Ба шаҳрванди 60-сола шаҳодатномаи таваллуд ва шиноснома супурда шуд

Маҳмадалӣ Бобоҷонови нурободӣ дарду азоби надоштани ҳуҷҷати расмӣ ҳамчун шаҳрванд ҳатто дар синни 60-солагӣ хуб дарк мекунад.

Бар асари ташвишҳо ва мушкилоти дигар ӯ на шаҳодатномаи таваллуд ва на шиносномаи тасдиқкунандаи шахсияташро гирифтааст.

Дар доираи иқдоми қонунии «Ҳеҷ кас бе ҳуҷҷат намемонад» ин мушкили шаҳрванди 60-солаи сокини маҳаллаи «Сахоба», ки аз маркази ноҳия 120-километр дур воқеъ гардидааст, ба рӯйхат гирифта, баӯ ёрии амалӣ расонида шуд.

Дар шуъбаи САҲШ-и ноҳия ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷамъ карда шуда, аввал шаҳодатномаи таваллуд дода шуд. Сипас, дар ин замина барои гирифтани ID-карта мусоидат карданд. Дар доираи як лоиҳа шаҳрванд соҳиби ду ҳуҷҷат гардид. Дар зиндагии ӯ як гардиш рӯй медиҳад: Маҳмадалӣ Бобоҷонов метавонад ҳамчун шаҳрванд расман аз тамоми ҳуқуқу имкониятҳо истифода барад.

Барои маълумот, дар доираи ин иқдом дар 574 муассисаи томактабии вилоят бо роҳбарии Раёсати адлияи вилояти Самарқанд тафтиш гузаронида шуда, дар натиҷаи он маълум гардид, ки 1284 нафар шаҳрвандон ҳуҷҷат надоранд. Ба 892 нафари онҳо ҳуҷҷат дода шудааст. Бар замми ин, ба тариқи сайёр 1125 хидмати давлатӣ расонда шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: