ҲАМКОРИҲОИ БЕЛАРУС ВА САМАРҚАНД ТАҲКИМ МЕЁБАД

Дар Тошканд Форуми II байниминтақавии Ӯзбекистон – Беларус баргузор шуд.

 Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов қайд кард, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт миёни минтақаҳои ду кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин, масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ бо губернатори вилояти Гроднои Беларус Владимир Караник низ ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.
— Вилояти Самарқанд минтақаест, ки бо фаровонии сарватҳои табиӣ — тилло, волфрам, гранит, мармар ва дигар маъданҳои фоиданок, ҷорӣ намудани технологияи нав, ноил гардидан ба самаранокӣ ва барои гирифтани фоидаи максималӣ молики аҳамияти махсус мебошад, — гуфт Э. Турдимов. — Аз ин рӯ, мехоҳам як қатор самтҳои устувор ва ояндадори ҳамкории иқтисодиро қайд намоям.
***
Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов мулоқоти ректори донишгоҳ, узви Сенати Олий Маҷлис Рустам Холмуродов бо вазири таълими Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс баргузор гардид. 
Дар музокираҳои муштарак масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаҳои таълим, пажӯҳишҳои амалӣ ва фундаменталӣ, ки барои ҳар ду ҷониб муҳиманд, инчунин, роҳандозии табодули устодону донишҷӯён муҳокима гардиданд.
Ректорони муассисаҳои таълими олии Беларус, ки иштирок доштанд, омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд изҳор карданд.
Дар анҷом Рустам Холмуродов ва ректори Донишгоҳи давлатии Брест созишномаи ҳамкорӣ имзо намуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: