МЕВАВУ САБЗАВОТИ ӮЗБЕКИСТОН БРЕНДИ ҲАҚИҚӢ – ТАМҒАИ МОЛИИ ДОРОИ ЭЪТИБОРИ БАЛАНД

Дар сафорати кишварамон дар Чин суҳбати «мизи мудаввар» бахшида ба иқтидори иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарони беш аз 20 ширкату ташкилоти бузурги чинӣ, ки дар соҳаи савдо, нақлиёт, логистика, электроника, истеҳсолот, энергетика, кишоварзӣ, хидматрасонӣ ва сайёҳӣ фаъолият доранд, иштирок карданд.  
Ба иштирокчиёни суҳбати «мизи мудаввар» дар бораи муҳити соҳибкорӣ, имкониятҳо барои сармоягузорони хориҷӣ, мероси бойи таърихию фарҳангии Ӯзбекистон, тадбирҳои амалӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла содагардонии расмиёти раводид маълумот дода шуд.
Ҳозирон ба қулайиву имтиёзҳое, ки дар кишвари мо барои субъектҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони хориҷӣ фароҳам оварда шудаанд, саъю кӯшиш оиди дастгирии онҳо баҳои баланд доданд.
Президенти  «Beijing Belt & Road Coope-rative Community» Хуа Хан қайд кард, ки Чин ва Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳо ҳамкориҳои муассир ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар чаҳорчӯби ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ду кишвар рушди муносибатҳоро дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика идома медиҳанд.
Директори генералии «E-to-China.com (ETCN)» Ху Сун  гуфт, ки нақш ва нуфузи Ӯзбекистон дар рушди иқтисоди минтақа меафзояд ва татбиқи босуръати ташаббуси «Роҳи абрешими рақамӣ» иқтисодиёти давлатҳои минтақаро тағйир медиҳад. Вай таъкид кард, ки ширкати ӯ омода аст бо шарикони ӯзбекистонӣ дар ин замина ҳамкорӣ кунад.
Ба гуфтаи директори генералии департаменти равобити байналмилалии «Optima Integration Group» Ян Бинбин, меваю сабзавоти Ӯзбекистон ба бренди воқеӣ – тамғаи молии дорои нуфузи баланд табдил ёфтаанд ва ин маҳсулот рақобатпазиранд. Ба гуфтаи ӯ, ин ширкати чинӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хидмат мерасонад ва изҳори омодагӣ кард, ки дар оянда сабзавоту меваи Ӯзбекистон ба бозори Чин содир карда шавад.
      
АИ «Дунё»,
шаҳри ПЕКИН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: