ДАР «МАКТАБИ КӮҲНА»

Аҷаб тазоде!

Баъди навмедӣ басе уммедҳост,
Аз пайи зулмат басе хуршедҳост.
Аҷаб тазоде! Солҳои бачагӣ қиссаи «Мактаби кӯҳна»-и Устод Айниро бо завқу шавқ мутолиа карда, ҳеч ба гӯшаи хаёл наовардаам, ки баъди 60 сол он мадрасаи таърихиро бо чашми сар хоҳам дид.
Зеро чанде пеш бо ҷамоаи рӯзномаи «Овози тоҷик» ба Бухорои Шариф сафари фарҳангӣ-ирфонӣ анҷом додем, ки басо фараҳбахш ва хотирмон буд. Ҳамкасбону ҳамқаламон аз ин сафар гузориши хубе навиштанд, эҷодкорони бахши тоҷикии «Оинаи нилгун»-и Бухоро бошад, барномаи махсусу пурмазмун таҳия ва пахш карданд, ки аз дидаву шунидаҳо муште аз хирвор аст.
Дар тӯли ду рӯз ёдгориҳои таърихии шаҳри бостониро зиёрат кардем. Шахсан барои ман боздид аз зодгоҳ ва нахустин таълимгоҳи сардафтари адабиёти навини тоҷику ӯзбек Садриддин Айнӣ ниҳоят ҳаяҷонбахшу шавқангез буд. Рости гап, сафар ба деҳаи Соктаре бо исрори роҳбалади гурӯҳ, раиси иттифоқи касабаи рӯзнома амалӣ гашт. Чун вай ба ронанда гуфт, ки манзили навбатӣ ноҳияи Ғиждувон – зодгоҳи Устод Айнӣ хоҳад буд, баъзеҳо «ҳаво гарм», «роҳ дур», «мо он ҷоро дидаем» гуфта, рағбат накарданд, садои қатъии роҳбалад танинандоз гашт:
– Ҳой мардум, – нимшӯхиву нимҷиддӣ иброз дошт вай, – магар намедонед, ки асосгузори рӯзномаи «Овози тоҷик» кист ва ҳозир дар куҷо кор мекунеду аз кадом идора маош мегиред?
Ронанда ҷилави мошинро сӯйи Ғиждувон тофт. Чун саргарми суҳбат баъди чанде аз тирезаи автобус чашмам ба навиштаҷоти «Маҳаллаи Соктаре» афтод, вуҷудамро ҳиссиёти аҷибе фаро гирифт.
– Ана, расидем, – гӯён ронанда автобусро назди бинои бо мурури замон фарсудашуда ва шояд аз ҳамин сабаб тармиму таҷдидталаб нигоҳ дошту илова намуд: Марҳамат, ба «Мактаби кӯҳна!»
Вақте ба дохили бино ворид гаштем, тасвири масҷид дар «Мактаби кӯҳна» пеши назарам ҷилвагар гашт: «Замини ин хонаро, ки ҳамаи вусъати он тахминан чор оршин дар чор оршин («оршин» – андозаи дарозӣ, ки ба 71 см. баробар аст – З.Ҳ.), яъне 16 оршини мураббаъ буд, чор синҷи аз болои якдигар гузаранда кашида дарунашро ба 9 қисм ҷудо карда буданд, ки гӯё дар даруни мактаб 9 охурча ба вуҷуд омада буд».
Воқеан, Устод Айнӣ дар «Мактаби кӯҳна» домуллои  ришаш шабеҳи риши буз, камонбозӣ, бедонабозӣ, ҷазо бо фаллоқу чӯб, болои захм намак пошидан ва дигар ҳодисаҳои аҷиби вобаста ба «дорулфунун»-и худро чунон устокорона тасвир кардаанд, ки кас ҳангоми мутолиа онро тасаввур мекунад.
Қиссаи «Мактаби кӯҳна» соли 1934 иншо гардида, нахустин маротиба дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп шудааст. Сипас он ба бисёр забонҳо тарҷума ва «Мактаби кӯҳна»-и Бухорои Шариф машҳури дунё гардид. Ҳокимияти вилоят ба хотири неки Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки онро аз таъмири хушсифат бароварда, ба зиёратгоҳ табдил диҳад.
Ҳангоми бозгашт аз Бухоро ният кардем, ки кош, дафъаи дигар «Мактаби кӯҳна»-ро навъе, ки дар асри XIX буд, бубинему ҷараёни сабақомӯзии шогирдони он, аз ҷумла Устоди бузургро бештару беҳтар тасаввур кунем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: