МАҶАЛЛАИ БОНУФУЗИ “FORBES” ӮЗБЕКИСТОНРО БА РӮЙХАТИ ҶОЛИБТАРИН САМТҲОИ САЙЁҲӢ ШОМИЛ КАРД

Яке аз мӯътабартарин ва маъруфтарин нашрияҳои иқтисодии ҷаҳон, маҷаллаи амрикоии “Forbes” дар бораи маконҳои аҷиби сайёҳии ҷаҳон, ки бояд дар соли 2024 дидан кунанд, мақолае нашр кард.

Нашрия Ӯзбекистонро яке аз беҳтарин маконҳои сайёҳӣ дар соли 2024 номида, ба хонандагонаш тавсия додааст, ки аз кишвари мо дидан кунанд. 
«Ӯзбекистон ёдгориҳои беҳтарини таърихии давраи Роҳи абрешим, инчунин кӯҳҳои боҳашамат ва пойтахти ояндадори Ӯзбекистон – Тошкандро пешкаш мекунад», – оварда мешавад дар мақола суханони ноиби президенти ношири дар ҷаҳон машҳури  раҳнамоҳои “Lonely Planet” Том Холл.
Дар матлаб ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои сафар ба манотиқи кишвар қатораҳои қулай ва арзон ба роҳ монда шудаанд. «Барои сайёҳони амрикоӣ ба Ӯзбекистон ҳафтае чанд парвози мустақим аз Ню-Йорк вуҷуд дорад. Ҳамчунин транзит тавассути Сеул ва Истанбул барои сайёҳон қулайӣ фароҳам меорад», – гуфта мешавад дар мақола.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 “Forbes” аллакай Ӯзбекистонро ба феҳристи 50 минтақаи беҳтарини сайёҳӣ шомил кардааст. 
Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи “Forbes” яке аз бонуфузтарин нашрияҳои иқтисодии ҷаҳон аст. Ин дуввумин маҷаллаи тиҷоратӣ дар Иёлоти Муттаҳида пас аз “Bloomberg Businessweek” бо теъдоди беш аз 900 ҳазор нусха аст. Маҷалла бо пажӯҳишҳои боҷуръат ва арзёбии воқеъбинона ба рӯйдодҳои ҷаҳони тиҷорат ва нашри рӯйхатҳо ва рейтингҳои мухталиф низ маъруф аст. Дар ҳар шумораи маҷалла зиёда аз 60 мақолаи таҳлилӣ дар бораи ширкатҳо ва роҳбарони эҷодии онҳо нашр мешавад. Шумораи умумии аудиторияи маҷалла дар саросари ҷаҳон тақрибан 5 миллион нафарро ташкил медиҳад.
     
     АИ «Дунё»,
ВАШИНГТОН

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: