Дар 5 моҳи охир аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади сайёҳӣ ба давлати мо омадаанд.
Бино ба маълумоти агентии омор, дар моҳҳои январ-майи соли 2023 2 миллиону 600 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ ба Ӯзбекистон омадаанд.
Мақсад аз сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар моҳҳои январ-майи соли 2023 ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифтанд, инҳоянд:
- аёдати хешу табор - 2,2 миллион нафар
- истироҳат - 274,1 ҳазор нафар
- аз рӯи хидмат- 51,000 ҳазор нафар
- табобат - 28,1 ҳазор нафар
- тиҷорат - 18.400 ҳазор нафар
- ба мақсади таҳсил - 4,5 ҳазор нафар
Аз ҷумла, дар 5 моҳ аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади сайёҳӣ ба Ӯзбекистон омадаанд, ки 797 800 нафарро ташкил медиҳад.