2 март Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба муҳокимаи вазифаҳои афзалиятноки низоми таълими халқ машварат баргузор кард.
2 март Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба муҳокимаи вазифаҳои афзалиятноки низоми таълими халқ машварат баргузор кард.
Роҳбари давлат аз рӯзи оғози фаъолияти худ дар мансаби Президент мушкилоти вобаста ба кадрҳо ва амалан дар тамоми соҳаҳо вуҷуд доштани талабот ба мутахассисони замонавиро, ки ба суръати кунунии ислоҳот ҷавобгӯ бошанд, борҳо таъкид кардааст.
Бо ин мақсад тамоми низоми таълим куллан такмил дода мешавад. Таълими томактабӣ инкишоф меёбад. Бо назардошти таҷрибаи байналхалқӣ ва талаботи кунунӣ сифати таълими миёнаи умумӣ баланд бардошта мешавад.
Тӯли се соли охир дар мамлакат беш аз 160 мактаби таълими ҳамагонӣ бунёд гардиданд. Муассисаҳои замонавӣ, таълими инноватсионӣ, аз қабили мактабҳои президентӣ, мактабҳои махсус, ки ба шарафи олимони бузург гузошта шудаанд, мактабҳои эҷодӣ, мактабҳои «Темурбеклар мактаби» таъсис ёфтанд. Баробари ин тӯли се соли охир музди меҳнати омӯзгорон ба ҳисоби миёна 2,5 баробар зиёд карда шуд. Барои омӯзгороне, ки дар ноҳияҳои дурдаст кор мекунанд, иловапулиҳо ҷорӣ гардид.
26 ноябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қарор «Дар бораи чораҳои таъсис додани «Мактабҳои замонавӣ» имзо гузошт. Дар ҳуҷҷат самтҳои асосии то соли 2021 ба «Мактабҳои замонавӣ» табдил додани на камтар аз 3 фоизи муассисаҳои таълими умумӣ, то соли 2025-ум 20 фоиз, то соли 2030-юм 50 фоизи онҳо дар назар дошта шудааст.
Ҳамаи ин давраи нахустини ислоҳсозии соҳа дар пешомади миёна ва дарозмуҳлат гардид.
Президент дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис моҳи январи соли равон зарурияти такмил додани барномаҳои таълими мактабиро дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, таҷдиди назар кардани дарсҳои таълимӣ ва фанҳои омӯхташаванда, ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ сохтани онҳо, баланд бардоштани сифати китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимиро таъкид намуд. Роҳбари давлат вазифаи беҳтар кардани таъминоти моддиву техникии мактабҳо, истифода бурдани технологияҳои замонавии таълимиро дар ҷараёни таълиму тарбия ба миён гузошт.
Дар машварат масъалаҳои сохтмони мактабҳои намунаи нав ва давра ба давра бозсозӣ кардани мактабҳои мавҷуда, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон баррасӣ шуданд.
Алҳол аз 9942 мактаби мавҷуда 2835-тоашон ба таъмир эҳтиёҷ доранд, дар 5861 мактаб бинобар зиёд будани миқдори хонандагон таълим дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Соли равон бунёд кардани 36 мактаби нав ва аз таъмири асосӣ баровардани 211 маърифатгоҳ пешбинӣ гардидааст.
Ба Вазорати сохтмон супурда шуд, ки бинои мактабҳоро дар асоси комёбиҳои замонавии меъморӣ бо истифода аз технологияҳои пешқадами сарфакунандаи энергия бунёд кунад.
Машғулоти амалӣ дар лабораторияҳо бобати гирифтани таълими босифат нақши муҳим мебозанд. Вале алҳол дар 683 кабинети физика, 897 кабинети кимиё ва 901 кабинети биология лабораторияҳои таълимӣ вуҷуд надоранд. Таҷҳизоти 7807 кабинети физика, 7776 кабинети кимиё ва 7770 кабинети биология куҳна шудаанд. 62 ҳазор синф бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин нест, 7 ҳазор компутер намерасанд. Вобаста ба ин бо таҷҳизоти нав таъмин кардани лабораторияҳои мактабӣ ва афзун кардани миқдори машғулот дар онҳо тақозо мегардад.
Ба вазоратҳои таълими халқ ва молия супурда шуд, ки таҷҳизоти мактабҳоро аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхта бароянд ва онҳоро бо лабораторияҳои замонавӣ, техникаи компутерӣ, инвентарҳои варзишӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин намоянд. Зарурияти инкишоф додани навгониҳои ҳаётӣ ҳангоми омӯзондани фанҳои дақиқ ва пурзӯр кардани эътибор ба машғулиятҳои интерактивӣ таъкид шуд.
Дар мактабҳо барои машғулоти амалӣ оид ба фанҳои математика, кимиё, физика ва биология танҳо 10 фоизи вақти таълим ҷудо карда шудааст. Дар кишварҳои пешқадам ин нишондиҳанда 30-50 фоизро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин дар назди вазоратҳои таълими халқ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо вазифаи васеъ истифода бурдан аз технологияи рақамӣ, зиёд кардани саҳми машғулиятҳои амалӣ дар барномаҳои таълимии оид ба фанҳои дақиқ гузошта шуд.
Дар машварат ба масъалаҳои баланд бардоштани дониш ва ихтисоси кадрҳои педагогӣ эътибори махсус дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар ҷараёни аттестатсияи соли гузашта, ки дар он тақрибан 57 ҳазор омӯзгорону мураббиён иштирок доштанд, 43 фоизи онҳо баҳои паст гирифтанд, нишондиҳандаи миёна оид ба ҷумҳурӣ бошад, мувофиқи низоми 100 холӣ 64 холро ташкил дод.
Бобати такмил додани низоми баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон, нав сохтани таъминоти услубӣ супоришҳо дода шуданд.
Зарурати бо адабиёти бадеӣ таъмин кардани мактабҳо, мазмуну муҳтавои нав додан ба дарсҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар синфҳои ибтидоӣ ба мақсади тарбия намудани фарзандони солиму аз ҷиҳати маънавӣ комил таъкид шуд.
Шахсони масъул доир ба масъалаҳои дар машварат баррасишуда маълумот пешниҳод карданд.
ӮзА.