УСТОД, АДИБ ВА ОЛИМ

Имсол ба таваллуди яке аз фардони баруманди Самарқанд – адиб, адабиётшинос, Арбоби шоистаи илми Ӯзбекистон, профессор Раҳим Раҷабович Муқимов 100 сол пур мешавад.

Раҳим Муқимов моҳи  декабри соли 1922 дар маҳаллаи Хоҷа Зудмуроди шаҳри Самарқанд, дар хонадони фарзанди  Муқими наҷҷор – Раҷаббой, ба  дунё омадааст.
Бобои ӯ Муқим, ки ҳамчун устои дуредгар ва маърифатпарвар шинохта шуда буд,  ба бунёди мактабҳои нав саҳми арзанда  гузоштааст. Ҳанӯз ҳамон вақтҳо мардум бо эҳтироми хоса чунин сатрҳоро замзама мекардаанд: 
Усто Муқими наҷҷор,
Курсиҳо карда қатор.
Дар дабистонҳои нав,
Шогирдонро интизор.
Раҳими ташнаи илм баъди хатми синфи ҳафтуми мактаби миёнаи умумӣ ба техникуми мардонаи ба номи Сталин  (дертар омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Макаренко)  дохил шуд. Дар ин маскани маърифат аз Ҳабиб Юсуфӣ, Раҳмон Эгамбердиев барин омӯзгорон таълим гирифта, меҳраш ба омӯхтани  забон ва адабиёт зиёдтар гардид.  Ҳамон солҳо, аниқтараш соли 1937 ба шарафи солгарди таваллуди  шоири рус Пушкин, «Салом Пушкин!» ном нахустин шеъри ӯ нашр гардида, диққати аҳли адабро ба худ кашида буд.
Муқимов баъди хатми омӯзишгоҳ ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон дохил шуд. Ӯ дар ин ҷо аз донишмандони забон ва адабиёт  Абдураҳмон Саъдӣ, Абдулло Сулаймонов ва чанде дигарон сабақ гирифт ва баъди бо дипломи аъло хатм намудан таҳсилро дар аспирантура давом дода, таҳти роҳбарии устод Садриддин Айнӣ, ки он вақт мудири кафедраи адабиёти ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло  Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов) буд, дар мавзӯи  «Муҳаммадшариф Гулханӣ ва  асари тамсилии ӯ «Зарбулмасал» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, дар донишгоҳ ба ҳайси дотсент фаъолияти омӯзгории худро давом дод. 
Фаъолияти минбаъдаи Муқимов бо донишгоҳи мазкур ҳамбастагӣ дошта, дар ин ҷо беш аз 50 сол ба шогирдон аз адабиёт дарс дод ва  ҳамзамон бо корҳои илмӣ ва эҷодӣ машғул шуд.
Истеъдоди ташкилотчигӣ ва маҳорати кордонии Муқимовро ба эътибор гирифта,  маъмурияти  университет ӯро декани факултети филология таъин кард, ки ӯ дар ин вазифа солиёни зиёд кор карда, барои равнақи илму таълим хидматҳои шоиста кард. 
Диққати Муқимовро инкишофи адабиётҳои миллӣ ва робитаҳои адабӣ бештар ба худ мекашиданд ва бо саъю эҳтимоми ӯ дар барномаҳои  таълимии донишкадаҳои филологӣ фанни робитаҳои адабӣ дохил гардида, барнома ва китоби дарсиро доир ба ин фан худаш  навишт.  
Масъалаи робитаҳои адабии халқҳои  аз азал бо ҳам дӯсту бародар – тоҷику ӯзбек, махсусан ҳамбастагии онҳо дар инкишофи жанрҳои ҳаҷвӣ асоси рисолаи доктории  ӯро ташкил додаанд, ки он соли 1973 дар Душанбе ҳимоя шуд.
Муҳаққиқи серсоҳаи адабиёт солиёни зиёд ҳамчун мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва  баъди таъсис ёфтани факултети  филологияи тоҷик ҳамчун  сарвари ин факултет дар кори ба воя расонидани садҳо нафар омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик ва  як зумра  олимони илми суханшиносӣ ва адибони тоҷик саҳми арзанда гузошт. 
Бо саъю эҳтимоми  ӯ баҳри  хондани маърӯзаҳо оид ба  фанҳои ҷудогона ба донишҷӯёни факултети филологӣ  донишмандони мактабҳои олии Маскав, Санкт-Петербург, Душанбе, Тошканд, Ереван ва ғайра  аз қабили И. С. Брагинский, А. Н. Болдирев, А. З. Розенфелд, М. Налбандян, А. Мирзоев, Н. Маъсумӣ, Б. Ниёзмуҳаммадов, А. Шариф, А. Тоҳирҷонов, Т. Зеҳнӣ, Р. Ҳодизода, Х. Мирзозода, А. Маниёзов,  Б. Сиёев, М. Файзов ва дигарон даъват карда шуданд.
Устод Муқимов истеъдоди донишҷӯёни  соҳибиқтидорро сари вақт пай бурда, ба рушду камоли фаъолияти илмиву эҷодии онҳо   эътибори хоса медод. Маҳз бо ташаббуси ӯ дар донишгоҳ  журнали дастнависи «Адабиётчии ҷавон» таъсис ёфта, бисёр адибон ва олимони оянда нахустин шеъру ҳикоя  ва мақолаҳои илмии худро дар саҳифаҳои ин маҷалла эълон мекарданд.  Бо ташаббуси ӯ  ва  дастгирии академик Воҳид Абдулло, ки  он  солҳо ректори донишгоҳ буд, дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд Шӯрои илмӣ доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз забон ва адабиёти тоҷик ташкил ёфт, ки дар муддати  кӯтоҳ дар маҷлисҳои он беш аз 30 нафар олимон аз Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Душанбе, Хуҷанд рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд.
Устод  Муқимов аъзои «Комитети Айнӣ» ва  яке аз  ташаббускорони таъсиси  маҷлисҳои «Солонаи Айнӣ» буд ва бо талоши ӯ хонаи Устод Анйӣ, воқеъ дар кӯчаи Регистони Самарқанд,  аз вайрон кардан эмин монда, ба «Осорхонаи Устод Айнӣ» табдил дода шуд, ки ҳоло он дар харитаи ҷойҳои  адабии Самарқанд мавқеи хоса дошта, зиёратгоҳи сайёҳони ватаниву хориҷӣ гардидааст.
Бо маслиҳату дархости ӯ  нависандаи ин сатрҳо дар якчанд анҷумани илмӣ иштирок дошт.
Раҳим Муқимов  яке аз ташаббускорони ташкили  гуфторҳои  тоҷикии  радиои вилоятии Самарқанд, аъзои шӯрои мушовирони рӯзномаи  навбунёди «Овози Самарқанд» ва  чанд муддат раиси шуъбаи самарқандии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, раиси шуъбаи самарқандии кормандони театр буд.
Ӯ дар давоми умри пурмаҳсули худ зиёда аз сӣ номгӯй китоби илмӣ, беш аз 500 мақолаи илмӣ, тақризу мақолаҳои публисистӣ нашр намудааст, ки дар байни  онҳо рисолаҳои «Муҳаммадшариф Гулханӣ»,  «Драматургияи Ҷалол Икромӣ», «Собир Абдулло», «Инкишофи жанрҳои ҳаҷву мазҳака дар адабиёти тоҷику ӯзбек» ва ғайра мақоми арзанда доранд.  Шеъру ҳикоя ва драмаҳои ӯ дар китобҳои  «Алломаи Хуросон», «Фарёди Умари Хайём» гирд оварда шудаанд. Ӯ чандин шеъру достонҳои муаллифони тоҷикро ба ӯзбекӣ гардонидааст ва  асарҳои адибони ӯзбекро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва  нашр кардааст.  
Ба туфайли  нуфузи баланд доштани дӯстии халқҳо, тарбияи байналмилалӣ ва    мавқеи хоса доштани робитаҳои  адабӣ ва фарҳангӣ дар байни халқҳо эътибор ба таълими адабиёти халқҳои СССР низ вусъат пайдо карда,  дар аксар Донишгоҳҳои мамлакат кафедраи «Адабиёти халқҳои СССР» таъсис ёфт.  Аз ҷумла,  чунин кафедра соли 1974 дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ таъсис ёфта, мудири он Муқимов таъин шуд ва то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва барҳам хӯрдани  ин кафедра (соли 1990)  ӯ дар ҳамин вазифа буд.
