака. Вазъият мушкил аст, аммо тағйири вазъи бемор аз хулосаи ман вобаста мебошад ...
Қаҳрамони мо андешаҳои худро дар бораи вазъи коронавирус дар кишвар изҳор кард.
— Омодагӣ қариб ду моҳ қабл аз пайдо шудани аввалин сирояти коронавирус дар мамлакати мо оғоз ёфт. То ин вақт, дар кишвар чораҳои қатъӣ андешида шуда буданд.
Аввал ба муолиҷаи беморони коронавирус дар кишвари мо Пажӯҳишгоҳи вирусология, баъд шӯъбаи эҳёи мо дар поликлиникаи бисёрсоҳаи Академияи тиббии Тошканд, кафедраи анестезиология ва реаниматология шурӯъ намуд.
Барои мо  вируси COVID-19 як падидаи номаълум буд. Дар аввал каме мушкил буд. Дастоварди бузургтарини мо ташкили минтақаҳои карантинӣ ва шумораи ками беморон буд, ки имкон дод ин беморӣ бештар омӯхта шавад.
Мутаассифона, сабаби мавҷи нави вирус, ҷараёни шадиди беморӣ ва зиёд шудани шумораи фавт дар он буд, ки мардуми мо ба маҳдудияти карантинӣ ва риояи талаботҳо каме бепарвоӣ муносибат карданд. Чунин ҳолат дар кишварҳое мушоҳида мешавад, ки карантинро эътироф накардаанд.
Касби ман ифтихори ман аст! Бале, ҳоло мо ба мушкилоти зиёд дучор шуда истодаем, аммо ман аз интихоби касб пушаймон нестам. Агар ман ҳадди ақалл як бор пушаймон шуда бошам, намегузоштам, ки чор фарзандам ин касбро интихоб кунанд. Мо бо тамоми оила ба пандемия мубориза мебарем.
Духтари калонии ман ҷарроҳ аст, хурдтаринам офтальмолог. Писари калониам Донишгоҳи тиббии Русияро хатм кардааст ва ҳоло магистри Маркази махсуси илмиву амалии ҷумҳуриявии ҷарроҳии ба номи академик В.Воҳидов мебошад ва хурдиаш дар соҳаи стоматология кор мекунад.
Ман дақиқан метавонам ҳисоб кунам, ки то имрӯз чӣ қадар беморонро табобат кардаам. Аммо ман ҳеҷ гоҳ дар чунин вазъияти душворе, ки ҳоло барои беморон вақт ёфтан душвор аст, наафтидаам. Беморӣ хусусияти ҷиддӣ пайдо менамояд. Мо маҷбурем, ки дар давоми рӯзҳо ба пои худ бошем. Ба азияти беморон ҳангоми нафаскашӣ нигоҳ карда, қалбамро изтироб фаро мегирад, ки баъзан ҳатто ман, бо таҷрибаи 35-солаи худ, ночор мемонам ва ҳеҷ кор карда наметавонам.
Ман чунин мешуморам, ки сабаби зиёд шудани фавт аз беморӣ дар он аст, ки шаҳрвандон ба қоидаҳои муқарраршуда бепарвоӣ мекунанд ва инчунин сари вақт ба духтурон муроҷиат намекунанд, ҳолатҳои худтабобаткунӣ бидуни машварати духтур ва пайдоиши штамми нави вирус ба мушоҳида мерасанд.
Тавре ки дар боло қайд кардам, аз аввали пайдоиши ин беморӣ, бо тамоми ҷамоа мо ба беморони дар бемористон буда кӯмак мерасонем.
Дар ибтидо, чунин ҳодисаҳои вазнини мисли имрӯза камтар буданд. Ҳангоми табобат чунин мушкилӣ набуд. На ҳама беморон ба дастгоҳи ҳаводиҳии сунъии шуш пайваст буданд. Бисёриҳо бе кӯмаки онҳо сиҳат шуданд. Бо таассуфи амиқ гуфта метавонам, ки имрӯз қариб ҳамаи беморон ба чунин дастгоҳҳо ва оксиген ниёз доранд. Агар ҳукумат захираҳои ин ва дигар дастгоҳҳоро дар вақташ фароҳам намеовард, оқибати марговар метавонист  якчанд маротиба зиёдтар шавад.
Имрӯз ҳамаи мо дар сафи пеши ҷанг ҳастем. Инҳо на танҳо кормандони соҳаи тиб, балки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, қувваҳои қудратӣ, таъминкунандагон мебошанд ... Имрӯз намояндаи ягон соҳа дар назди ин балое, ки ба сари инсоният дучор омадааст, бекор намешинад.
Мутаассифона, ҳолатҳои айбдор кардани табибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасанд. Лутфан моро айбдор накунед! Ҳама ҳамкорони ман шабу рӯз ҳамчун механизми ягона барои рафъи оқибатҳои пандемия кор мекунанд.
Бале, пандемия ба ҳаёти мо таҳдид мекунад, аммо духтуре, ки ба касби худ содиқ аст ва ӯро дӯст медорад, беморро, ки  ба кӯмаки ӯ мӯҳтоҷ аст, дар ҳоли худ намегузорад.
Мо — як гурӯҳи духтурон (ман роҳбари гурӯҳи иборат аз 8 шифокор) моҳи майи соли ҷорӣ 14 рӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии амалӣ расонидем. Халқи тоҷик барои кӯмаки беподоше, ки аз ҷониби ҳукуматамон пешниҳод карда мешавад, хеле сипосгузор аст. Дар навбати худ, ман аз ҳукумат миннатдорам, ки дар байни ҳазорон табибони ватанӣ, ки маҳз маро барои кӯмаки амалӣ ба Тоҷикистон фиристод.
Ин беморӣ синну сол, миллат ва вазифаро намедонад. Барои табибон бошад, беморони солхӯрда ё ҷавон нестанд. Дар мизоҷони мубталои касалиҳои куҳна беморӣ душвор мегузарад. Аммо агар ба маълумоте, ки Вазорати  нигаҳдории  тандурустӣ пешниҳод кардааст, назар афканед, мебинед, ки дар байни ҷавонон оқибатҳои марговар зиёданд. Сабаби ин мавҷудияти бемориҳои ҳамроҳикунанда, фарбеҳӣ ва тарзи ҳаёти камҳаракат, бепарвоӣ ба қоидаҳои карантинӣ мебошад.
Аз ин фурсат истифода бурда, ба халқамон саломатӣ мехоҳам! Фаромӯш накунед, ки имрӯз ҳамаи мо барои саломатии шумо ҷавобгарем. Дар давраи пандемия, мутахассисони соҳаи тиб ва намояндагони дигар соҳаҳои салоҳиятдор танҳо барои шумо ва саломатии шумо кор мекунанд. Шумо барои мо худатонро эҳтиёт кунед!

Суҳбатнигор
Муҳайё ТОШҚАРАЕВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: