«БУХОРОИ ШАРИФ», «ҶАВОНБУХОРИЁН» ВА «ҶАВОНАФҒОНҲО»

(Ё худ гуфтор аз муҳити зуҳур ва таърихи ғуруби рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ва замимаи ӯзбекии он - «Турон»)

Ёддошт. Аз аҳли сухан пӯшида нест,«Бухорои шариф», номи рӯзномаест, ки дар аҳди Бухорои амирӣ (11.03.1912) ба чоп расида, баъди нашри 153 шумора, якҷо бо замимаи ӯзбекиаш «Турон» баста шудааст. 
Эзоҳ. Ин ҷо, дар радифи «Бухорои шариф», ёдовар шудан аз нашри рӯзномаи «Турон»-и туркӣ рамзи рафоқати таърихии аҳли тоҷику туркро ифода мекунад, ки садсолаҳои пеш аз инқилоб ҳам дар қаламрави Мовароуннаҳр дар якҷоягӣ фарҳанги муштарак офарида, ба гулшукуфти Хуросони бузург саҳм будаанд, ки охирин далели таърихиаш арзи ҳастии тафаккури «Маорифпарварӣ», «Ҳаракати ҷадидия» ва дар ҳамин замина, падид омадани рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» бо замимаи ӯзбекии он — «Турон» хоҳад буд.
Гӯшзад. Ин мақола вақте ба чоп омода шуд, ки обуна ба «Овози тоҷик»,  агарчи мувоҷеҳ ба мушкилоти молист, давом дошт. Ҳамзамон ба ин умедворӣ ба ҷуз ҳамдастии муштариёни миёнаҳол, ба тоҷикони сарватманди кишвар, ҳанӯз намурдааст. 
Зеро, ҳеч кадом рӯзнома бидуни дастгирии муштариёнаш наметавонад зинда бимонад. Саргузашти «Бухорои шариф», ки бобокалони «Овози тоҷик» ба шумор меояд, ба ин гувоҳ аст. Зеро ин рӯзнома дар номусоидтарин шароити сиёсию иҷтимоии замони амирӣ, туфайли саъю талош ва хароҷоти сарватмандони  маорифпарвар ба дунё омада, ҷонбахши тафаккури ҷомеа шудааст. 
Агар дигархелтар баён шавад, савдогарони ҳамонвақта аз сафарҳои худ дар мамлакатҳои хориҷӣ тафаккури тоза овардаанд. Чунончӣ, фикри ислоҳи усули таълим ба ҳадде аз китоби «Муаллими аввал»-и Гаспиралии тотор сарчашма гирифта бошад, ҳаракати «Ҷавонбухориён»-и навҷӯ аз ғояҳои «Машрутахоҳӣ»-и Маҳмуди Тарзӣ ва фирқаи «Ҷавонафғонҳо» илҳом гирифтааст. 
Маҳз бо ташаббуси тоҷикони озодфикр – ҷадидони Бухоро, ба майдон омадани рӯзномаи «Бухорои шариф», яке аз ҳақиқатҳои таърихи мост. Ҳомиёни нашрия низ равшанфикрон – аъзои ҳаракати Ҷадидия будаанд, ки ҳангоми кам шудани шумораи муштариён одамони камбизоати рағбати мутолиадоштаро аз ҳисоби худашон ба рӯзнома обуна карда, умри рӯзномаи тоҷикии Аморат ва замимаи туркии он «Турон»-ро андак дароз кардаанд, ки шоистаи ситоиш аст.
Ба ин нисбат  Устод Айнӣ  бо ифтихор исми шарифи сарватмандони ҳангоми таъсис ва дар ҷараёни обуна фаъолият нишондодаро сабти таърих кардаанд. Аз ҷумла, номи Нарзуллобой, Яъқуббой, ки пули обунаи 150 нафар шогирдони мадрасаро пардохта буданд. (Номи дигарашон дар ҷойи дигар зикр мешавад.)
  Шукри Худованд, замони амирӣ дигар буду замони кунунӣ – дигар. Мо дар Ӯзбекистони Нав умр ба сар мебарем. Дар ин айём, тоҷикони сарватдор, соҳибкорони пулдор, соҳибони заводу фабрика ва дигар корхонаҳои сердаромад, назар ба сарватмандони тоинқилобӣ, ба маротиб зиёданд. Аммо, хунукназариашон, ба кори обуна, аз пастравии шууру ғурури миллии онҳо гувоҳӣ медиҳад, ки ниҳоят таассуфовар аст. 
Баъзе аз онҳоро мешиносам, дар замони Советӣ, соҳибкори одӣ ва ё фурӯшандаи мағоза, ҳатто роҳбари идораҳои ҳизбу давлат буданд. Як қисмашон онҳое мебошанд, ки бо амри тасодуф гӯем, ё зайли замона аз даричаи  ба ном: «азхудсозии амволи давлатӣ» (ки баъди пошхӯрии СССР «приватизатсия» ё ки «прихватизатсия» мегуфтанд) бо як «ҷаҳиш» соҳиби мулку амвол шуданд. Онҳое, ки бо тасодуф ғанӣ шудаанд, қоидаҳои шаръии даромаду баромад ва эҳсонро намедонанд. Аз ин тоифа тоҷикони корчаллон, вале забонгумкарда, бӯйи умед нест. 
Чанд сол пеш ба зиёда аз 50 нафар тоҷики тошкандӣ, бо мактуби расмӣ муроҷиат кардаем, ки барои ташкил намудани ансамбли ҳунарӣ, курсҳои забони тоҷикӣ, бо Маркази мадании тоҷикони пойтахт – «Ориёно» ҳамкорӣ карда, ба ривоҷу равнақи расму оини тоҷикӣ, анъанаҳои миллии мо мусоидат намоянд, маъракаи обунаи «Овози тоҷик»-ро муташаккилона гузаронем. Зеро рӯзнома, далели ҳастии миллат аст.
Мактуби мо ба номи ҳар як тоҷики сарватманди тошкандӣ махсусу мушаххас буд ва боз ҳар кадом аз очерк камӣ надошт. Афсӯс, ки аз яке садое набаромад, ҷавоби савоб наёфтем. Тарбузи бовари ману дӯсти ҳамкорам, ҷонишини раиси «Ориёно» –  Муродҷон Мақсудови соҳибкор аз бағалҳо афтиду пора-пора шуд! Ҳайҳот!
Муроҷиатҳоямон, ҷиҳати таъмини марказ бо «офис», ба идораҳои боло низ  самар надод. «Ориёно» то ҳол идора надорад, обунаи «Овози тоҷик» ҳам бо ҳар ду по мелангад. Тоҷикони супермаркетдор, хӯҷаини «ҳотел»-ҳои вадаванги бисёрошёна... дар хоби ғафлатанд, ба худашон овора... 
Аё дӯст! Аз ман ҳаргиз маранҷ, ки озори касеро мақсад накардаам. Зеро камина дар сояи сабр, бо оҳи модари ғамдида бо азоби ятимӣ, дармондагию бекасӣ дар замони сталинӣ сабзидаам. Сухан дониста мегӯям.
Гуфтанӣ ҳам нестам, ки Худованд ба додам расид. «Волга» савор будам. Онро ба ивази маошам гирифта, лаҳзае аз худ нарафтаам. Зеро, бо ёди падари мадрасадида, аммо бадарғашуда, ки ҳангоми сесолагиам бо сад алам падруди зиндагӣ кардааст, зистам. Бо ёдкард аз бобои пиёда ҳаҷрафтаи худ, ки солҳои бист  хонаи худро «мактаби ҷадид» сохтааст, иқтидори рӯҳонӣ мегирифтам. Аз иморати гунбаздори бобою падарам, ки ба номи «батрак»-ҳои собиқ гузаштааст, то ба қарибӣ хабар надоштам, модари ғамгусор аз гуфтанаш метарсид. 
Ҳуҷраи танги иҷорагиро дуди дили модарам гарм мекард. Сабру таҳаммули модар, меҳри беҳамто, умеду орзуҳои модари муштипар ба ман  умри дароз бахшид. Аз рӯзгор наменолам. Аммо аз нисбати забони худ бе фарқ будани тоҷикон дилам месӯзад... 
Хулоса ин аст: китоб бояд хонд, аз таърих ва аз ҳолу аҳволи «Овози тоҷик» огаҳ шуд, ба дарди замон ва забон дармон бояд ҷуст! То дар ҳошияи таърихи миллат аз худ нишоне бимонем.
Мо дар арафаи «гузариш» ба сохтори нави иҷтимоӣ, ба умеди эъмори ЭҲЁ – Ренессанси ҷадид кору пайкор дорем. Чаро ба таърихи гузашта бо чашмони кушод назар намеафканем, ки ченаки дороии одамон на ҳамеша бо моли дунё будааст.
Назар ба навиштаи файласуфи немис Адам Метс дар аҳди Сомониён, меъёри дороӣ аз рӯйи сарвати маънавӣ, бо теъдоди китобҳое, ки дар хонадон ҳаст, мушаххас мешудааст. 
Пас, рӯзнома бедоргари афкор, пули васлгар, миёни халқ ва ҳокимият, даркушои илму маърифат, оинаи ҳастии миллат буду ҳаст.  
Масъулияти амонатнигаҳдории  забони пурғановатеро, ки Худованд ба мо ато кардааст, қонунеро, ки ҳукумати Ӯзбекистон мақбул медонад, бояд қадр кунем. То ояндагон ба қадри мо бирасанд. Тавре ки имрӯз мо номи таъсискунандагони рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро ба некӣ вирди забон мекунем. 
Рӯзномаи «Бухорои шариф» ҷавонмарги таърих аст, он ҳамагӣ 6 моҳ умр дид. Аммо бо ин ҳама ғӯрамаргӣ тухми маърифат кошт. Баъди тавқифаш муғҷаҳои он дар Самарқанд гул кушоданд. Мо табъу нашри маҷаллаи тоҷикии «Шӯълаи инқилоб»-ро дар назар дорем, ки бо ибтикори Саидризо Ализода (1887-1945) рӯйи кор омада, тӯли солҳои 1919-1921 бо теъдоди 4000 нусха чоп шуду аз Самарқанд то ба Русия, Эрону Қафқоз, Ҳиндустон, Туркия ва Афғонистону давлатҳои арабӣ доман паҳн кард. 
Ализодаи самарқандӣ васлгари афкори тоҷику ӯзбек буд. Мавсуф ба сифати ҷонфидои забону адабиёти тоҷик, бобати рушди матбуоти ду халқ хидматҳои шоён кардааст. Барои шогирдони макотиби тоҷикию ӯзбекӣ китобҳои дарсӣ навишта, бо маблағи шахсӣ мактаб кушода, бе пул дарс додааст. 
Рӯзномаи «Зарафшон» ва маҷаллаи «Оина» низ бо ташаббуси Ализода ва дар ҳамкорӣ бо Беҳбудӣ дар Самарқанд чоп шуда, дар мазрааи маърифат, на камтар аз «Бухорои шариф» тухми савод кошт. Ҳамзамон ин нашрияҳо, дар симои устод Айнӣ, муштарак будани тафаккури тоҷикию ӯзбекиро дигарбора собиту муҷалло намуданд.  
Бояд гуфт, ки агар дар саҳнаи таърих падид омадани «Бухорои шариф» мисли офтоби тобон дар зимистон ба мардум гармӣ бахшида бошад, тавқифаш боиси рӯҳафтодагии рӯшанфикрон шудааст. Ба таъбири устод Айнӣ, ин ду ниҳоле, ки дар бӯстони халқ нав ба самар омада буд, бо табари зӯри ҷаҳолат аз реша бурида шуд. (Мирзоҷалоли Юсуфзода дар муддати як ҳафта аз хоки Бухоро берун карда шуд.)
«Бухорои шариф» ҳамчун рӯзномаи замони нав муштариёнашро аз тозатарин навигариҳои олами илму дониш, фарҳанг, сиёсат мунтазам хабардор ва афкори оммаро бедор кард, ба ҳаракати «Ҷавонбухориён»-и ислоҳотчӣ қуввату мадор бахшид. «Меҳмон» шудани «Сироҷ-ул-ахбор»-и Маҳмуди Тарзӣ дар саҳифаҳои «Бухорои шариф» далели равшани ин фикр аст.
Маҳмуди Тарзӣ шахсияти донишманд, воридгари ислоҳот дар сохтори давлат, вазири корҳои хориҷаи Афғонистон буд. Амир Амонуллохон Маҳмуди Тарзӣ низ  ба Маскав омада, ҳамроҳӣ карда аз ғояҳои баландпарвози ленинии «истиқлолияти миллӣ», «озодии занон», «иттиҳоди пролетарҳои ҷаҳон» огаҳии комил дошт. Ба ин асос номи ӯ ба сифати тарғибгари тафаккури навин (прогрессивӣ), пайрави  «Машрутахоҳон» (истиқлолхоҳон), таъсисгари фирқаи «Ҷавонафғонҳо» мондагори таърих шудааст. 
Афсӯс, ки муаррихон дар бораи равобити миёни «Ҷавонафғонҳо» ва «Ҷавонбухориён» кам навиштаанд. Маълумот оид  ба саҳми Маҳмуди Тарзӣ дар инкишофи журналистикаи тоҷик, алоқааш бо рӯзномаи «Бухорои шариф»  ноқисанд. 
Оё ошноии дерина, пайванди қадимаи забонӣ, ягонагии маънавияти тоҷикони ду соҳили дарёи Ому, тайи асрҳои пеш, ки замоне Хуросон ном дошт, сабаб нашуд, ки билохир дар «Бухорои шариф» рӯзномаи «Сироҷ-ул-ахбор» ба «меҳмонӣ» омад? Чаро баъди Инқилоб қишре аз рӯшанфикрони мо  рӯ ба Афғонистон  ниҳода буданд? Шахси фирорӣ ҳаргиз ҷониби душмани худ намеравад? 
Аз таърихи суқути давлати Амонуллохон ва сари қудрат омадани Ҳабибуллохони тоҷик, ки «Таърихи Афғонистон» ӯро бо номи «Бачаи сақав» («машкоб» – обкашон) паст мезанад, чӣ медонем? Ва ҳол он ки Амир Ҳабибуллои мавсуф дар таърих ягона сарлашкаре маҳсуб мешавад, ки душманаш (Амонуллохон ва аҳли рикобаш)-ро маҳв накард, аз Қандаҳор роҳ кушод, токи онҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ аз хоки Афғонистон берун раванд. Аз саъю талоши ӯ барои иттиҳоду иттифоқи тоҷикон, нафақат паштунҳои ғосиб, ҳатто Ленин ба ларза омада буд! 
Узр, бармегардем ба  «Бухорои шариф». Ин рӯзнома гӯша (рубрика)-ҳои алоҳидаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, тиббӣ дошт, ба дарди ҳама тоифаи «дардманд» даво меҷуст. Дар гӯшаи «Ҳифзи сиҳат»-и он 30 мақолаи илмию амалии адиби соҳирқалам ва табиби ҳозиқ – Мирзо Сироҷи Ҳаким ба табъ расидааст. Мирзо Сироҷ, барои аз байн бурдани касалиҳои вабо, ришта, чечак барин бемориҳои сирояткунанда саҳми калон дорад, Соли 1910 дар Бухоро, бо усули нави табобати урупоӣ шифохона сохтани ӯро ҳамзамононаш воқеаи таърихӣ хондаанд. (Манбаъ: тадқиқоти Пайванди Гулмурод, Нуъмонҷон Ғаффоров). 
Баста шудани «Бухорои шариф» ва замимаи туркии он – «Турон» пеш аз ҳама баҳонаи сиёсӣ, сипас асоси иҷтимоӣ (норасоии маблағ) доштааст. Зеро маводи мунташирааш мустамликадорони  русиро, ки аз воқеаҳои сиёсии Афғонистону дигар мамолик бохабар буданд, ба таҳлука андохт.  Амири Бухоро, дар сухан «ислоҳоти мактабу маориф» гӯяд ҳам, дар сояи «Оқпошшо» сарват ҷамъ мекард, ҳаққу ҳуқуқи сиёсӣ дар дасти мустамликадорони русӣ буд. 
Аз ин ваҷҳ, амири вақт, дар ибтидо худашро тарафдори «ҷадидон» вонамуд карда, дар охир ба онҳо таҳдиду зӯроварӣ карда, бисёрии ислоҳталабонро қатл кардааст (ба шумули қозикалон – Садри Зиё ва писари ӯ, ба зиндон партофта 75 дарра задани Айнӣ). Иддае аз «ҷадидон» роҳи гурез пеш гирифта ҷон ба саломат бурдаанд, ки Абдурауфи Фитрату Файзулло Хӯҷаев дар ҳамон ҷумла буданд.
Шакке надорем, яке аз сабабҳои кӯтоҳумрии «Бухорои шариф» ин бисёр набудани шумораи одамони босавод мебошад, ки алалоқибат теъдоди обуначиён кам шуда, аз норасоии маблағ рӯзнома мувоҷеҳ ба касодӣ шудааст. 
Аз рӯйи маълумоти коршиносон ибтидои кори рӯзнома муваффақона будааст. Он гоҳ обрӯ ва таъсири рӯзнома дар байни халқ хеле афзуда, ба афкори омма сахт таъсир расонда, сафи ислоҳотхоҳонро зиёд кардааст. Талабот барои «макотиби усули нав» (ҷадидия) ба маротиб афзуда губернатор ва Амир Олимхонро ба ташвиш овардааст.
«Мулло Насриддин» куҷою «Бухорои Шариф» куҷост?» Маълумотҳо ҳокӣ аз онанд, ки маҷаллаи «Мулло Насриддин», ки дар шаҳри Боку чоп шуда дар Бухоро паҳн мешуд, ҳанӯз дар соли 1906, дар яке аз шумораҳояш нимҳазлу нимҷиддӣ хабаре дарҷ карда будааст, ки аҳли Бухоро ба нашри рӯзномаи форсӣ омодагӣ мегиранд ва номи он «ҒАФЛАТ» хоҳад буд. 
Ҷони гап дар он, ки барои рӯйи об баровардани ин мақсади наҷиб ҷадидони маорифпарвари Бухоро хеле зиёд кӯшидаанд. Онҳо бо матбуоти Боку, бо идораи нашрияҳо, бо фирқаи «Ҷавонафғонҳо»-и Кобул алоқа доштаанд. Дар ин ҷода саҳми Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877-1914) ва Мирзо Муҳиддини тоҷир бештар аз дигарон будааст. 
Ин ду тан, аз равшанзамирон, дар доираи адабии ду даҳсолаи аввали қарни нуздаҳ, аз мафкураи Аҳмад Махдуми Дониш баҳравар шуда, дар қатори Айнӣ (1878-1954), Мунзим (1875-1934), Ҳамдӣ (1875-1937), Фитрат (1886-1938), Беҳбудӣ (1875-1919) чун ситораҳои тобнок дар осмони тираи фарҳанги  Бухоро нурпошӣ кардаанд.   
Аз рӯйи шаҳодати манбаъҳо ғояи ислоҳ кардани тарзи таълим дар мактабу мадрасаҳои Бухоро, ки алҳол ба ҳаракати ҷадидон нисбат медиҳанд, зотан, баъд аз сафарҳои Аҳмади Дониш ба Петербург, дар ҳайати корпуси дипломатии ҳукумати амирӣ падид омадааст. Дар Ӯзбекистон мавриди баррасӣ ва тарҷума қарор ёфтани  осори Аҳмади Дониш, ба ҳамин маънӣ бошад ҳам сифатҳои барафрӯзандагии шамъи маърифат, дар шабистони Бухоро чандон муҷалло наметобад.  Чунонки, на ҳама таърихдонҳо мақоми Аҳмади Дониш, хидматҳои Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода барин пайвандгарони ду адабиёт ва ду миллатро сазовор арзёбӣ менамоянд. Рӯзе аз дидани канали телевизионии «Таърихи Ӯзбекистон» ба ҳайрат омадам, ки шореҳ дар камолоти маънавии Мунаввар Қории ҷадид таҳсили ӯро дар Бухоро камсамар вонамуд мекард, токи мақоми пойтахти ҳозира аз мартабаи маркази пешина боло намояд. 
Дуруст, ҳар се давлати Осиёи Миёна (Бухоро, Хоразм ва Қӯқанд) дар мақоми як губернияи Русия буд, онҳоро «Генерал-губернатории Туркистон» идора мекард. Аммо мақоми мадрасаҳои Бухоро, назар ба дигар марказҳо болотар меистод. Инро манбаъҳо собит кардааст.
Руҷӯъ. Ба сифати як соярӯшании Бухорои амирӣ метавон илова кард, ки «Сиёсат тавассути одамон интиқол меёбад». Русҳо ҳам ба ин ақида амал карда, бо баҳонаи овардани хати Роҳи оҳан, инчунин, ба қасди азхуд кардани заминҳои бекорхобидаи Мирзочӯл баҳри ободии Туркистон (дар асл, барои пур кардани хазинаи «Оқпошшо») бисёр шаҳрвандони худро ба ин сарзамини пурнеъмати шукуфо муқимзист карда буданд, ки дар байни ин тоифа «меҳмонҳои нохонда» аз хонадони императорӣ, генералҳои қаттол низ буданд. Изи пояшон то ба ҳол барҷост.
Шарҳу баёни инро аз топоними «Черняевка»-и наздики Тошканд  (ба номи генерали хуношом Черняев); собиқ «Шаҳраки Велики» (мухаффафи Великий Алексеевский) ҳозира шаҳри Бахти вилояти Сирдарё. Ба ҳамин монанд, номи генерал Скобелев дар шакли «Искобул», номи генерал Обручев дар стансияи наздики Ҷиззах, дар шакли «Обурчӯб» дар харита набошад ҳам, дар ёди мардум боқӣ мондааст. Лекин, таърих нек ё бадро, фаромӯш намекунад.  
Таърих гувоҳ, то таъсиси газетаи «Бухоро шариф» тоҷирони босаводи маҳаллӣ бо давлатҳои Афғонистон, Туркия, Ҳиндустон, Эрон, кишварҳои арабӣ, шаҳрҳои Русия, Қафқоз равуо барқарор карда, дарк намуданд, ки матбуот доруи ҳушёркунандаи дарди ғафлатзадагист. Ин буд, ки ҷадидон ҷавонони болаёқатро барои таҳсил ба хориҷа роҳӣ кардаанд. 
Назар ба ёддошти устод Айнӣ, аз тоифаи тоҷирони равшанфикри Бухоро, бо ташаббуси Мирзо Муҳиддин Мансуров ва Мирзо Сироҷи Ҳаким, ки ҳамнафас бо «Ҷавонбухориён» буданд, ба ин фирқа бародарон Муҳиддин Махдуму Абдуносир Махдум, Мирзо Иззатулло, Фазлиддин Махдум, Ғафурзода, Аминҷон Махдуми Зиёӣ, Мирзо Назрулло, Мирхон Порсо, Хоҷа Абдусаттор, Порсохоҷа Ҳасанхоҷа, Ҳоҷӣ Ҳамроҳ, Нарзуллобой, Мирзо Мустафоқул, Бӯрибой, бародарон Мирзоазиму Мирзоабдуқодир Муҳиддиновҳо, Абулқосим Махдуми Обидзодаро ҷалб карда, бо ҳамин васила «Бухорои Шариф»-ро ба дунё меоранд, ки онҳо ҳангоми обуна гаҳвораҷунбон шуданд.
Кушоиши гиреҳ. Таърихи таъсис. Ҳаллу фасли масъалаи чопи рӯзнома  расман вобаста ба амир бошад ҳам, бе ризоияти сафорати Русия  номумкин буд. Барои ҳалли мавзӯъ Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷ  ба сардори заводи пахтаи Когон муроҷиат карда, кафолати молии нашрияро, ҳамчун «таъсискунанда» тақозо мекунанд. Ҳамзамон ба ин, таври шифоҳӣ мефаҳмонанд, ки нашри рӯзнома ба ривоҷу равнақи алоқаҳои мадании Русия ва Бухоро мусоидат карда, савдои пахта ва дигар маҳсулоти мавриди эҳтиёҷи ҳар ду мамлакатро вусъат хоҳад дод. Алалоқибат хазинаи завод бештар даромад мегирад. 
Мактуб ва нақли даҳонакии Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷи русидон ба директори завод ва ба сардори матбааи Когон, Левии яҳудӣ маъқул мешавад. Ин буд, ки намояндаи ваколатдори ҳукумати Русия дар Бухоро А.Я. Миллер (9.03.1912) ба номи амир мактуб содир карда, оиди зурурати таъсиси рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» дархост мекунад. Баъди се рӯз (11.03.1912) шумораи аввалинаш аз чоп мебарояд. 
Тааҷҷубовар аст, ки дар басти сармуҳаррир на Мирзо Сироҷ ва на Мирзо Муҳиддин Мансуров, балки маорифпарвари озарӣ, аз маҷаллаи «Мулло Насриддин» Мирзоҷалол Юсуфзода пазируфта шудааст. 
Сарфи назар аз ин, рӯзномаи навзоди тоҷикӣ дар як муддати кӯтоҳе ба минбари ҳақиқии ҷадидони Бухоро, чароғи равшангари рӯзгори тираи фуқарои аморат табдил ёфтааст. Тараққихоҳони замон, ба мисли Айнӣ, Фитрат, Беҳбудӣ, Мирзо Ҷалол, Мунзим, Мирзо Сироҷ тавассути «Бухорои шариф» ба тарғибу ташвиқи худшиносӣ, бедории рӯҳӣ, фарогирии илму дониш пардохта, комёбиҳои беназир ба каф меоранд. Дар натиҷа, баҳрабардорӣ аз тибби замонавӣ ҷоннок мешавад, зербинои забони рӯзнома, ки на мураккаби адабӣ ва на содаи кӯчагӣ бояд бошад, тарҳрезӣ мешавад. Чунонки ҳамзамони мо, нависандаи зарринқалам – Адаш Истад забони газетаро забони «миёна» меномад. 
«Бухорои Шариф» андаке камтар аз 6 моҳ умр дид. Аммо чашми мардуми ғафлатзадаро боз намуд, забони тоҷикиро сайқал бахшида тавонист, зимни таъсиси нашрияи «Турон», ҳамчун иловаи рӯзномаи тоҷикӣ, муштаракул-манофеъ будани «як халқи ба ду забон мутакаллим»-ро исбот, фазилати тоҷиконаро рӯнамо кард. 
Интишори достони Абдурауфи Фитрат бо унвони «Фарёд» чун нидои ҳузнангез, дуди дили тоҷиконро то ба фалак расонд, драмаи «Падаркуш», мақолаҳои Беҳбудӣ оид ба усули нави таълим (ҷадидӣ) то ба ҳол дорои аҳамият боқӣ монд. Ин ва садҳои дигар маводи мунташира «Бухорои шариф»-ро дар таърих барҳақ шарифтар ва табаррук намудааст.

Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти шоистаи Ӯзбекистон,
раиси Маркази мадании тоҷикони Тошканд «Ориёно».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: