Дар бинои нави замонавии дорои тамоми қулаиҳо, ки дар ноҳияи Ангори вилояти Сурхондарё мавҷуд аст, маркази хидматҳои иҷтимоии «Инсон» ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар Фармони роҳбари давлат аз 1 июни соли 2023-юм «Дар бораи чораҳои маҷмӯии ба аҳолӣ расондани хидмати босифати иҷтимоӣ ва ба роҳ мондани низоми назорати самарабахши он» як қатор вазифаҳо бобати ба дараҷаи нав бардоштани корҳои ҳифзи иҷтимоӣ муайян шудаанд. Дар доираи иҷрои фармони мазкур хидматҳои иҷтимоие, ки дар таркиби вазоратҳо алоҳида кор мекарданд, муттаҳид карда шуданд ва дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Оҷонсии миллии ҳифзи иҷтимоӣ, ҳамчунин марказҳои хидмати иҷтимоии «Инсон» дар раёсати Оҷонсии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо ташкил гардиданд.
Аз тариқи марказ табақаҳои ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд дар низоми ягона муттаҳид шуда, хидматҳои иҷтимоӣ ва кумакҳое, ки ба онҳо расонда мешаванд, дар доираи барнома мувофиқ карда шуданд. Низоми ба шаҳрвандон дар як ҷо хидматрасонии иҷтимоӣ ҷорӣ карда шуд, аз ҳама асосиаш минбаъд ба аз ҷомеа ҷудо мондани шаҳрвандони имконияташон маҳдуд роҳ дода намешавад.
Дар марказе, ки бо таҷҳизот ва воситаҳои замонавитарини техникӣ таъмин шудааст, 49 навъи хидмати иҷтимоӣ расонида мешавад. Ғайр аз ин, дар ин ҷо рӯҳшинос, комиссияи экспертии тиббӣ низ кор мебаранд.
Дар сурат: дар маркази хидматҳои иҷтимоии «Инсон», ки дар маркази ноҳияи Ангор ба фаъолият шурӯъ кард.
Суратгир: Ҷ. ҚӮЗИМУРОДОВ (ӮзА).