Малик Кабиров.
На ҳама бо ин ном ошноянд. Теъдоди ками суханварон ва донишмандон медонанд, ки чунин як инсони фарҳехта вуҷуд дорад. Зеро ӯ умре ба дунболи муаррифии худ нагаштааст, балки саъй бинмудааст, ки худро бо сухан ва илм ошно созад. Имрӯз маҳсули кору эҷоди ӯ ба забони ҳол мегӯянд, ки бо сухан ошно шудааст.
Мавсуф ҳанӯз вақте дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии деҳаи Бурҷимуллои ноҳияи Бӯстонлиқ таҳсил мекард, ба адабиёт ва сухани муқаффо меҳру муҳаббати зиёд дошт. Ин дилбастагӣ буд, ки баъди хатми мактаб таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд идома дод. Фикр мекард, ки аз асрори шеъру шоирӣ ва иншои осори бадеӣ омӯзгорони забон ва адабиёт вуқуфи комил доранд. Дертар маълумаш гардид, ки забон баҳрест пурумқ ва аз умқи он танҳо адибон дурри мақсуд ба даст оварда тавонанд.
Ончунон ба омӯзиш дода шуд, ки дар тӯли панҷ соли таҳсил аз ҳамаи фанҳои таълимӣ баҳояш аъло буд. Ин буд, ки ӯро баъди хатми донишгоҳ ба кафедраи забони факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии навтаъсиси Самарқанд ба сифати омӯзгори забон ба кор қабул карданд. Мутаассифона фаъолияти омӯзгориаш дер давом накард. Падараш бемор гардид ва ӯ маҷбур шуд, ки ба деҳа баргардад.
Ҳангоми дар деҳа ба сифати омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик кор кардан даст аз навиштани мақолаҳои илмӣ накашид.
– Ба мақолаи илмии инҷониб – «Лексикаи шеваи тоҷикони Бурҷимулло» ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва маро ба суҳбати академик Раззоқ Ғаффоров даъват намуданд, – иброз дошт ӯ дар рафти суҳбат. – Раззоқ Ғаффоров маслиҳат доданд, ки доир ба хусусиятҳои луғавии гӯйиши тоҷикони ноҳияҳои Бӯстонлиқ ва Паркент рисолаи номзадӣ нависам. Лозим омад, ки аз соли 1989 фаъолияти омӯзгориамро дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии Бохтар) идома диҳам.
Тӯли солҳои кор дар донишгоҳ мақолаҳои илмӣ ва шеърҳояш гоҳ-гоҳ дар рӯзномаву маҷалла ва маҷмӯаҳои дастҷамъии илмӣ чоп мешуданд. Бо мурури вақт хусусиятҳои луғавии 18 деҳаи ноҳияи Бӯстонлиқ ва се деҳаи тоҷикнишини ноҳияи Паркентро омӯхта, дар мавзӯи «Лексикаи лаҳҷаҳои тоҷикони Чирчиқи вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон» таҳти роҳбарии академик Раззоқ Ғаффоров ва профессор Ғаффор Ҷӯраев дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дифоъ намуд. Чанд сол ба ҳайси мудири кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи мазкур кор кард.
Соли 2002 аз рӯйи зарурат боз ба зодгоҳ – деҳаи Бурҷимулло баргашт. Ҳамон сол дар кафедраи «Таълим бо забони тоҷикӣ»-и Донишкадаи давлатии омӯзгории вилояти Тошканд, воқеъ дар шаҳри Ангрен, фаъолияти омӯзгориашро идома дод.
Ҷумҳурии мо, баъди дастёбӣ ба истиқлол, тасмим гирифт, ки мактабҳои таълими ҳамагонии миллиро худ бо китобҳои дарсӣ таъмин намояд. Биноан, зарурати таълифи китобҳои дарсӣ ба миён омад. Малик Кабиров ба ин кори хайр саҳм гузошт. Ба таълифи китобҳои «Забони тоҷикӣ» барои синфҳои 6, 9, 10 ва 11 камар баст. Барои мактабҳои олӣ ба навиштани китобҳои дарсии «Луғатшиносӣ» – «Лексикология» ва «Сарф» шурӯъ намуд. Рисолаи методии ӯ бо ҳаммуаллифии Баҳриддин Муҳиддинов – «Талаботи технологияи педагогӣ – тақозои давру замон» барои донишҷӯён ва омӯзгорони мактабҳои таълими ҳамагонӣ дастуруламали хубест. Дар таълифи китоби «Забони тоҷикӣ» саъй бинмуд, ки аз дастовардҳои имрӯзаи илми забоншиносии тоҷик сарфи назар нанамояд.
Халқ мақоле дорад, ки ин аст: «Аз пушти шолӣ курмак об хӯрдааст». Курмакҳое буданду ҳастанд, ки ба китобҳои дарсии таълифнамудаи ӯву дигарон ҳаммуаллиф будан мехоҳанд. Олим чӣ ҳам мегуфт, коргардон онҳо, ноилоҷ розӣ мешуд...
Малик Кабир дар баробари омӯзгор ва муҳаққиқи жарфбин будан, шоир ва нависандаи хуб низ ҳаст. Ӯ соли 2019 китоберо бо номи «Субҳи вафо» ба дасти чоп супурд, ки ғазалҳо, шеърҳои барои хурдсолон эҷодкарда ва мақолаҳои илмии ӯро дар бар гирифтаанд. Дар пешгуфтори китоб доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ, аз ҷумла нигоштааст: «Тадқиқоти забоншиносӣ, шеърҳо ва намунаҳои осори насрияш далели завқи баланди суханшиносии ӯ буда, мавқеи ҳунарӣ ва маънавияшро дар муҳити илмиву адабӣ мушаххас месозанд».
Ғазалҳои ӯ далели онанд, ки забоншиноси дақиқназар аз вазни арӯз, қофия, санъатҳои бадеӣ вуқуфияти комил дорад. Ҳар гоҳе симои ӯ пеши назар меояд, ёди уламои пешина мекунам, ки онон дар баробари таълифи осори илмӣ, бо шеъру табобат низ сарукор доштанд, ситорашинос буданд. Мисолан, Умари Хайём олим буд, шеър низ менавишт. Вале ҳамчун шоири рубоинавис шуҳрат пайдо кард.
Устод дар асл олими забоншинос аст, вале шеъру ҳикояҳои тамсилӣ низ менависад. Имрӯз олимони мисли ӯ, ба қавле серқирра, ангуштшуморанд. Баъзеҳо шеърро нақд мекунанд, вале худ аз пасту баланди он вуқуфи комил надоранд. Дар ғазалҳояш, кам бошанд ҳам, образҳои кӯҳна аз қабили «лаъли шакархой», «новаки мижгон», «наргиси хаммор», «бути озар», «чоки домани гул», «кони малоҳат» вомехӯранд. Вале дар онҳо вазн ва таносуби сухан риоя шудааст, ҳар вожа бори маънӣ мекашад. Шеърҳои барои хурдсолон навиштааш, дар баробари аҳамияти тарбиявӣ доштан, салису хушоҳанг сурат гирифтаанд. Шеъри «Ватанам»-и ӯ ин гуфтаро собит менамояд:
Зеби хубон ватанам,
Савти илҳон ватанам.
Макони гулу лола,
Боғу бӯстон ватанам...
Нуқлу наво фаровон,
Хони алвон ватанам...
Мазраи зархези ту,
Вирди забон ватанам.
Номат машҳури дунё –
Ӯзбекистон ватанам.
Бояд гуфт, ки шеъру ғазалҳои ӯ дар сатҳи шеъру ғазалҳои шоирони варзидаи ҳавза қарор доранд.
Мақолаҳои Малик Кабир «Қатраборон ё қатра борон», «Забон ва услуби як ғазали Шамсиддин Шоҳин», «Забон ва услуби тамсили «Аз мост, ки бар мост»-и Носири Хусрав», «Забон ва услуби як ғазали Камоли Хуҷандӣ», «Забон ва услуби як ғазали Лоиқ», «Мавриди истифодаи калимаҳои куҳна дар очерки адабию таърихии С. Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Муродифоти луғавии ҳаммаъно ва наздикмаъно дар романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода» ба сабки нигориши шоиру нависандагони мазкур ва коркарди вожаҳои ҳаммаъно ва бисёрмаъно бахшида шудаанд. Дар мақолаҳои ӯ ҳамчунин масъалаҳои имлои забони тоҷикӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд. Ӯ бар он аст, ки бояд ҳар як вожа бино ба табиати талаффузи забони форсии тоҷикӣ ба хонанда пешниҳод карда шавад...
Дар як ғазали олими забоншинос табиат, шиор ва маромномаи зиндагии инсоне шикастанафс ва қаноатпеша ифода ёфтааст:
Наҷӯям дасти ёрӣ,
гарчи дарвешам,
Бипарҳезам зи бори
миннати хешам.
Мазан санги маломат дар сари
хонам,
Дили хуш дорам аз моли
каму бешам.
На ҳар дасти сахо боли
саховат шуд,
Зи чини ҷабҳаи мумсик
биандешам.
Чу нокас кас нагардад бар
сари ҳиммат,
Зи дасти нокасон нолад дили
решам...
Ин сатрҳо аз зиндагӣ маншаъ гирифтаанд. Мани шеър ҳарчанд дарвеш аст, тобу тоқати кашидани бори миннати хешонро надорад. Бале, дороии моддӣ бо дороии маънавӣ намесозад.
Малик Кабиров имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад. Чанде қабл китоби нави ӯ бо номи «Меҳри Ватан» ба дасти хонандагон расид, ки ғазалҳо, шеърҳои ба хурдсолон бахшидашуда, достони «Рӯбоҳи айёр», рубоиву дубайтӣ ва мақолаҳои илмии тӯли солҳои охир таълифнамудаи ӯро дар бар гирифтааст.
Дар пешсухани китоб, ки ба қалами доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ ва шоир Хоҷа (Норхоҷа Чориев) мансуб аст, омадааст: »Забони навиштаҳои муаллиф салису равон ва фаҳмо буда, тавассути санъатҳои бадеӣ бо услуби хосса нигошта шудаанд. Масалҳо ва достони ӯ хусусияти тарбиявӣ дошта касро ба некӯкорӣ ҳидоят менамоянд... Шоир кӯшидааст манишу биниш, дониш ва ҷаҳоншиносии худро дар коргоҳи эҷодии шеър дар саҳифаи китоби сарнавишти худ тарҳрезӣ намояд ва ба ин то ҷое муваффақ ҳам шудааст».
Шоир дар як шеъраш ба дунёи кӯдакӣ бармегардад ва ёд аз «Алла»-и модар мекунад, ки тоҷикӣ буд:
Шунидам «Алла»-и модар
паси гаҳвора тоҷикӣ,
Салиси ҳар каломи
«Алла»-аш ҳамвора тоҷикӣ.
Шояд муаллифи ин сатрҳо аз дигар шудани забони таълим дар мактаби зодгоҳаш, ки рӯзгоре дар он худ ба забони тоҷикӣ таълим гирифтаасту дертар ба сифати омӯзгор ба насли ҷавон таълим додааст, дар шигифт аст. Зеро суоле ба миён меояд, ки оё ҳамдеҳагони ҷавони ӯ, ки дар мактаб ба забони модарӣ намехонанд, оянда аз шеърҳои ӯ баҳра бурда метавониста бошанд? Магар ин ҳолат барои ӯ фоҷеа нест?
Дар зодгоҳи инҷониб низ гурӯҳҳои тоҷикӣ дар ҳолати назъ қарор доранд. Бо мурури вақт гурӯҳу мактабҳои тоҷикӣ бо «хоҳиши падару модарон» пӯшида шаванд, оё нашрияҳои тоҷикӣ вуҷуд дошта метавонанд?...
Мавсуф барои хидматҳояш дар таълиму тарбияи насли наврас, омода кардани кадрҳои болаёқат бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» сарфароз гардонда шудааст.
Забоншинос, шоир ва нависанда Малик Кабиров, ба қавле, бе пушт-пушт по ба зинаи 80-уми умр гузоштаанд. Ба ин муносибат устодро самимона табрику таҳният мегӯем. Тандурусту хонаобод бошанд, килки табъашон ҳамеша сабз бод!
А. СУБҲОНОВ.