Раҳим Муқимов  ҳанӯз солҳои 50-уми асри гузашта ҳамчун адабиётшинос,  мунаққид, тарҷумон ва тарғибгари адабиёти халқҳои гуногуни  Иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шуда,   ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР пазируфта шуда буд.  Раҳим Муқимов ҳамчун шоир маҷмӯаи шеърҳояшро бо унвони «Фарёди Умари Хайём» нашр карда, ҳамчун насрнавис романи «Мутеи тақдирнашудагон»-ро  манзури хонандагон карда буд. Драмаҳои «Садоқат» ва «Алломаи Хуросон» дар саҳифаи журналҳои адабӣ нашр шуда,  ба саҳнаи театрҳо гузошта шудаанд. Ӯ романи Ҷалол Икромӣ ва Ҳабибулло Назаров «Саргузашти Сафармахсум», достони Мирзо Турсунзода «Ҷони ширин»-ро аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ, драмаи А.Болдирев ва  В. Иванов  «Алишер Навоӣ»-ро аз русӣ  ба забони ӯзбекӣ, шеърҳои Ғафур Ғулом, Ҳамид Олимҷон, ҳикояҳои Абдулло Қаҳҳорро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. 
Раҳим Муқимов ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш гули сари сабади маҳфилҳои илмию адабӣ буд. Олимону адибоне, ки аз ҳар кишвару вилоят ба Самарқанд меомаданд, меҳмони осорхонаи Гулханӣ мешуданд.  Ёдам ҳаст, ки  шарқшиноси маъруфи чех Иржи Бечкаро бо Раҳим Муқимов дар ин хонадон ҳамроҳӣ карда будам. Дар ҳамин ҷо бо адибону олимон Фотеҳ Ниёзӣ, Шавкат Ниёзӣ, Ҷалол Икромӣ,  Назармат, Ҷонибек Қувноқ, Эркин Самандар, Нормурод Нарзуллоев, Маъруф Ҷалил, Ҳулкар Олимҷонова, Ойдин Ҳоҷиева, Бибисоро Туробова, Душан Файзӣ, Болта Ортиқзода, Салим Кенҷа, Ғафурҷон Маҳмудов ва боз чанде дигар аҳли фарҳангу адаб дар базмҳои шеъру наво, сайри гулбоғ иштирок кардаам, ки ҳамеша Муқимов суҳбаторои ин вохӯриҳо буд.    
Ногуфта намонад, ки нашри китобҳои Ориф Гулханӣ ва фарзанди эҷодкори ӯ Олимҷон Орифӣ, хотираҳо, тадқиқотҳо, таъсиси боғҳавлии шоир ба сифати музей, аз ҷониби набераи шоир, марди фарҳангдӯст ва маърифатпарвар Муқимҷон Олимзодаи Орифӣ гузаронидани тадбирҳои хосаи фарҳангию адабӣ, ташрифи меҳмонони ватанию хориҷӣ – ин ҳама  самараи заҳмати Раҳим Муқимов  оиди Ориф Гулханӣ мебошад, ҳамчун тадқиқотгари муҳити адабии Самарқанд ва  эътибори хоса ба Ориф Гулханӣ ва эҷодиёти ӯ буданд.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва  давлати соҳибистиқлол шудани Ӯзбекистон Раҳим Муқимов сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Русия  ба вазифаи ҷонишини сафир оид ба  масъалаҳои фарҳангӣ ба хидмат  даъват шуд. Ба ин сабабҳо Раҳим Муқимов назди писари ягонааш – Марат Муқимов дар Маскав монд ва то поёни умраш дар ин ҷо монда, соли  2000 аз олам чашм пӯшид ва ҷисмашро дар қабристони мусулмонони Маскав ба хок супориданд.
Хидматҳои Р. Муқимов  дар инкишофи илм ва адабиёт қадршиносӣ  карда шуда, ӯ  бо унвони ифтихории Арбоби шоистаи илми Ӯзбекистон ва як қатор нишонҳо сарфароз гардонида шудааст.
Гарчанд аз фавти устод чанд сол сипарӣ шудааст, лекин хидматҳои беназири ӯ дар рушду камоли илму адабиёт, фарҳангу маърифат аз хотири шогирдон ва онҳое, ки  устодро ба хубӣ медонистанд ҳеҷ гоҳ намеравад. Имрӯзҳо анъанаҳои  ӯро шогирдонаш  идома дода, руҳи покашро шод гардонида истодаанд. Манзили охираташ обод бод.

Аслиддин ҚАМАРЗОДА, 
профессори Донишгоҳи байналхалқии технологияи Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: