Роҳбарони Ўзбекистон ва АМА аҳамияти минбаъд вусъат додани ҳамкории гуногунҷанбаро қайд намуданд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 март бо Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳаён гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлатамон Президент Шайх Муҳаммад Ол Наҳаёнро бо рӯзи таваллудаш самимона табрик гуфта, саломатии бардавом ва шукуфоӣ, дар фаъолияташ комёбиҳои бузург, ба мардуми дӯсти аморат сулҳу оромӣ ва шукуфоӣ таманно намуд.

Сарони ду кишвар ҳамчунин ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон барои тамоми ҷаҳони ислом якдигарро самимона табрик карданд.

Сатҳи олии кунунии ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Аморат бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд.

Дар охири соли 2023 ҳаҷми савдои мутақобила 20 фоиз афзуд. Дар Ӯзбекистон зиёда аз 300 корхона бо иштироки сармояи аморат фаъолият мекунанд, портфели лоиҳаҳои муштарак аз 4 миллиард доллар гузашт. Ба ғайр аз ин, дар чунин соҳаҳо, аз қабили технологияҳои баланд, энергетика, геология, кишоварзӣ, сайёҳӣ, IT, инфрасохтор, логистика ва дигар  соҳаҳо лоиҳаҳои истиқболнок таҳия мегарданд.

Тайёрии тарафайн ба вусъат додани ҳамкории амалӣ дар ҳамаи соҳаҳо тасдиқ карда шуд. Аҳамияти бодиққат омода кардани рӯзномаи мулоқотҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ таъкид шуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: