НАМАНГОН МЕҲМОНОНРО БА ОҒӮШ МЕГИРАД

Шасту як сол аст, ки дар шаҳри Намангон фестивали анъанавии гул баргузор мегардад.

Ин анъана сол то сол равнақ ёфта, баробари шумораи иштирокчиён, навъҳои гул низ зиёд мешавад. Иштирокчиёни фестивал нафақат бо гулҳои маҳаллӣ, ҳатто бо гулҳои хориҷии дар оилаашон парваришёфта низ иштирок менамоянд.

Бо ташаббуси сарвари давлатамон дар шаҳри Намангон Маркази гул ба фаъолият шурӯъ карда, дар ин ҷо парвариши навъҳои гуногун ба роҳ монда мешавад.
Соли ҷорӣ ба фестивали гул, ки ба мақоми фестивали байналхалқӣ ноил гардидааст, зиёда 200 корхона ва муассиса, 300 нафар гулпарварон бо 150 навъ, зиёда аз 20 миллион гул иштирок доранд.
Ба фестивал нафақат аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Намангон ва аз шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, аз Тоҷикистон, Русия, ИМА, Эрон, Покистон, Озарбайҷон, Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Туркия, Қирғизистон барин 20 мамлакати хориҷӣ низ меҳмонон ташриф оварданд. Барои онҳо аз тарафи ҳокимияти вилоят ва маъмуряти Боғи ба номи Заҳриддин Муҳаммад Бобур ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст.
Меҳмононе, ки ба фестивал меоянд, ғайр аз рангорангии гулҳоро дидан, аз баромадҳои устодони санъати  пойтахт ва маҳаллӣ, намойиши либосҳои миллӣ, тамошои дорбозон, мусобиқаи варзишгарон баҳра бардошта, ғизои маънавӣ мегиранд.
– Камина 25 сол аст, ки дар фестивали гул иштирок менамоям. Ба фестивал давоми сол бо аъзои оилаамон ҳамаҷониба омодагӣ мебинем, то ки гулҳои ба фестивал пешниҳодкардаамон ба меҳмонон писанд ояд, – гуфт гулпарвари соҳибтаҷриба аз шаҳри Намангон Садриддин Қодиров.
– Самарқанди бостониамон аз зумраи минтақае аст, ки дар саросари кишварамон аз ҳама зиёд сайёҳонро ба оғӯш мегирад. Онҳо баробари зиёрати обидаҳои таърихӣ, ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳрамонро зиёрат мекунанд. Мо кӯшиш менамоем барои сайёҳон дар гирду атрофи шаҳрамон гулзорҳо барпо кунем. Дар ин ҷода бо садорати ободонии вилояти Намангон ҳамкории доимиро ба роҳ мемонем, – гуфт сардори Садорати ободонии шаҳри Самарқанд Юнусҷон Бобоназаров.
– Дер боз дар фестивал иштирок карданро  орзу мекардем. Инак, орзуямон ҷомаи амал пӯшида бо дугонаам дар фестивал иштирок карда, экспозитсияҳои гуногуни бо гулҳо ороишдодашударо дида дар ҳайрат мондем, – гуфт Сабоҳат Раҳимқулова аз ноҳияи Ашти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар чаҳорчӯбаи фестивали байналхалқии гул, ки дар шаҳри Намангон баргузор мегардад, чунин фестивали гулҳо бори аввал дар ноҳияи Учқӯрғони вилоят оғоз ёфт. Аз кӯпруки дарёи Норин 20 мошини бо гулҳои рангоранг ҷиҳозонидашуда ба сӯйи боғи маданият ва истироҳати ноҳия равон шуд. Дар ҳудуди боғ бо иштироки корхона ва муассисаҳои ноҳия гулзорҳо барпо гардид.
Минбаъд ҳар сол чунин фестивал нафақат  дар Боғи маданият ва истироҳати ба номи Бобур, балки дар боғҳои маданият ва истироҳати дигар ноҳияҳои вилоят низ баргузор мегарданд.
Фестивали ҷорӣ то охири ҳафта давом хоҳад кард.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: