Тақдимоти стенди миллии Ӯзбекистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии "World Travel Market London"

Аз 6 то 8 ноябр дар Лондон бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market» ҷараён дорад.

Ба ҳайати Ӯзбекистон намояндагони Кумитаи туризм, Маркази миллии PR, Ширкати миллии «Uzbekistan Airways» ва як қатор ширкатҳои сайёҳӣ шомиланд.

Меҳмонон ва иштироккунандагони намоишгоҳ муяссар гардиданд, ки бо самтҳои нави туристӣ ва имкониятҳои мамлакати мо, ки сайёҳонро аз Аврупо ва хориҷ ба худ ҷалб карда метавонанд, шинос шаванд.

Дар доираи намоишгоҳ миёни ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ва иштирокдорони хориҷӣ оид ба ташкили сафарҳои гурӯҳҳои сайёҳӣ ба кишвари мо гуфтушунидҳо идома доранд ва маҳсулоти нави сайёҳӣ низ ба намоиш гузошта мешаванд. Ба ғайр аз ин гуфтушунидҳо барои ҷалби шарикони кишварҳо ва созмонҳои бузург оид ​​ба масъалаҳои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии сайёҳии Тошканд, ки соли 2024 баргузор мегардад,  ташкил карда мешаванд.

Барои маълумот: WTM London яке аз бузургтарин ва маъмултарин намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ буда, қариб тамоми маҷмӯи хизматрасониро дар ин соҳа пешкаш менамояд. Ҳамчун дуввумин намоишгоҳи тиҷорати сайёҳии Аврупо (пас аз Берлин), WTM аз соли 1980 ҳамасола дар Лондон баргузор мешавад. Аз соли 2009 инҷониб Ӯзбекистон дар ин чорабинӣ мунтазам ширкат мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: