«ҲАМ ВАФОВУ ҲАМ САФО АЗ ДӮСТИСТ...»

  • «ҲАМ ВАФОВУ ҲАМ САФО АЗ ДӮСТИСТ...»
  • «ҲАМ ВАФОВУ ҲАМ САФО АЗ ДӮСТИСТ...»
  • «ҲАМ ВАФОВУ ҲАМ САФО АЗ ДӮСТИСТ...»

Дар доираи боздид аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сеюм мо — ҳайати ёздаҳнафараи журналистони Ӯзбекистон таҳти сарварии раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров ҳамроҳи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода дар шаҳри Душанбе аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дидан кардем.

Моро дар кинотолори тоза тарҳрезишудаи ба номи Ҷомӣ ва Навоӣ роҳбарияти муассиса пешвоз гирифтанд. Ба мо аз таъриху ҷараёни банаворгирии филмҳои таърихии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва замони соҳибистиқлолии кишвар дар ин кинотолор нақл намуданд.
Дирӯзу имрӯзи «Тоҷикфилм»

Бояд қайд кард, ки ба кинои миллии тоҷик 16 октябри соли 1939 асос гузошта шудааст.  Он аввал ҳамчун «Тоҷиккино», солҳои 1936-1938 «Тоҷикфилм», 1938-1958 киностудияи муттаҳидаи Сталинобод ва аз соли 1958 то имрӯз ҳамчун киностудияи «Тоҷикфилм» фаъолият доштааст.
Вақте сухан дар борои “Тоҷикфилм” меравад, пеш аз ҳама пеши назарамон ду симои бузург Комил Ёрматов ва Борис Кимёгаров, ки аз пешсафони кинематографияи тоҷик ба ҳисоб мераванд, падид меояд. 
Ин бесабаб нест, зеро оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти устоди ин санъат Комил Ёрматов сахт алоқаманд мебошад. Филмҳои «Ҳуқуқи бошараф» ва  «Муҳоҷир», ки Комил Ёрматов офаридааст, аз ҷумлаи барҷастатарин филмҳои бадеии тоҷик ба ҳисоб мераванд. Дар филми «Муҳоҷир» нақши асосиро худи Комил Ёрматов ва завҷаи қаҳрамон — нақши асосии занонаро — аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик, София Тӯйбоева бозӣ кардаанд. 
Дар солҳои 50-70 таҳиягар Борис Кимёгаров, ки дилбохтаи фарҳанги тоҷик буд, бо фарогирии мавзӯъҳои муҳими ҳуввияти миллӣ ба рушди кинематографияи тоҷик саҳми босазо гузоштааст.   Филмҳои «Қисмати шоир», ки бо ин симои Рӯдакии бузург дар хотираи халқ эҳё карда мешавад,  (барандаи ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, соли 1959), «Коваи оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Суҳроб» (соли 1971), «Фоҷиаи Сиёвуш» (соли 1976); «Дохунда» (соли 1956), «Ҳасани аробакаш» (соли 1965), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (1978-1979) аз ҷумлаи комёбиҳои беназири кинои тоҷик дар офаридани филмҳои бадеӣ ба шумор мераванд.
— Солҳои аввали соҳибихтиёрии Тоҷикистон бо сабаби нооромиҳои сиёсӣ, санъати синамои миллӣ рӯ ба таназзул ниҳод, аммо сарфи назар аз ин, «Тоҷикфилм» ва филмофарони ватанӣ рисолати хешро аз даст надода, филмҳои зиёди гуногунжанрро таҳия ва наворбардорӣ намуданд, — мегӯяд роҳбари маркази такмили ихтисос, тарҷума ва дубляжи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм Малоҳатхон Абдуллоева. — Кинематографистони тоҷик алҳол бо ҳамкасбони хориҷии худ фаъолона ҳамкорӣ намуда, дар кинофестивалҳои байналмилалии кишварҳои мухталиф иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо мегарданд. 
Сипас дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо кормандони муассиса мулоқот сурат гирифт. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён доир ба ҳамкориҳои бесобиқаи кинематографистони Тоҷикистону Ӯзбекистон маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои ҳамкориҳои дӯстона дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла фарҳангу санъат рӯз ба рӯз густариш меёбанд.
Ҳамзамон, доир ба ҷараёни омодагӣ ба таҳияи филми муштараки таърихии «Дурахши ахтарон», ки ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар тимсоли Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шудааст, доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори китобхонаи ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Сӯфизода маълумоти муфассал дод.

«Ҷомӣ ва Навоӣ» — рамзи дӯстӣ ва ҳамкории синамогарони ӯзбеку тоҷик
 
Қайд кардан ҷоиз аст, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 июни соли 2021 ҳангоми боздид аз вилояти Суғд дар Қасри Арбоб иброз дошт, ки: “Дар арафаи сафари мо ба Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом ёфтанд. Ба фикрам фурсати аз нав ба роҳ мондани беҳтарин анъана ва ҳамкориҳои ходимони кинои ҳар ду кишвар фаро расидааст. Ман дирӯз ба бародарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтам, ки орзуеро дар дил  мепарварам.
Ҳоло мехоҳам орзуямро ба шумо гӯям, ки он дар экранҳои кино дидани филми бадеӣ бахшида ба дӯстии байни халқҳои мо, аз ҷумла дӯстии байни Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ мебошад! 
Бигузор ҷавонон донанд, ки  мо чӣ қадар решаҳои қадимии дӯстии амиқ ва таърихӣ дорем”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ин пешниҳоди Шавкат Мирзиёевро бо камоли майл дастгирӣ кард.
Баъд аз ин пешниҳод дар байни Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Ёддошт оид ба наворбардории филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба имзо расид ва аз ҳисоби олимон, таърихшиносон, адабиётшиносон, адибон, киношиносон, драматургон гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. 
Барои амалӣ намудани ин иқдом муаллифони сенария Рустам Ҷабборов аз Ӯзбекистон,  Сафар Ҳақдодов аз Тоҷикистон ва коргардонҳои филм Юсуф Раззоқов аз Ӯзбекистон ва Файзулло Файз  аз ҷониби Тоҷикистон интихоб шуданд.
Зикр бояд кард, ки ҳоло матннома ё сенарияи филми мустанади «Ҷомӣ ва Навоӣ»-ро гурӯҳи эҷодии иборат аз намояндагони ду кишвар омода кардаанд ва коргардони маъруфи фаронсавӣ Люк Бессон ба ҳайси мушовир барои ин филм даъват шудааст. 
Умед дорем, ки  филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» дигарбора ба рамзи дӯстӣ ва ҳамкории синамогарони ӯзбеку тоҷик табдил меёбад.
Сипас мо бо студияи сабт, танзимгоҳҳо ва дигар утоқҳои кории Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш”, ки бо дастгоҳҳои навтарини техникаи соҳаи телевизионии наворбардорӣ, танзим ва пахши барномаҳо муҷаҳҳаз гардонда шудааст, шинос шуда,  дар толори Муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори умум”-и Тоҷикистон, ки дар ҳамин бино ҷойгир шудааст, бо журналистони варзидаи  воситаҳои ахбори оммавӣ, телевизиону радиои Тоҷикистон мулоқоти хотирмон баргузор кардем. 
Дар оғози мулоқот директори Муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори умум” Саъдӣ Исматзода ҳайати моро ба Тоҷикистон иброз дошт, ки бо шарофати ташаббусҳои наҷиби роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон робитаҳои ду давлат ба марҳилаи нав баромаданд. Ин раванд аз рушди дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар шаҳодат медиҳад.
Раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров  баромад карда, иброз дошт, ки мо ҳангоми сафар дар  Тоҷикистон ин кишварро хеле зебову дар ҳоли гул-гулшукуфоӣ дарёфтем.  Бо кормандони рӯзномаҳое, ки ба забони ӯзбекӣ чоп мешаванд, суҳбат оростем. 
Сазовори эътироф аст, ки дар сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя афзалият дода мешавад, бахусус муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун торафт вусъат меёбанд. Дар ҳақиҳат халқҳои ӯзбеку тоҷик ҳаммонанди  ду шохи як дарахт ё ду шохоби як дарё ҳастанд. 
Дар Ӯзбекистон ба далели ҳурмату эҳтироми ҳукумат ва Президент ба тоҷикону тоҷикзабонони ҷумҳурият таҳти муассисии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Сенати Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзномаи “Овози тоҷик” ва дар шаҳри Самарқанд таҳти муассисии Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд рӯзномаи “Овози Самарқанд” ба табъ мерасанд. Рӯзномаҳои чандин шаҳру ноҳияҳо саҳифаҳои тоҷикӣ доранд.  Дар шабакаҳои телевизион ва радиои марказӣ ва ҳудудӣ бо забони тоҷикӣ барномаҳо намоиш дода, гуфторҳои радио пахш карда мешаванд. 

Баёнгари эҳтирому қадршиносӣ

Вақте сухан дар бораи дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик меравад, пеши назарамон муносибати бародаронаи ду симои бузург – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳазрати Алишер Навоӣ падид меояд. Муносибати ин ду шахсият барои халқҳои ӯзбеку тоҷик намунаи ибрат мебошад.
Имрӯз ба ифтихори ду мутафаккири бузурги тоҷику ӯзбек – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар мавзеъҳои зебоманзари Душанбе ва Самарқанд пайкараҳо гузошта шудаанд. Ҳамаи ин аз ҳусни эҳтирому қадршиносии аҳли фарҳанги халқҳоямон далолат медиҳад.
Сипас, пиёда ҷониби Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ», ки дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, роҳ пеш гирифтем. Тазаккур бояд дод, ки боғи мазкур бо мақсади абадӣ гардондани хотираи шоир ва мутафаккири бузурги  ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ дар майдони 2,23 гектар, мувофиқи талаби замон ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст.
Дарахтони ороишиву ҳамешасабз, аз қабили магнолия, кипарис, ардач, клион, сиквой ва ғайра, ҳамчунин гулу буттаҳои рангоранг ба ҳусни боғ ҳусну зебоии беназир бахшидаанд. 
Бояд зикр кард, ки он  дар асоси Амри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Низомиддин Алишер Навоӣ» номгузорӣ шуда, дар он ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек муҷассамаи мутафаккирони барҷастаи ин ду миллати бо ҳам дӯсту ҳамсоя Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ гузошта, онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли 1918-ум ифтитоҳ карда буданд.
Мо ба хотири арҷгузорию эҳтиром ба ниёкони хеш ва гиромидошти хотираи неки ин ду абармарди таърихӣ дар пояи муҷассама гулу гулдастаҳо гузоштем.

Маҷмӯи “Кохи Наврӯз”– мӯъҷизаи муосир

Воқеан, таърифу тавсифи “Кохи Наврӯз”-ро борҳо шунидаву хонда, то ҳол ба диданаш муяссар нашуда будем. Имрӯз туфайли сафар ба Тоҷикистон, ки бо даъвати Иттифоқи журналистони ин ҷумҳурӣ сурат гирифт, ба тамошои ин мӯъҷизаи санъати меъмории классикиву замонавӣ муваффақ шудем.
Маҷмӯи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Он бо ғояву ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳё ва рушди таъриху тамаддуни ғанӣ ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик бунёд гардида,  аз 5 ошёна иборат аст ва масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад. Кох бо санъати волои ҳунармандони тоҷик  —  гаҷкорӣ, оинабандӣ, наққошӣ, кундал, кандакорӣ, сангтарошӣ, чӯбкорӣ оро ёфтааст. 4 айвончаи тобистона ва фаввораҳои рангаи хурду бузург ба бино шаҳомати хосса мебахшанд.
Маҷмӯъ бо шакли тоҷ бино ёфта, таҷассумгари тоҷдорӣ, сарбаландӣ, соҳибдавлатии миллати тоҷик мебошад. 
— “Кохи Наврӯз” аз 15 толори хурду бузург иборат аст. Дар ошёнаи якум бо масоҳати 916 метри мараббаъ толори “Дидор” ҷойгир аст, ки инъоми соҳибкорони тоҷик мебошад. Зеро бо кумаку дастгирии соҳибкорон сохта шудааст. Шифти толор  бо дастони сеҳрофарини ҳунармандон   пурра бо чӯб кандакорӣ гардида,  деворҳояш гаҷкорӣ ва шишабандӣ шудаанд. Дарҳои толор барои мардум ҳамеша боз аст. Онҳо метавонанд, дар ин ҷо тӯю тантанаҳои худро баргузор намоянд, — мегӯяд роҳбалади Маҷмӯи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» Барно Раҷабова.   
“Гулистон” бузургтарин толор маҳсуб ёфта,  пурра бо чӯб ороиш ёфтааст. Ҷозибаи махсуси сутуну дарҳои зебои он касро моту маҳбут мекунанд.
Толори “Аржанг” комилан аз  санг сохта шудааст.  Дар толор  сангҳои  қиматбаҳои сарзамин, амсоли лоҷуварду  лаълу ёқут, яшми сабз, мармари сафеду сурх ва ғайра истифода шудаанд.
Толори “Зарандуд” бо санъати оинабандӣ дар омехтагӣ бо гаҷкорӣ ва бо маҳорати баланди ҳунармандӣ ороиш ёфта, дар он низ аз сангҳои гуногуни ороишӣ истифода бурдаанд. Он аз калонтарин толорҳои маҷмӯъ ба ҳисоб рафта, 1000 метри мураббаъ масоҳат дорад. Қутри қандиле, ки дар он мавҷуд аст, 10 метр ва баландияш 22 метр буда, зиёда аз 6 ҳазору 700 килограм вазн ва 1 600 чароғаку ва технологияҳои махсусе доранд. 
Маҷмӯи “Кохи Наврӯз” ҳамчун мӯъҷизаи муосир ба феҳристи “8 мӯъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай” ворид шудааст.
–Ҳеҷ гоҳ аз тамошои  санъати меъморӣ то ин дараҷа мутаассир нашуда будам. Нақшҳои дар девору толорҳои дар кох истифодашуда воқеан ҳунару маҳорати миллати тоҷикро ифода намудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон аз замонҳои қадим ҳунарманду фарҳангдӯст буда, ба касбу ҳунари аҷдодӣ арҷ гузоштаанд, — мегӯяд сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳуррият» Абдурасул Ҷумъақулов.

Маҷмӯи “Истиқлол”– рамзи истиқлолу озодӣ

Маҷмӯи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе манзили навбатии боздиди мо гардид. Қайд бояд кард, ки Маҷмӯи «Истиқлол» низ бо дастуру ҳидояти Президенти мамлакат  дар шафати хиёбонҳои Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Саид Носир сохта шудааст. 
Баландии он 121 метр буда, қисми поёнии маҷмӯъ 30 метр – рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр аст, ки тимсоли соли дастёбӣ ба  Истиқлолро ифода менамояд. Он ҳамчун рамзи дарахти ҳаёт сохта шуда, дар қисмати болоиаш  тоҷи қутраш 8 метра дорад, ки таҷассуми давлатдорӣ, истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунии тоҷикон аст. Сутуни дарахти ҳаёт то ба боло ҳамчун шабеҳи навдаи дарахт печидааст. Аз ҷумла, “дарахти ҳаёт” бо реша, тана ва шохаҳои он рамзи зиндагии ҷовидона ва сарсабзию устувории ҳаёт, тоҷпоя — тимсоли пойдору устувор ва бардавом нигоҳ доштани тоҷ, ҳафт гунбази гирдогирди муҷассама бошад, таҷассуми  рамзи 7 қабати замину осмон, 7 иқлим, 7 ранги асосии табиат ва 7 зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсониятро ифода менамоянд.
Атрофи маҷмӯъро аз берун  чаҳордаҳ деворнигора иҳота намудааст, ки таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик, вобаста ба марҳилаҳои таърихӣ бо аксу рамзҳо таҳти унвонҳои гуногун тасвир ёфтаанд. Деворнигораҳо бо унвонҳои мухталиф аз қабили “Каюмарс ва Ҷамшед ҳамчун шоҳи аввалини ақвоми ориёӣ, шиносоӣ бо китоби Авесто”, “Ба сари қудрат расидани Куруши Кабир ва муттаҳид намудани сарзаминҳои ориёӣ”, “Муборизаи Спитамен бо Искандари Мақдунӣ”,  доир ба се давлати абарқудрати аҷдодӣ – Ашкониён, Кушониён, Сосониён, Деваштич, давлатдории «Тоҳириён ва Саффориён”, Сомониён, дастовардҳои фарҳангии як марҳилаи тӯлонии таърихи ниёкон бо нишон додани акси китобу катибаҳои асримиёнагӣ ва намунаи санъату ҳунар, шоирону адибон аз Абдураҳмони Ҷомӣ то Аҳмади Дониш, доир ба шаҳрҳои бузурги таърихии тоҷикон, сохтмонҳои бузурги давраи истиқлолият ва дастовардҳои замони истиқлолият маълумот медиҳад.
Дар ошёнаи дуюми маҷмӯъ осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст.
Таваҷҷуҳи моро дар ин осорхона тахти рамзии шоҳ Исмоили Сомонӣ ба худ ҷалб сохт, ки пурра бо усули миллӣ ороиш ва кандакорӣ шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки тоҷи дар болои тахт гузошта аз тиллои тозаи истеҳсоли Тоҷикистон сохта шудааст. Тоҷро  сангҳои қиматбаҳо, аз қабили алмос, ёқути кабуд, тилло ва тиллои сафеду  лаъли Бадахшон зинат медиҳанд. 
Мавриди тазаккур аст, ки ошёнаи 14-ум  аз ҷойи ҷолиби маҷмӯъ мебошад. Дар ин ҷо барои тамошои шаҳр  дар шакли доира чаҳор дурбини калонҳаҷм гузошта шудаанд.

Шерпӯлод ВАКИЛОВ.
ТОШКАНД – ДУШАНБЕ – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: