Ноҳияи Учкӯприк дар минтақаи Қӯқанди вилояти Фарғона воқеъ гаштааст.
Он сол аз сол ободу зебо мегардад ва ба минтақаи хурди саноатӣ табдил меёбад. Дар ин рӯзҳо мувофиқи лоиҳа корҳои сохтмонӣ дар маҷмаъи тиҷоратӣ ва истеҳсолии “Бобошбек” беш аз пеш вусъат пайдо кардааст.
– Барои бунёди ин маҷмаъ аз қаламрави ҷамоати шаҳрвандони “Бобошбек” 15 гектар замин ҷудо карда шуд. Дар он маҳсулоти саноати сабук низ истеҳсол карда мешавад. Рафти корҳои сохтмонӣ, ки бар асоси лоиҳаи умумӣ роҳандозӣ шудааст, бомуваффақият пеш меравад, – мегӯяд ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров.
Ба таъкиди ӯ баъди ба ин ҷо омадан ва тамошои кори сохтмончиён бори дигар итминон ҳосил намуд, ки ҳар як фарди он вазифаи ба ӯҳда гирифтаи худро бо сифати баланд иҷро мекунад. Ин иншоот аз се ошёна иборат мебошад ва ба ин кор ширкатҳои беҳтарини сохтмонии вилоят ҷалб гардидаанд. Ин ҷо ҳудуди 50 техника ва 900 нафар коргарон машғули бунёд намудани маҷмаъи истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мебошанд. Сохтани зинаҳо, ҷойгиршавии лифтҳо, арзи вуҷуд намудани роҳравҳои иншоот бояд мувофиқи меъмории замонавӣ ба субут расанд. Аммо баъди мушоҳидаҳо маълум шуд, ки дар ин самт баъзе камбудиҳо ба назар мерасанд, ки бояд дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шаванд.
Тавре ки ҳокими вилоят тазаккур дод, намо ё пешорӯи иншоот, қисмати даромадгоҳи он бояд ба назар зебову гуворо намояд ва диққати мардумро ҳарчи бештар ҷалб кунад. Дар ин қисмати иншоот барои соҳибкорон ҷои махсус ҷудо карда хоҳад шуд, хонаҳои он бояд бо гунҷоиши 150-200 нафар сохта шаванд. Ин иншоот бо чароғон шудани худ низ аз иншооти дигари ҳамин маҳалу минтақа ҷиддан фарқ хоҳад кард.
– Атрофи иншоот пурра гулкорӣ мегардад ва бо дарахтони манзаравӣ оро дода мешавад. Чунин иншоот-маҷмаъи саноати сабук ва тиҷорат дорои ду маркази логистикӣ, 212 сехи истеҳсолӣ, 336 дӯкони савдо, 560 растаи хурди тиҷоратӣ, ки дар мамлакатамон бори нахуст арзи вуҷуд хоҳад кард, Учкӯприкро боз ҳам шукӯҳи бештар хоҳад бахшид. Дар он бештар аз 7 ҳазору 700 нафар ба ҷои кор таъмин хоҳанд шуд, – изҳор намуд Хайрулло Бозоров.
Интизор меравад, ки иншооти мазкур дар вақти муқарраршуда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”
дар вилояти ФАРҒОНА.