4 апрели соли равон Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳаммадалӣ Искандариро ба ҳузур пазируфт.
Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Эрон, аз ҷумла масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.
Махсусан зикр гардид, ки муоширати мунтазам, сафарҳои мутақобила ва мулоқотҳои раҳбарони давлатҳо ба густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои гуногун такони муҳим бахшиданд.
Зимни муколама таъкид шуд, ки гардиши мол дар соли 2023 503,4 миллион долларро ташкил додааст, ки ин ба иқтидори ду кишвар комилан мувофиқ нест ва имкони чанд баробар афзоиш додани ин рақамро баррасӣ кардан зарур аст.
Қайд карда шуд, ки барои ҳамкорӣ дар бахшҳои логистикаи нақлиётӣ, тиб ва дорусозӣ, муҳандисии техникӣ, илм ва технология имкониятҳои татбиқнашуда вуҷуд доранд. Лоиҳаҳо дар ин самт барои ҳарду ҷониб манфиати баробар доранд.
Бо дарназардошти он, ки равобити байнипарлумонӣ механизми амалии таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байни кишварҳо ба ҳисоб мераванд, оид ба таъмини муколамаҳои мунтазам дар сатҳи гурӯҳҳо ва кумитаҳои дӯстӣ ва фаъол гардонидани сафарҳои мутақобила табодули афкор сурат гирифт. Аҳамияти истифодаи неруи парлумонҳо дар таъмини иҷрои тавофуқоти тарафайн дар сатҳи олӣ таъкид шуд.
Дар мавриди густариши ҳамкориҳои созанда дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона сурат гирифт, сафир итминон дод, ки тамоми донишу неруи худро барои амалӣ намудани нақшаву лоиҳаҳои ояндадор сарф хоҳад кард.