ОЁ РОҲБАРОНИ СЕКТОРҲО НАЗАРФИРЕБӢ МЕКУНАНД?

Дар бораи чорабиниҳо оиди зиёд кардани даромади аҳолӣ, коҳиш додани камбағалӣ, ҳаддақал бо кор таъмин кардани як узви оилаи ба «Дафтари оҳанин» воридшуда, бад-ин васила таъмини бениёзии мардум бисёр ҳарф мезанем.

Дар бораи чорабиниҳо оиди зиёд кардани даромади аҳолӣ, коҳиш додани камбағалӣ, ҳаддақал бо кор таъмин кардани як узви оилаи ба «Дафтари оҳанин» воридшуда, бад-ин васила таъмини бениёзии мардум бисёр ҳарф мезанем. Ин хоссатан, дар шароити пандемия, аз масъалаҳои рӯзмарраест, ки набояд ба таъхир андохта шавад.
Бо назардошти ин, дар шароити карантин доир ба дастгирии оилаҳои ниёзманди бешуғлу бедаромадмонда тибқи рӯйхати шаффофи маҳалла ва ҳифзи иҷтимоии онҳо корҳои зиёд анҷом дода мешаванд.
29 августи соли равон қарори Девони Вазирон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба барқарор намудани рушди иқтисодӣ ва дар соҳаҳои иқтисодиёт идома додани ислоҳоти муттасили таркибӣ дар солҳои 2020 — 2021» ба тасвиб расид. Тибқи қарор «Дар харитаи роҳ»-е, ки оиди ба амал татбиқ намудани чорабиниҳо бино ба барқарор намудани рушди таркибии ислоҳот дар иқтисодиёт, идома додани он дар солҳои 2020 — 2021» тасдиқ гардидааст, тамоюлҳои коҳиш додани камбағалӣ, бошуғлфарогирӣ ва зиёд гардондани даромади аҳолӣ, додани имтиёзҳо ба қишри ниёзманди аҳолӣ муайян карда шудаанд.
Дар Харитаи роҳ дар моҳи октябри соли равон таҳлилу коркарди методологияе, ки дар асоси таҷрибаи байналхалқӣ арзёбии мизонҳои муфлисӣ ва усулҳои муайян кардани онро дар бар мегирад, дар мисоли ноҳияи Тошлоқи вилояти Фарғона тавсия дода шуд. Ҳамчунин, дар доираи методологияи коркардшуда масоили баргузории апробатсия дар мисоли 5 ҳудуди ҷумҳурӣ (шаҳри Тошканд, вилоятҳои Фарғона, Тошканд, Қашқадарё ва Сирдарё) ворид карда шуд.
Албатта, мо ин ҳуҷҷатро басе муҳим меҳисобем. Зеро тавассути ин мизони арзёбии муфлисӣ ва муайян намудани усулҳои он коркард мешавад. Дар навбати худ ин бевосита ба манфиатҳои электорати ҳизб хидмат мекунад.
Бояд қайд намуд, оиди дар минтақаҳое, ки аҳолиашон зичу соҳибкорӣ рушд кардааст, майдонҳои барои хоҷагии деҳот пешбинишуда ва холӣ ташкили минтақаҳои хурди саноатӣ, ба камбағалон додани заминҳои мавриди истифоданабуда, кандани чоҳу артезианҳо дар ҷойҳои даркорӣ супоришҳо дода шуда буд. Аммо ҳазор афсӯс, ки ҳанӯз дар ҷойҳо пешравӣ ба мушоҳида намерасад.
Ба соҳибкорӣ омӯзондани аҳолӣ, коҳиш додани муфлисӣ тавассути зиёд кардани малакаи касбӣ масъалаи умдатарин маҳсуб меёбад. Мисолан, имрӯз дар вилояти Ҷиззах 295-то маҳалла мавҷуд аст. Теъдоди оилаҳо 306 ҳазору 456-то буда, аҳолии ба меҳнат коршоям 768,5 ҳазор нафар, бекорон 57,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар вилоят ба «Дафтари оҳанин» 16 ҳазору 746 оилаи ниёзманд ворид карда шудааст. Тибқи қарори Шӯроҳои депутатҳои халқии шаҳру ноҳияҳо 5975 (36 фоиз) оилаи бо шуғл фарогирифта ва соҳиби манбаи даромад гардида аз рӯйхати оилаҳои ниёзманд бароварда шудаанд.
Пешбинӣ шудааст, ки баъди ба манзили оилаҳои ниёзманд рафта, аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои кории сектор омӯхтани вазъи зиндагиашон онҳо ба «Дафтари оҳанин» дароварда хоҳанд шуд. Вале бино ба ҳолатҳои муайяншуда аъзои гурӯҳҳои кории секторҳо ба манзилҳо нарафта, бино ба тавсияи ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳо, тибқи маълумоти аз ҷониби онҳо пешниҳодгардида «оилаҳои ниёзманд»-ро ба «Дафтари оҳанин» дароварда истода будаанд.
Дар бисёр ҷойҳо дар байни намояндагони аҳолӣ ҳолатҳои эътирозбаёнкунӣ ба мушоҳида гирифта шудаанд. Ҳатто ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис низ дар ин хусус шаҳрвандон муроҷиат менамоянд. Воқеан, гоҳо оилаҳои шароити зиндагиашон вазнин, ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷ ва оилаҳое, ки дар онҳо 1-2 нафар маъюб ба сар мебаранд, аз «Дафтари оҳанин» дар канор мемонанд. Ҳолатҳои аз ҷониби роҳбарони секторҳо пинҳон доштани оилаҳои ниёзманд, ба мушоҳида мерасанд. Инак, рӯшан мешавад, ки сухан дар бораи чӣ меравад. Ба сабаби он ки вазифаи манбаи доимии даромади минбаъдаи оилаҳои ниёзманд ба дӯшашон гузошта мешавад, масъулон онҳоро ба рӯйихат нагирифта истода будаанд. Худ натиҷа гиред...
Коҳиш додани муфлисӣ, зиёд кардани даромади аҳолӣ, бо шуғл фаро гирифтани онҳо масъалаест, ки ба дарҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. Ҳис накардани масъулият, ба вазифаи худ аз паси панҷа нигоҳ кардан оё ин ба решаи дарахти ҳаёти фаровони оянда теша задан нест? Аз пинҳон доштани оилаҳои ба ҳимоя муҳтоҷ чӣ нафъ?
Бобати бо шуғл фаро гирифтани аҳолии муфлис як қатор мушкилот вуҷуд дорад. Мисолан, ба оилае, ки дар доираи Барномаи давлатии «Ҳар як оила — соҳибкор» кредит пешниҳод мегардад, фоизи кредит зиёд аст. Бояд инро кушоду рӯшан эътироф намуд. Эътирози аксарияти шаҳрвандон сари ин масъала низ ҳаст.
Дар вилояти Ҷиззах то охири сол дар асоси ҷамоавӣ фароҳам овардани 27 ҳазору 359 ҷойи нави корӣ, барои бо шуғл фаро гирифтани бекорон ва шаҳрвандони коршояме, ки ба «Дафтари оҳанин» дохил шудаанд, ба нақша гирифта шудааст. Бо коркарди чорабиниҳо ва фароҳам овардани ҷойи корӣ дар коғаз кор буд намешавад. Гап дар сари он аст, ки бояд ҷиддан ба иҷрои кор камар бандем, вазифаи ба зимма гирифтаро аз таҳти дил ба сомон расонем. Хубӣ дошт, ки дар ин хусус мутасаддиён ҷиддӣ биандешанд. Вақте дар ҷойҳо вазъият дуруст арзёбӣ мегардад, дар роҳи ҳалли мушкилот чораҳо андешида мешаванд, кор натиҷаи матлуб мебахшад. Дар акси ҳол, дигаргуние рӯй намедиҳад, гиреҳи мушкилот кушода намешавад.

Ӯрол ӮРОЗБОЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, узви фраксияи ҲХД Ӯзбекистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: